“Хатари ҷанубӣ” — аз Амир Олимхон то ДОИШ

04 июля 2019
2520
Муаллиф: Rushnoi.org

“Хатари ҷанубӣ”–е, ки Русия солҳо ба ин сӯ мехоҳад дар зеҳнҳои умум дар Осиёи Марказӣ ҷой кунад, афсона аст ё воқеият? Мо – шоҳидони зиндаи ҳаводиси 30 соли ахир — хеле зиёд аз хатари “Толибон”–у “Ал-қоида” ва ҳоло гуруҳи худхондае ба номи ДОИШ шунидаему мешунавем. “Рӯшноӣ.org” низ дар гузашта ба ин мавзӯъ руҷӯъ карда буд. Аммо таҳқиқи фаротаре нишон медиҳад, ки ин нигарониҳо Кремлро як аср ба ин сӯ машғул медоранд.

31 августи cоли 1907 миёни Русу Инглис дар шаҳри Санкт–Петербург созишномае ба имзо расид, ки бар асоси он, қаламравҳои нуфузи ду абарқудрат дар Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ таъйин шуд. Осиёи Ҷанубӣ ба Бритониё монд, Осиёи Марказӣ ба Русия. Афғонистон ба як кишвари ҳоил ё бетараф табдил ёфт, ки ду императориро аз ҳам ҷудо мекард. Ҳамин тавр, ба “Бозии Бузург” – рақобати қариб садсолаи Русу Инглис хотима дода шуд.

Сад соли дигар гузашт. Ҳаводиси ин давра нишон медиҳад, ки ҳарчанд ду императорӣ созиш карданд, ҳарду, баъдтар ворисони онҳо бозиро идома доданд ва он то имрӯз идома дорад. Русия ҳамоно вазифаеро, ки Пётри Кабир гузошта буд — расидан ба “обҳои гарм” — дар барномаи амал дорад ва инглисҳову вориси онҳо – Амрико ҳавои шикори хирсҳо дар Сибирро дар сар мепарваранд.

Аз “Бозии бузург” ва рақобати қудратҳо дар минтақаи мо зиёд гуфтаву навиштаанд. Ин матлаб дар бораи “хатари ҷанубӣ”, ривояти наву куҳнаест, ки далели қотеъе барои ҳузури Русия дар Осиёи Ҷанубиву Марказӣ буду ҳаст. Муаллиф онро дар панҷ марҳала баррасӣ мекунад, ки унвонашон шартан ба ин қарор аст: 1) “Ҷиҳод — босмачигарӣ”; 2) “Ҷиҳоди афғон”; 3) “Ҷангҳои ҷануб”; 4) Мусалласи “Толибон – “Ал-қоида” – Покистон”; 5) ДОИШ.

 

I

“ҶИҲОД – БОСМАЧИГАРӢ”

Хатаре ки бо як ҷаҳиш аз Ому ба Осиёи Миёна гузараду аз гиребони Русия дар қаламравҳои таҳти нуфузаш гирад, пас аз фирори охирин амири манғитӣ – Олимхон ва суқути Бухоро – “Рими ислом”, яке аз бузургтарин марокизи исломӣ ва шаҳри ифтихороти мусулмонон ба вуҷуд омад.

Сайид Амир Олимхон 5 апрели соли 1921 сарзамини Бухороро ба қасди Афғонистон тарк гуфт. Бухоро охирин кишваре буд, ки ба дасти русҳои болшевик суқут кард. Амонуллоҳхон, шоҳи Афғонистон, ба амир Олимхон паноҳгоҳи сиёсӣ дод.

Ҷанг барои Бухорои Шариф

Суқути Бухороро уламои дини Афғонистон бо дарду хашм пазируфтанд. Онҳо Амонуллоҳро таҳти фишор гирифтанд, то барои “наҷоти Бухорои Шариф” иқдом намояд. Амонуллоҳ ки бо Инглис дар як ҷанги дигар дар Вазиристони Шимолӣ даргир буд, хароб кардани муносибати худ бо давлати навпои Шӯравиро маслиҳат намедонист.

Шоҳи афғон ҳарчанд ба сафири Шӯравӣ дар Кобул тааҳуд супурда буд, ки дар умури Хива ва Бухоро дахолат нахоҳад кард, ба сафири Инглис гуфта буд, ки агар Бритониё истиқлоли Бухороро ба расмият бишносад, Афғонистон аз он истиқбол мекунад.

Амонуллоҳ пас аз суқути хилофати усмонӣ дар сар орзуи як хилофати ҷадиди худро мепарварид. Ӯ мехост кори Инглисро яксара кунад, баъд ба суроғи русҳо равад. Аммо натавонист сабр кунад. Таҳти фишори руҳониён маҷбур шуд дигаргуна амал кунад.

Худи Олимхон дасти кӯтоҳ дошт. Ӯ ҳатто иҷоза надошт, ки қалъаи худ дар Кобулро тарк кунад. Танҳо коре, ки анҷом дод, таъйини Анварпошшои турк ба маснади фармондеҳи кулли “нерӯҳои муҷоҳидини Бухоро, Хива ва Туркистон” буд. Дар ин робита ӯ ба “муҷоҳидин”–и Осиёи Марказӣ паём фиристод, ки ба Анварпошшо итоат кунанд.

Амонуллоҳ ниҳоят ба ин натиҷа расид, ки “муҷоҳидин”–ро кӯмак кунад. Вақте соли 1921 Анварпошшо ба Кобул омад, ӯ бо Амонуллоҳхон мулоқот намуд. Шоҳи афғон ба ӯ як кӯмаки хоксоронаи молӣ карда, ӯро дигарбора ба Осиёи Миёна фиристод. Ӯ мустақилона ва бидуни Олимхон як бозии худро дар Осиёи Миёна шурӯъ кард.

Маскав аз вазъ таъбири дигар дошт. Сарони Кремл бар ин буданд, ки пушти таҳрикот Инглис қарор дорад. Истихбороти Шӯравӣ бар ин буд, ки Амонуллоҳхон бидуни мувофиқаи Инглис наметавонист Анварпошшоро дастгирӣ кунад, зеро худи ӯ муҳтоҷи пулу аслиҳа буд. Ҷосусони Шӯравӣ гузориш медоданд, ки “тарокуми бузурги неруҳои афғонӣ дар марз дида мешавад, ки ин нерӯҳо муташаккил аз 16 пултан (гуруҳ) ҳар як шомили 600-700 сарбози пиёда, даҳ ҳазор савора ва тӯпанд”. Николай Кокорин, фармондеҳи неруҳои Бухоро дар авоили соли 1922 ба Маскав гузориш дод, ки аз Афғонистон ду гуруҳ аз довталабон ба теъдод 140 (бино ба гузориши дигар, 300) нафар бо туфангҳои англисӣ барои кӯмак ба Анварпошо ба роҳ афтоданд (Аз китоби “Чашми дуввуми таърих”, Раззоқи Момун).

Даъвати амири Бухороро даҳҳо қурбошии хурду бузург дар Бухорои Шарқӣ лаббайк гуфтанд ва бо Анварпошшо ҳамроҳ шуданд. Ӯ 8 ҳазор сарбоз дошт, ки аз ӯзбекҳо, тоҷикон ва довталабони афғон (ки дар манобеъи шӯравӣ, гуфта мешавад, аз сӯи Ҳабибуллоҳи Калаконӣ раҳбарӣ мешуданд, аммо ҳеч санаде мувассақ дар ин бора нест), иборат буданд. Анвар моҳи феврали соли 1922 Душанберо аз болшевикон озод кард. 19 майи соли 1922 аз ҳукумати Шӯравӣ тақозо намуд, ки аз қаламрави Бухоро хориҷ шаванд.

Он сол як қиёми саросарии “босмачиён” Самарқанду Фарғонаро низ фаро гирифт. 16 июни соли 1922 юриши Анвар дар Бухоро шикаст хӯрд. Болшевикҳо Душанберо дубора пас гирифтанд. Аз ҳамон замон артиши Анварпошшо ба пошхӯрӣ шурӯъ кард. Фармондеҳонаш як-як роҳи худро аз ӯ ҷудо мекарданд. Ниҳоят ӯ бо як теъдоди ками ҳамразмонаш ба Кӯлоб ақиб нишаст, то бо муттаҳиди аслиаш — Давлатмандбий пайванданд.

Бино ба навиштаи таърихнигори маъруф Камол Абдуллоев, он замон, ки Анвар бо болшевикҳо меҷангид, дар ақибгоҳи ӯ миёни лақайҳо бо раҳбарии Иброҳимбек ва дигар ақвом – тоҷикон, туркҳо, қирғизу туркманҳо таҳти раҳбарии Давлатмандбий ихтилофоти зоталбайнӣ ба миён омад, ки дар ниҳоят ба даргирӣ печид. “Ҳамин тавр, лақайҳо бо ҷангашон алайҳи тоҷикону туркҳо, ба Анвар аз ақиб зарба заданд”, – менависад Абдуллоев.

 

Анварпошшо 28 июл дар Балҷувон бо иттифоқи Давлатмандбий, танҳо касе, ки то охир ба ӯ содиқ монд, кушта шуд. Муаллифи рус Михаил Силантев навиштааст, ки Анварпошшо яке аз раҳбарони маъракаи қатли оми арманиҳо буд ва қотили ӯ ҳам Яков Мелумов ё Акоп Мелкумяни арман, фармондеҳи сурх шуд…

Амонуллоҳхон пас аз шикасти “маъмурияти бухороӣ”–и Анварпошшо кӯмак ба “муҷоҳидин”-ро қатъ кард ва неруҳои афғониро аз Бухоро фаро хонд. Шахсан ба шимол омад ва ба Нодирхон, вазири дифояш (ки баъдтар ба қудрат расид) фармони қатъӣ дод, то дар умури Бухоро дахолат накунад. Абулхайр Панҷшерӣ, саркардаи онҳоро, ки Анварпошшо “Шайхулислом”–аш эълон карда буд, ба зиндон андохт.

Ҳамин тавр, даврони асосии муқовимати “нерӯҳои муҷоҳидин” бо русҳои болшевик ба анҷом расид. Аммо ду нафар – Ҷунайдхони туркман ва Иброҳимбеки лақай даст аз муқовимат барнадоштанд. Ҷунайдхон соли 1922 дар Эрон паноҳанда шуд, аммо гоҳ-гоҳ ба Ҷумҳурии Халқии Хоразм ҳамла бурда, барои русҳо дардисар эҷод мекард. Иброҳимбек соли 1926 ба Кобул омад ва мисли амир иҷозаи хуруҷ аз шаҳрро надошт. Ӯ аз Олимхон моҳона 1500 рупия ва аз ҳукумати Афғонистон 500 рупия ҳуқуқи бознишастагӣ мегирифт. Амалан онҳо дар ҳабси хонагӣ ба сар мебурданд.

Моҳи январи соли 1929 Ҳабибуллоҳи Калаконӣ, маъруф ба Бачаи Сақо, танҳо амири тоҷики Афғонистон, ба қудрат расид ва ба амири Бухоро истиқлоли амал дод. Фармондеҳони ӯ, назири Иброҳимбек, Шермуҳаммадбек (Кӯри Шермат), Ҷунайдхон, Фузайл Махсум ва дигарон борҳо дар дидорҳои рӯ ба рӯ ё тамосҳои хаттӣ амирро таҳрик медоданд, ки аз фурсат ва кӯмаки шоҳи нав истифода кунад. Амир даст ба кор шуд, аммо кор аз кор гузашта буд.

Ҷунайдхон худи ҳамон моҳи январ аз Эрон ба хоки Афғонистон гузашта, аз Ҳабибуллоҳи Калаконӣ пуштибонӣ кард ва ҳамлаҳояшро ба Туркманистони Шӯравӣ шурӯъ намуд. Ҳамлаҳои ӯ то соли 1933 идома ёфт, аммо дар ниҳоят ноком шуд. Ӯ соли 1938 дар Эрон бо орзуи азсаргирии “ҷиҳод” ҷон ба ҷонофарин супурд.

Фузайл Махсум моҳи апрели 1929 ба Қаротегин баргашт. Қисман ва муваққатан онро аз болшевикҳо озод намуд. Аммо болшевикон ба зудӣ ба суроғи ӯ расиданд ва ӯ дигарбора роҳи Афғонистонро пеш гирифт. Бино ба бархе ахбор, баъдтар ба Ҳиндустон рафт ва то охири умр имоми яке аз масҷидҳои шаҳри Агра буд. Шермуҳаммад, маъруф ба Кӯри Шермат, низ як муддат дар Афғонистону Покистон зиста, ниҳоят ба Туркия рафт ва соли 1970 ҷон ба Ҷонофарин супурд.

“Робин Гуди афғонӣ”

Иброҳимбек/акс аз ricоlоr.оrg

Аммо сарнавишти Иброҳимбек ба гунаи дигар рақам зада шуд. Дар авоили моҳи апрели соли 1929 Ҳабибуллоҳхон Олимхонро фаро хонда, хабар дод, ки Артиши Сурх бо раҳбарии Виталий Примаков, собиқ атташеи низомии Русия дар Кобул ва Ғулом Набихони Чархӣ, сафири Афғонистон дар Шӯравӣ ба Афғонистон ҳамла овардаанд. Тасмими роҳандозии ин амалиёт дар як ҷаласаи шабона миёни Сталин, Примаков ва Ғулом Сиддиқи Чархӣ, вазири корҳои хориҷии Амонуллоҳхон (1924-1927), бародари Ғулом Набии Чархӣ гирифта шуда буд. Ҳабибуллоҳхон аз Олимхон хост, то Иброҳимбекро ба кӯмаки Сайид Ҳусайн, бародархонда ва вазири дифоъи ӯ ба ҷанги русҳо ва ҷонибдорони Амонуллоҳ фиристад.

Сталин мехост Амонуллоҳхонро дар қудрат нигаҳ дорад, то Ҳабибуллоҳи Калаконӣ, пуштибони амири Бухорову “босмачиён” ва даъвогари нави озодии Бухорои Шариф аз “куффори болшевик” ҳукумат карда натавонад. Русҳо ба ҷуз ин муҳоҷирини Осиёи Миёна, бахусус, неруҳои Иброҳимбекро ҳадафи ҳамлаи худ қарор дода буданд. Онҳо муваффақ шуданд, неруҳои ҳукумати Афғонистонро шикаст дода, шаҳрҳои Мазори Шариф ва Тошқурғонро забт кунанд. Аммо охирҳои моҳи май, вақте Амонуллоҳхон фирор кард, русҳо ҳам бо талафоти чашмгире Афғонистонро тарк карданд, чун ин таҷовуз дар азҳони ҷомиаи ҷаҳонӣ бузургтар мешуд ва тобиши байнулмилалӣ пайдо мекард. Иброҳимбек моҳи августи ҳамон сол дастаи ҳазораҳои Ғулом Набиро шикаст дод.

Авзои дохилии Афғонистон низ бар зиёни Иброҳимбек кор мекард. 15 октябри 1929  Нодирхон вориди Кобул шуд ва 2 ноябр Ҳабибуллоҳхонро, ки ҳамагӣ 9 моҳ ҳукумат кард, ба дор кашид. Нодир Иброҳимбекро, ки миёни тоҷику ӯзбек ва туркманҳои шимоли Афғонистон, ба унвони ғозӣ ва ҳомии онҳо шӯҳрат касб карда буд ва эҳтимолан эҷоди як давлати мустақили қавмҳои Шимолро дар сар дошт, хавфи бузург медонист. Дарвоқеъ, қавмҳои бумӣ Иброҳимбекро таҳрик медоданд, ки тоҷикону ӯзбекҳоро аз “бандагии афғонҳо” озод кунад ва як давлати мустақил барпо созад, аммо Иброҳимбек посухи рад медод.

Нодир аз Иброҳимбек хост силоҳҳояшро ба замин гузорад, пули аз давлати пешин гирифтаашро баргардонад ва мисли амири Бухоро ба Кобул омада, дар хизмати ӯ дарояд. Аммо пешвои лақай ба ҳарфи ӯ гӯш надод. Вай гуфт: “- Силоҳҳои мо алайҳи Афғонистон нест. Ин силоҳҳо моли мост. Мо онҳоро дар ҷангҳо ба чанг овардаем”. Нодир хост аз тариқи Олимхон ба Иброҳимбек фишор ворид кунад, аммо пешвои лақай амирро низ гӯш накард. Ин талошҳо чанд бори дигар анҷом гирифтанд, вале натиҷае дар пай надоштанд. Муносибати амир ва фармондеҳаш барои ҳамеша қатъ шуд. Нодир мехост Иброҳимбекро низ мисли Олимхон дар Кобул ба ҳабси хонагӣ гирад.

Моҳи июни соли 1930 Артиши Сурх бори дигар ба шимоли Афғонистон ҳамла кард. Раҳбарии ин ҳамларо ҳамон Яков Малкумов ба ӯҳда дошт. Неруҳои ҳукуматии афғон бо ӯ муқовимат накарданд. Иброҳимбек ба ин натиҷа расид, ки ин ҳамла низ бо тавофуқи Нодир ва алайҳи муҳоҷирон амалӣ мешавад, аз ин хотир, бо онҳо даргир нашуда, ба куҳҳо паноҳ бурд. Русҳо пойгоҳҳои Иброҳимбек дар марз бо Шӯравиро тахриб карда, баргаштанд.

Нодир чун дид Иброҳимбек таслим намешавад, алайҳи ӯ нерӯ фиристод, ки аксаран аз паштунҳои қабоилии марз бо Покистон буданд. Дар таърихи Афғонистон ин ҷангро ба номи “ҷанги лақай” ёд мекунанд. Он моҳи июли 1930 оғоз ёфт. Иброҳимбек дар оғоз неруҳои Нодирро, ки асосан машғули ғорати тоҷикҳову ӯзбекҳо буданд, шикаст дод, аммо дар ниҳоят қурбошиҳояш ба азият ва ғорати мардуми бумӣ даст заданд, ки мӯҷиби пойин омадани обрӯву эътибори ӯ шуд. Бо ин вуҷуд, Нодирхон натавонист ӯро шикаст диҳад. Ӯ аз Инглис кӯмак хост. Инглисҳо пулу силоҳи фаровоне дар ихтиёри ӯ гузоштанд. Неруҳои Нодир таҳти фармондеҳии бародараш Шоҳ Маҳмуд моҳи феврали соли 1931 неруҳои фармондеҳи лақайро шикаст доданд.

Иброҳимбек ду маротиба афроди худро ба Сталинобод – пойтахти Тоҷикистон фиристод, то бо болшевикҳо муомила кунад, аммо посухи рӯшан нагирифт. Шоҳ Маҳмуд ӯро пайгирӣ мекард. Ин замон аз Эшони Халифа (Қизил Аёқ)–и туркман, раҳбари руҳонӣ ва пири тариқати нақшбандия дар Форёбу Ҷузҷон нома гирифт, ки ӯро даъват мекард, то ба Эрон фирор кунад. Иброҳимбек ба ӯ посухи рад дод. Эшони Халифа бар хилофи Иброҳимбек бо Нодир ва Олимхон тавофуқ кард ва худро аз ин махмаса наҷот дод. Ҳамин тавр, Иброҳимбек охирин муттаҳиди худро аз даст дод ва танҳо монд.

Вай дигар ҳеч далеле барои боқӣ мондан дар Афғонистон надошт. Муттаҳидонаш амиру пешвои руҳонии туркманҳо аз ӯ рӯ гардонданд, Нодир ба душмани ҷонаш табдил ёфта буд. Майли ӯ барои созиш бо русҳо обрӯи ӯро миёни ҳамразмон ва муҳоҷирин, ки ӯро “қаҳрамону ғозии шикастнопазир ва созишнопазир медонистанд”, поён бурд. Ҳамин тавр, “Робин Гуди афғонӣ” (“Sunday Times”, December 7, 1930) охирҳои марти соли 1931 ба Тоҷикистони Шӯравӣ баргашт.

Аммо дар ин сӯи Ому низ касе ӯро интизор набуд. Иброҳимбек як муддат дар қисматҳои Деҳнаву Қаротоғ бо неруҳои ҳукумати болшевикӣ вориди даргириҳо шуд. Ниҳоят шикаст хӯрду ба асорат афтод ва 13 апрели 1932 бо ҳукми додгоҳ эъдом шуд.

24 июни соли 1931 созишномаи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Афғонистон ба имзо расид. Бино ба он, ҳукумати Афғонистон муваззаф шуд, ки “босмачиён”–ро саркӯб кунад ва нагузорад, ки муҳоҷирини Осиёи Марказӣ алайҳи давлати Шӯравӣ даст ба коре зананд. Неруҳои афғон бо ҳамкории Артиши Сурх бақоёи “муҷоҳидин – босмачиҳо”-и Осиёи Миёнаро дар шимоли Афғонистон саркӯб карданд. Танҳо фармондеҳи Иброҳимбек – Утанбек — бо як дастаи хурд ба биёбон фирор кард ва дигар аз худ дарак надод…

“Ана, ин ҷост Бухоро!”

Марҳум Саид Аъзами Бухорӣ, набераи амир Олимхон ба муаллифи ин сатрҳо соли 2006 гуфт, ки давлати Шӯроҳо бо Нодиршоҳ сари сарнавишти амир Олимхон ба тавофуқи нав расиданд. Шӯравӣ уҳдадор шуд солона 500 ҳазор рубл барои будубоши амир Олимхон ва хонаводааш пардохт кунад. Аммо ба қавли набераи амир, аз ин маблағ танҳо 70 ҳазор рубл ба ӯ мерасид.

Амир Олимхон/акс аз википедиа

Ҳарчанд Амир Олимхон таҳти назорати шадиди ҳукумати Афғонистон буд, аммо муҳоҷирин дар Кобул созмони сиёсиеро таҳти унвони Наҳзати муҳоҷирини Бухоро ташкил доданд, ки ҳадафаш бозгашт ба ватан буд. Ин наҳзат ҳатто замони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ артиши 15 ҳазораеро дар шимоли Афғонистон созмон дод ва бо Олмони гитлерӣ тамос гирифт. Аммо ҳукумати Афғонистон ҳеч гоҳ ин иҷозаро надод, ки онҳо алайҳи давлати шӯравӣ вориди амал шавад.

Генерал Иброҳим Ҳорун аз бобояш нақли қавл кард, ки рӯзҳои охири умр амир Олимхон аз ақл бегона шуд. Ӯ атрофиёнашро маҷбур мекард, ки ӯро ба Бухоро баранд. Чун аз ҳад зиёд исрор мекард, наздиконаш ӯро пуштора карда, гирди қалъа мегардонданд ва боз оварда пеши дарвоза, ҷое, ки дӯст дошт нишинад, мегузоштанд ва мегуфтанд: “Ана, ин ҷост Бухоро!”

Он лаҳза Амир ором мегирифт. Табассуме олуда аз ғам дар лабонаш гул мекард, чашмонашро мепӯшад ва амиқ ба фикр фурӯ мерафт. Чиҳо аз сари ӯ мегузашт, худаш медонисту Худо.

Амир Олимхон 29 апрели соли 1944 даргузашт ва дар қабристони Шуҳадои Солеҳини Кобул хок шуд. Охирин рамзи “хатари ҷанубӣ” барои Шӯравӣ низ аз саҳна ҳазф шуд.

(Давом дорад)

 

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД