10 соли маҳбас барои паҳн кардани хабарҳои фейк

15 июля 2019
11113
Муаллиф: Rushnoi.org

Дар Сингапур қонуни нав оид ба мубориза бо хабарҳои фейк ба тасвиб расид. Акнун мақомот ваколати тоза кардан ва ё такмили муҳтавои мавод дар интернетро мувофиқ ба дидгоҳи худ, ба даст оварданд, агар ин хабаро мӯътамад напиндоранд.

Ба муаллифони фейк хабарҳо ҷазои ҷиддӣ таҳдид мекунад: онҳо метавонанд то 1 миллион доллари сингапурӣ ҷарима шаванд, ки баробар ба 753 ҳазор доллари амрикоист ё барои 10 сол равонаи зиндон мешаванд. Бисёре аз ҳуқуқшиносон мегӯянд, ки қонун ба озодии баён таҳдид мекунад. Намояндаҳои Фейсбук аз чунин ранг гирифтани кор дар ташвишанд. Тибқи ин қонун онҳо уҳдадоранд, ки хабари фейкро, ки дар пойгоҳашон нашр шудааст, оҷилан тоза намоянд. Агар ин корро сари вақт иҷро накунанд, шабакаҳои иҷтимоиро миллионҳо доллар ҷарима интизор аст. Аммо дар ҳукумати Сингапур бовар доранд, ки ин усули таъсигузор дар роҳи мубориза бо хабарҳои нодуруст мешавад.

Оё чунин қонун дар кишварҳои мо, умуман дар Осиёи Марказӣ муфид хоҳанд буд? Назарҳои худро дар шарҳҳо нависед.

манбаъ: Три.точки. Знай, что смотришь!

 

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД