Аз Кӯлоб то Кобул. Тоҷикистон дар Афғонистон чӣ нақш дорад?

22 июля 2019
1671
Муаллиф: Фахриддини Холбек

ИШОРА: Дар сабқати даҳҳо кишваре, ки дар Афғонистон ҳузур доранду “шарикони байнулмилаливу минтақаӣ” хонда мешаванд, бидуни шак, Тоҷикистон баранда аст.

Залмай Халилзод/акс аз Rеuters

Залмай Халилзод, фиристодаи хоси Амрико дар умури Афғонистон, яке аз чеҳраҳои таърихсози даврони мост. Ӯ танҳо мусалмонест, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба баландтарин мақомҳои давлатӣ расидааст — сафири ИМА дар Афғонистону Ироқ, як муддат намояндаи Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид буд ва ҳоло фиристодаи хоси Иёлоти Муттаҳида дар умури Афғонистон мебошад. Маъмурияти хоси ӯ ҳам расман овардани сулҳ ва хотима додан ба ҷанги 40–сола дар ин кишвари ҷангзадаву мазлум аст.

Халилзод қариб як сол ба ин сӯ аз пойтахт ба пойтахти кишварҳои Осиёву Амрикову Аврупо сафар мекунад, то сафи пуштибонони сулҳ дар ватани обоиашро афзояд. Ӯ дар Доҳа чандин давр бо Толибон ба музокира нишаст. Чун гуфта мешуд, калиди онҳо дар дасти Покистону Русия аст, чанд бор ба Исломобод ва як бор ба Маскав ҳам рафт. Бритониё, Белгия, Олмон, кишварҳои Халиҷ, Туркия, Ҳинд ва ғайра ҷуғрофиёи маъмурияти фиристодаи хоси Амрикоро такмил мекунанд.

Халилзодро ҷое “сарбози дигар дар “Бозии Бузург” унвон карда буданд, ки қариб 200 сол мешавад миёни Русу Инглис, ҳоло Амрико дар минтақаи мо ҷараён дорад. Ӯ ҳама ҷо аз сулҳ дар Афғонистон мегӯяд, вале ҳадафи аслие, ки ӯ пайгирӣ мекунад, ҳифзи ҳузур ва нуфузи Амрико дар ин кишвар ва дар умум Осиёи Марказӣ аст.

Вашингтон соли 2001 бо шиори “ҷанг алайҳи терроризм” вориди Афғонистону минтақа шуд. Ҳузуру нуфузи хеле муассир дорад, аммо барандаи ин ҷанг нашуд, ҳарчанд бозанда ҳам нест. Ҳоло талошҳояш бар ин аст, ки як иҷмои ҷаҳониро барои сулҳ дар Афғонистон ба вуҷуд орад, то аз ин роҳ нуфузу ҳузури худро ҳифз кунад. Халилзод, минҳайси пиёдагари аслии ин тарҳ, маҳз ба кишварҳое сафар мекунад, ки дар Афғонистон нақшеву нуфузе доранд.

Душанбе, пойтахти дуввум пас аз Тошканд дар Осиёи Марказӣ буд, ки фиристодаи хоси Амрико чанде қабл омад. Ӯ пас аз мулоқот бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон дар ҷамъи хабарнигорон гуфт: “Ҳеч кишварҳои дигар он қадар равобите аз нигоҳи таъриху забон надоранд, ки Тоҷикистону Афғонистон доранд. Тоҷикистон афғонҳоро хуб мешиносад. Равобите доштанд. Аз нуфуз метавонанд истифода кунанд. Ташвиқ кунанд инҳо ҳам афғонҳоро барои сулҳ. Ташвиқ кунанд ҳамсояҳои дигарро, ки ба тарафдорӣ аз сулҳ кор кунанд”.

Душанбе танҳо шаҳрест, ки фиристодаи вижаи Амрико ба тарҷумон ниёз надошт (ба истиснои Кобул, ки шаҳри ҷавониҳои ӯст ва ҳам Теҳрон, ки эҳтимолан ба далоили маълум ҳеч гоҳ нахоҳад рафт). Ӯ зодаи шаҳри Мазори Шариф аст. Бино ба бархе манобеъ, ҳарчанд паштун муаррифӣ мешавад, забони модариаш дарии тоҷикӣ аст, зеро аз модари тоҷик ба дунё омадааст. Касе ҳам ба пашту суҳбат кардани ӯро нашунидааст.

Ин тафсилот ба он хотир буд, ки бигӯем, Халилзод ҳам тоҷикону Тоҷикистонро хуб мешиносад. Аммо ӯ ҳамоно як дипломати амрикоист. Афғон ё паштун ҳам бошад, аз Амрико ва манфиатҳояш намояндагӣ мекунад, то Афғонистону қавмҳояш.

Аммо суханон ё ишораҳои ошкору пинҳони ӯ дар Душанбе чандин суолро халқ мекунанд, ки шояд муҳимтаринашон ин бошад: “Дипломати амрикоӣ кадом нуфузи Тоҷикистон дар Афғонистонро дар назар дорад?”

Дӯсту душман

Қабл аз ҳама, Халилзод ин воқеиятро хуб дарк мекунад, ки сулҳи Афғонистон аз мусолиҳаи тоҷику паштун – ду қавми бузурги ин сарзамин вобаста аст. Гулбиддин Ҳикматёр – раҳбари ҷиҳодии афғон дар аввалин ҷаласаи ҳизбаш дар Кобул гуфта буд: “Ҷанги Афғонистон ҷанги ду қавм аст”. Ӯ дақиқ ин ду қавмро ном нагирифт, аммо аз миёни даҳҳо қавми ин кишвар маълум буд, ки Ҳикматёр умдатарини онҳо — паштун ва тоҷикро дар назар дорад. Ӯ баъдтар таҳти фишори ҳамҳизбиёни ғайрипаштун ва интиқоду эътирозҳои шадиди ҳукумату ҷомиа аз гуфтаи худ даст кашид.

Бо ин вуҷуд, воқеияти нонавишта ин аст, ки сулҳи Афғонистон аз сулҳи паштуну тоҷик вобаста аст. Иштибоҳеро ҳам, ки амрикоиҳо аз оғоз муртакиб шуданд, маҳз нодида гирифтани ин воқеият буд. Як далели нокомии онҳо дар Афғонистон маҳз ин буд.

Бурҳониддин Раббонӣ

Ин қиссаро аз он шурӯъ мекунем, ки соли 1992 дар Афғонистон ҳукумати Бурҳонуддини Раббонии тоҷик сари қудрат омад ва Амрико аз он ҳимоят накард. Амрико-ку ба хайр, ҳатто Эроне, ки ҳамфарҳангу ҳамзабони Раббонӣ буд, на фақат аз ӯ ҳимоят накард, балки ҳазораҳои шиа таҳти раҳбарии Абӯалии Мазориро алайҳи ӯ басиҷ сохт. Амрико умури Афғонистонро ба ихтиёри Покистон супурд, ки паштунҳоро бо раҳбарии Ҳикматёр пуштибонӣ мекард. Ҳамин тавр, ӯзбекҳо таҳти раҳбарии Абдурашид Дӯстум, ки аз сӯи Туркияву Ӯзбекистон ҳимоят мешуд, низ алайҳи ҳукумати Раббонӣ даст ба кор шуданд.

Омадани Толибон ба қудрат дар Афғонистон муҳосабаҳои бузург дар Афғонистону минтақаро барҳам зад. То соли 2001 – замони вуруди амрикоиҳо ба Афғонистон – дар саҳнаи набард ду нерӯи собит ҳузур доштанд. Яке, Толибон, ки аз сӯи паштунҳо раҳбарӣ мешуд ва дигаре, Ҷабҳаи муттаҳид, ки умдатан ғайрипаштунҳо – тоҷику ҳазора, ӯзбекҳо ва қисме аз паштунҳои зиддитолибро муттаҳид мекард, аммо фармондеҳ Аҳмадшоҳ Масъуди тоҷик ва нерӯи асосӣ ҳам тоҷикон буданд.

Толибон намояндагӣ аз исломи ифротӣ мекарданд, ки Афғонистонро Аморати Исломӣ ва Мулло Умар — раҳбарашонро “амирулмуъминин” эълон карданд. Онҳо ба ҷуз афғонҳо, ифротиёни даҳҳо кишвар, аз ҷумла Русияву Чин, Саудӣ, Покистон ва Осиёи Марказиро таҳти парчами “Ал-қоида” муттаҳид карданд. Аз ин “халифаву хилофат” Амрикову Аврупо ва ҳампаймонҳояшон дар олами ислом – Покистон ва Саудиву дигар кишварҳои халиҷ ошкору пинҳон пуштибонӣ мекарданд.

Зиддитолибон ё Ҷабҳаи муттаҳид аз исломи мӯътадил намояндагӣ мекард, ки ҳеч хориҷие ба ҷуз худи афғонҳо дар сафи онҳо набуд. Онҳоро Русия, Эрон, Ҳинд, Эрон ва Тоҷикистону Ӯзбекистон пуштибонӣ мекарданд. Русияву Чин, ки дар ин таҳаввулот дасти Амрикоро медиданд, барои муқобила Созмони ҳамкориҳои Шонгҳойро таъсис доданд.

Аммо воқеият ин буд, ки пуштибонони зиддитолибон сиёсатҳои дугона доштанд. Русия, Чин, Эрон ва Ӯзбекистон бо Толибон низ тамосҳое барқарор карда буданд. Масалан, Замир Кобулов, намояндаи вазорати хориҷаи Русия (1996) ва Абдулазиз Комилов, вазири хориҷаи Ӯзбекистон (1999) бо Мулло Умар, раҳбари Толибон мулоқот анҷом дода буданд. Эрон дар Кобулу Ҳирот консулгариҳо дошт. Чин бо Толибон созишномаи тиҷоративу саноатӣ имзо кард (1999).

Танҳо ду кишвар – Ҳинд ва Тоҷикистон – ҳеч тамосе бо Толибон надоштанд ва пурра аз Ҷабҳаи Муттаҳид пуштибонӣ мекарданд. Аммо нақши Ҳинд ба далоили ҷуғрофӣ дар набард бо ифротиёни толибу “Ал-қоида” он гуна набуд, ки Тоҷикистон дошт.

Ин ҳам дар замоне ки Тоҷикистон худ ба ҷанги дохилӣ печида буд. Сулҳи тоҷикон агарчи истиқрори нисбии сиёсиро овард, кишвар ҳамоно дар як вазъи ногувори иқтисодӣ қарор дошт. Аммо Душанбе аланӣ аз Ҷабҳаи Муттаҳид пуштибонӣ мекард. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон он замон аз ангуштшумор роҳбароне буд, ки дар тамоми ҷаласаҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон мегуфт ва ҷомиаи ҷаҳониро даъват мекард, то ба ин кишвар таваҷҷӯҳ кунанд.

Фаҳими Даштӣ, яке аз наздикони Аҳмадшоҳи Масъуд, ба муаллифи ин сатрҳо гуфт, ки кишварҳои Шимол ҳарчанд ба нерӯҳои Масъуд силоҳу муҳимот, сӯзишворӣ, гандуму дигар маводи ниёзи ҷабҳаро мефурӯхтанд, дар интиқоли онҳо мушкил эҷод мекарданд, аз ҷумла корвонҳои икмолотӣ бидуни сабаб моҳҳо дар гумрукоти марзҳои ин кишварҳо дар мемонданд.

“Танҳо кишваре, ки ҳарими заминиву ҳавоиашро дар ихтиёри Ҷабҳа гузошт ва фирориёни ҷангро паноҳ дод, аммо барои онҳо аз созмонҳои байнулмилалӣ, тавре ки Покистон мекард, пул намегирифт, Тоҷикистон буд. Мо ҳеч гоҳ инро фаромӯш намекунем”,– мегӯяд Даштӣ.

Тоҷикистон танҳо равзанае буд, ки ҷаҳон метавонист бо Ҷабҳаи Муттаҳид тамос бигирад. Тамоми сафарҳои мақомоту рӯзноманигорони хориҷӣ ба Афғонистон аз тариқи Душанбе анҷом мешуд. Фармондеҳии Ҷабҳаи Муттаҳид аз фурудгоҳҳои Душанбеву Қӯрғонтеппа ва Кӯлобу Фархор бидуни мамониат истифода мекард. Захмиёни ҷабҳаро дар клиникаи хурде, ки дар Фархори Тоҷикистон аз сӯи Ҳинд сармоягузорӣ мешуд, тадовӣ мекарданд. Аксари раҳбарони ҷабҳа, аз ҷумла фармондеҳ Масъуд, хонаводаҳояшонро ба Душанбе кӯч дода буданд.

Душанбе дар умури Афғонистон он замон аҳамияти вижа дошт. Музокироти мақомоти хориҷӣ бо раҳбарони Ҷабҳаи Муттаҳид дар Душанбе баргузор мешуд. Муҳимтарин эъломияҳои Ҷабҳа аз Душанбе садо медоданд.

Аввалин тими амрикоӣ аз Маркази бин Лодани Созмони истихборотии Амрико (CIA) соли 1998 тариқи Душанбе ба Панҷшер рафт. Ин маҳз замоне буд, ки “Ал-қоида” ҷиҳодашро алайҳи Амрико эълон кард ва ба сафоратҳояш дар Кенияву Танзания ҳамлаи террористӣ анҷом дод (1998).

Пас аз 2001

Соли 2001 пас аз террори Аҳмадшоҳи Масъуд ва ҳамлаҳои Ню-йорк аввалин тамосҳои амрикоиҳо бо Ҷабҳаи Муттаҳид маҳз тариқи Душанбе анҷом шуд. Аммо пас аз озодии Кобул Амрико роҳашро дигар кард, на фақат роҳҳои икмолотӣ, балки сиёсиашро низ. Суқути Толибон ва боз шудани роҳҳои заминиву ҳавоӣ ба Афғонистон аҳамияти Тоҷикистонро минҳайси ягона равзанаи иртибот кост.

Ҳукумати Тоҷикистон бо ҳукуматҳое, ки пас аз соли 2001 бо пуштибонии Амрико дар Афғонистон сари кор омаданд, равобиташро бар пояи қонун ва урфи пазируфтаи байнулмилалӣ роҳандозӣ кард ва ҳеҷ гоҳ аз сиёсати дугона ё “пантоҷикӣ” кор нагирифт. Ҳеҷ як аз даҳҳо гурӯҳу созмон ва аҳзобе, ки дар Афғонистон фаъолиятҳои оддии сиёсӣ ва ҳам ифротӣ мекунанд, аз сӯи Тоҷикистон ё қаламраваш икмол намешаванд.

Афғонистони ормонии Тоҷикистон як Афғонистони босубот аст. Афғонистон ба ҷуз муштаракоти фарҳангиву забонӣ, динӣ ва таърихиву ҳамсоядорӣ, калиди тиллоӣ барои кушоишҳои нави иқтисодии Тоҷикистон аст. Ҳоло рушди иқтисоди Тоҷикистон бештар аз кишварҳои Шимолу Шарқ вобаста аст. Афғонистон роҳи амну наздики Тоҷикистон ба Ҷанубу Ғарб хоҳад буд. Тоҷикистон роҳи обӣ надорад ва қисмати тӯлонитарин ва наздиктарини роҳи ин кишвари Осиёи Марказӣ ба сӯи “обҳои гарм” аз Афғонистон мегузарад. Душанбе бо диққати зиёд рушди бандарҳои Гводар, тарҳи муштараки Чину Покистон ва Чобаҳор, пружаи якҷояи Ҳинду Эрон, ду тарҳи бузурги геополитикиро ба умеди фароҳам омадани дурнамоҳои ҷадиди тиҷоратӣ пайгирӣ мекунад.

Тарҳҳои бузурги иқтисодӣ, назири хатти барқи CASA–1000, роҳҳои оҳан, яке, “Чин – Қирғизистон – Тоҷикистон – Афғонистон — Эрон, хатти барқи Тоҷикистон – Афғонистон – Эрон, лӯлаи гази Афғонистон – Тоҷикистон (ки гази Шибирғонро ба Тоҷикистон интиқол хоҳад дод), матраҳанд, ки барои рушди муштараки Тоҷикистону Афғонистон ва бозгашти амнияту суботи пойдор ба Осиёи Марказӣ пешбинӣ шудаанд.

Тоҷикистон соли гузашта ба вилоятҳои Бадахшон ва Қундузи Афғонистон 1,5 миллиард киловат – соат барқ содир кард. Ҳамзамон дар марзи 1400 – километрии ду кишвар 5 бозори наздимарзӣ амал мекунанд, ки мардуми ду ҷониби марз бо ҳам додуситади амвол доранд.

Дар сабқати даҳҳо кишваре, ки дар Афғонистон ҳузур доранду “шарикони байнулмилаливу минтақаӣ” хонда мешаванд, бидуни шак, Тоҷикистон баранда аст.

Паноҳгоҳ барои ҳамеша

Аммо он чӣ ҳаводиси солҳои 90 дар Афғонистон собит кард, ин буд, ки Тоҷикистон барои тоҷикони Афғонистон дар дарозмуддат як паноҳгоҳи раҳбурдӣ боқӣ хоҳад монд.

Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ, яке аз ҳамразмони Аҳмадшоҳи Масъуд боре қисса кард, ки рӯзи шаҳодати фармондеҳ (9 сентябр) қарибиҳои бегоҳ ба ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рафт ва ӯро сахт ҷигархун ёфт. Вай мегӯяд, воқеан, ҳамаи мо намедонистем, ки чӣ ба сарамон меояд:

“Он рӯз нигаронии аслӣ ин буд, ки агар Ҷабҳаи Муттаҳид бидуни Масъуд натавонад бо Толибону “Ал-қоида” муқовимат кунад, сарнавишти Ҷабҳа ва миллионҳо нафаре, ки дар соҳаи таҳти нуфузаш (90% тоҷикон) зиндагӣ доранд, чӣ хоҳад шуд? Ман ба раисҷумҳур гуфтам: “Эҳтимол дорад, мо суқут кунем. Агар суқут кунем, ба паноҳгоҳ ниёз дорем. Оё Тоҷикистон онро ба мо хоҳад дод?” Раисҷумҳур гуфт: “Муҳаммадсолеҳ, мо шуморо ҳеҷ гоҳ танҳо нахоҳем гузошт! Мо ба шумо паноҳгоҳ медиҳем!”

Ду рӯз пас — 11 сентябр нигарониҳои Регистониро пурра рафъ шуданд. Амрико ба хоки Афғонистон алайҳи Толибону “Ал-қоида” ҳамла кард ва ҷанге, ки интизор мерафт, ба сӯи Кӯлоб кашида шавад, масирашро ба сӯи Кобул тағйир дод. Дар конфронси Бон тоҷикони Афғонистон амалан қудратро ба даст гирифтанд ва тайи 18 соли ахир нерӯи муассир дар сиёсатҳои он кишвар буданду ҳастанд. Бо вуҷуди бурду бохтҳо намешавад бо онҳо ҳисобӣ накард.

Ҳузури Амрико дар Афғонистон бо пуштибонии Ҷабҳаи Муттаҳид фароҳам шуд. Ҳарчанд оқои Халилзод як замон раҳбарони тоҷикро таъна зад, ки онҳо бо зӯри амрикоиҳо аз Кӯлоб ба Кобул оварда шуданд, агар нерӯи заминии Ҷабҳаи Муттаҳид намебуд, амрикоиҳову муттаҳидинашон ҳеҷ гоҳ рӯи Кобулро намедиданд. Иштибоҳи Амрико ҳам ин буд, ки муттаҳидони аслиашро тайи ин 18 сол хост аз саҳна берун кунад ва муттаҳидони навро аз ҷумлаи ниҳодҳои рӯ ба Ғарбу роҳбарони ба ном демократу технократи омада аз Амрикову Аврупо тақвият бахшад.

Аммо ҳоло? Залмай Халилзод замоне ба Душанбе омад, ки тарҳи сулҳи Амрикову Толибон дар ҳоли ниҳоӣ шудан аст. Амрико мехоҳад Толибонро дар қудрат саҳим кунад. Аммо воқеият ин аст, ки Толибон агарчи мегӯянд, дигар ба шеваи солҳои 90 давлатдорӣ нахоҳанд кард ва бо дигар танзимҳо, аз ҷумла зиддитолибон канор хоҳанд омад, сулҳ бо Амрикоро пирӯзии махсуси худ медонанд. Танҳо қуввае ҳам, ки алайҳи онҳо истодагарӣ хоҳад кард, ҳамон тоҷикон хоҳанд буд, зеро аз лиҳози ақида ба ҳам омадани онҳо бо ифротияти Толибон як амри маҳол аст.

Эҳтимолан муҳосибаи Амрико ин аст, ки таърихи солҳои 90 дигарбора такрор мешавад. Он замон, ки Тоҷикистон ва тоҷикон дар минтақа бори аслии ҷанг алайҳи терроризмро ба танҳоӣ мекашиданд ва дунё тамошогарашон буд. Ин ба он маъност, ки Тоҷикистон дигарбора дар умури Афғонистон муҳим мешавад, аммо маълум нест ба нафъи кӣ – Амрико ё рақибонаш?

 

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД