Ҷ.Маъруф: Ҳадафи “Далелсанҷ” рушди тафаккури интиқодӣ ва эмин будан аз фейкхабарҳо аст

25 июля 2019
1340
Муаллиф: Rushnoi.org
Ҷамшед Маъруф/акс аз шабакаи иҷтимоӣ

 Дар Тоҷикистон далелсанҷӣ ё фактчекинг ором-ором ба фазои журналистика ворид шудан дорад. Давоми як соли ахир аллакай се тарҳ рӯи кор омад, ки фаъолияти онҳо ба анҷом додани далелсанҷӣ марбут аст. Сомонаи www.rushnoi.org, ки яке аз самтҳои фаъолияти он фактчекинг аст, моҳи сентябри соли сипаришуда расман ба кор оғоз кард. Баъдан сомонаи www.factcheck.tj рӯи кор омад, ки мисли “Рушноӣ” бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ матлаб нашр мекунад. Ахиран дар шимоли Тоҷикистон аввалин варақаи иттилоотӣ оид ба саводи расонаӣ мунташир шуд, ки ҳамчунин самти асосии кори он далелсанҷӣ гуфта мешавад. “Rushnoi.org” бо сардабири ин тарҳ суҳбати кутоҳе анҷом дод ва нахуст аз Ҷамшеди Маъруф дар бораи ҳадафҳои ин лоиҳа суол кард.

Ҷамшеди Маъруф: Аслан, лоиҳаи мазкур бо мақсади рушди саводи расонаӣ ва тафаккури интиқодӣ дар байни ҷомеа роҳандозӣ шудааст. Чун дар аксар маврид мушоҳида мешавад, ки ҳангоми нашри ин ё он мавод хонанда, бинанда ва ё шунаванда бидуни шакку шубҳа ба он бовар карда, ҳатто боре ҳам насанҷида, он хабарро миёни мардум паҳн мекунад. Ба ин хотир мо лоиҳаи мазкурро амалӣ кардем. Дар доираи лоиҳа барои 20 журналисту блогери ҷавон ва корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ кор бо манбаъҳои боз бо истифода аз абзорҳои муосири далелсанҷиро омӯзонидем. Онҳо дар навбати худ маводе ки ниёз ба далелсанҷӣ дорад, мавриди санҷиш қарор дода, онро дар сомонаи factcheck.tj нашр намуданд. Инчунин, дар якҷоягӣ бо ин гуруҳ аввалин варақаи иттилоотӣ оид ба саводи расонаӣ бо номи “Далелсанҷ” (Factcheck)-ро чоп кардем.

Ин аз аввалин варақаҳои иттилоотӣ дар кишвар (шояд дар Осиёи Марказӣ) аст, ки маҳз ба хотири рушди тафаккури интиқодӣ, баланд бардоштани саводи расонаӣ ва эмин будан аз хабарҳои фейкӣ ё дурӯғ тоза ба нашр расид.

Тасмими нашри ин варақаи иттилоотӣ дар доираи лоиҳаи “Мусоидат ба сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ тавассути баланд бардоштани маърифати расонаӣ, инъикоси муассир ва ҳамкориҳои минтақавӣ”, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дастгирӣ меёбад, дар ҳамкорӣ бо ташкилоти Internews гирифта шуд.

“Rushnoi.org”: Дар Тоҷикистон то куҷо барои анҷом додани далелсанҷӣ зарурат ҳаст?

Ҷамшеди Маъруф: Далелсанҷӣ ё санҷиши далел, ки дар аксар кишварҳо онро бо забони англисӣ “факт-чек” ё “факт-чекинг” мегӯянд, дар фазои расонаҳои чӣ ватанӣ ва чӣ хориҷӣ босуръат ворид шуд. Сабаби пайдоиши фактчекро коршиносон ба рушди техникаву технология ва паҳни зиёди хабарҳои бардурӯғ рабт медиҳанд. Вале ҳадафи асосии кори далелсанҷ на ҷустуҷӯйи дурӯғ, балки муайян кардани ҳақиқати далелҳо ва муқоисаи маълумотест, ки аз сӯйи ин ё он ниҳод ва афроди шинохта паҳн ва ё эълон шудаанд. Ва далелсанҷ барои санҷиши дурустии изҳорот танҳо аз маълумоти манбаъҳои боз, яъне расмӣ васеъ истифода бурда метавонад. Яъне, ҳадаф кам гаштани маълумоти бардурӯғ дар фазои иттилоотӣ мебошад, на беш аз ин. Ва имрӯз дар фазои иттилоотии кишвар низ кам нестанд хабарҳое, ки ниёз ба санҷиш доранд. Чун дар ҳама маврид зарурат ба санҷиши далелҳои нашршаванда буд, ҳаст ва мемонад. Вале таҷрибаи далелсанҷӣ нишон дод, ки бархе аз муаллифони маводи журналистӣ қабл аз нашри изҳороти афроди расмӣ ва ё омори ин ё он ниҳодро, ки аслан то замони ба чоп расидан, бояд санҷида шаванд, онро мавриди санҷиш қарор намедиҳанд. Таъйиди маълумоти нашршаванда (верификатсия) бошад, мутаассифона қариб дида намешавад.

“Rushnoi.org”: Корҳои анҷомшуда то имрӯз дар самти далелсанҷӣ қаноатбахш ҳастанд?

 Ҷамшеди Маъруф: Ростӣ, ҳам ҳа ва ҳам не. Чаро?! Чун Тоҷикистон дар ҷода ҳанӯз аввалин қадамҳои худро зада истодааст. Вале новобаста ба ин, дар ин фазои иттилоотӣ пайдо шудани сомонаҳои factcheck.tj ва rushnoi.org, ки доир ба далелсанҷӣ ва саводи расонаӣ ҳадафҳои ба якдигар мувофиқ доранд, ин аз ростӣ хуб аст. Чун маҳз ин ду сомона тавонист, ки чанд маводи хуби далелсанҷӣ анҷом дода, аз пайдоиши худ низ дар ин фазои пурталотуми иттилоотӣ дарак диҳад. Ва то қадри имкон дар эмин будан аз хабарҳои бардурӯғ замина гузошта истодаанд. Вале ин ҳанӯз ба таври бояду шояд қаноатбахш нест.

Дигар ин ки моро зарур аст, дар ин самт хеле кор кунем ва боз ҳам омӯзишҳоро ба таври назариявию амалӣ идома диҳем. Зеро ҳанӯз ҳам таҷрибаи кор дар ҷодаи далелсанҷӣ омӯзиш мехоҳад ва онро бояд рушд диҳем, но бо шумора, балки бо сифат.

“Rushnoi.org”: Барои рушди далелсанҷӣ дар Тоҷикистон чӣ бояд кард?

 Ҷамшеди Маъруф: Тавре дар боло зикр кардам, нахуст пурқувват кардани омӯзиш дар ин ҷода, агар воқеан ҳам хоҳиши рушди далелсанҷиро дошта бошем. Бидуни омӯзиш ин ҳама ҳечанд. Чун далелсанҷӣ – чӣ санҷиши далелҳои дар изҳороти афроди расмӣ ва чӣ дар маводи журналистӣ овардашуда, аслан ин худ як шакли мониторинги ҷамъиятист, ки барои беҳтар гардидани сифати ҳамагуна иттилооти паҳну нашршаванда таъсири худро мерасонад.

Бубинед, шояд аз як сӯ афроди расмӣ, қабл аз изҳори ин ё он омор камтар ба дасткорӣ ё манипулятсия зананд, ки далелсанҷон онҳоро ҳатман таҳти санҷиш қарор медиҳанд ва ҳаракат мекунанд, ҳар чӣ бештар ба сухани рост такя намоянд.

Аз сӯйи дигар, хабарнигорони мо, қабл аз нашри ин ё он мавод боз ҳам амиқтар ҳарфу оморҳоро ҷиддитар месанҷанд, ки ин албатта, ба сифати фаъолияти журналистии кишвар низ таъсири худро мерасонад. Ва агар дар оянда дар баробари саводи расонаӣ, далелсанҷӣ низ ҳамчун як жанри алоҳида дар барномаҳои таълимии донишгоҳҳо ворид гардад, он боз ҳам барои рушди далелсанҷӣ хидмат хоҳад кард.

“Rushnoi.org”: Фикр мекунед, ин жанри нав дар Тоҷикистон «ҷойи по» пайдо мекунад?

Шумораи сеюми варақаи «Далелсанҷ»

Ҷамшеди Маъруф: Бале, чаро не?! Чун санҷиши ҳар навъ иттилоъ аз сӯйи ин ё он хонанда метавонад, барои рушди тафаккури интиқодии ӯ кӯмак намояд. Дер ё зуд ин жанр низ метавонад, дар кишвари мо низ ҷойгоҳи худро дарёбад. Чун ҳоло қадамҳои нахустини он аллакай дарк карда мешавад, хонанда дигар аз хонандҳои пешина нест ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ дида мешавад, чӣ гуна онҳо ба ҳар навъ иттилоъ муносибат доранд. Бахусус, дар шароити пурталотуми иттилоотӣ “ҷойи по” пайдо кардани ин жанр басо муҳиму зарур аст ва кишвари мо низ мисли дигар кишварҳо ниёз ба он дорад.

“Rushnoi.org”: Оё муҳим аст, ки далелсанҷиро танҳо журналист анҷом бидиҳад?

Ҷамшеди Маъруф: Ба назари шахсии ман, анҷом додани далелсанҷӣ танҳо аз сӯйи журналист чандон муҳим нест. Муҳим он аст, ки агар ҳар нафаре, имрӯз даст ба далелсанҷӣ задан мехоҳад, бояд ба он аз нигоҳи касбӣ бингарад ва ҳатман аз ӯҳдаи таҳлилу санҷиш баромада тавонад. Ва қатъи назар касе анҷом надиҳад, бигзор бо далел ҳарфи худро асоснок намояд, чун далели саҳеҳ муҳимтар аз ҳангома аст!

Тавре яке аз шоирони шинохта Носири Хусрав мегӯяд:

Нагуфтӣ надорад касе бар ту кор,

Агарчи бигуфтӣ далелаш биёр!

 

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД