Террори аср | Аҳмадшоҳи Масуд чӣ тавр кушта шуд? (ҚИСМИ 7)

29 июля 2019
3092
Муаллиф: Фахриддини Холбек

ҚИСМАТИ АВВАЛРО ИНҶО БИХОНЕД

ҚИСМАТИ ДУВВУМРО ИНҶО БИХОНЕД

ҚИСМАТИ САВВУМРО ИНҶО БИХОНЕД

ҚИСМАТИ ЧАҲОРУМРО ИНҶО БИХОНЕД

ҚИСМАТИ ПАНҶУМРО ИНҶО БИХОНЕД

ҚИСМАТИ ШАШУМРО ИНҶО БИХОНЕД

 

Пушти террори Масъуд на фақат “Ал-қоида” – ву Толибон, балки ҳудуди 20 кишвару созмон ва атрофиёни ӯ низ қарор доштанд. Таҳқиқоти байнулмилалӣ ва дохилии қатли ӯ мутаваққиф шуданд. Натоиҷи қаблӣ эълон нагардиданд. Аммо пас аз марги “Шери Панҷшер” мавҷи террор дар саросари ҷаҳон паҳн шуд. Кӣ дар ин кор манфиат дошт? Чаро ин “аждаҳои оташнафас” ба номи терроризмро дар лонааш – Афғонистон нобуд накарданд, баъракс, дастҳо ва роҳашро ба сӯи Амрико, Аврупо, Африқо ва Ховари Миёна боз намуданд?

Пайкари хаставу хунин

 “Дар чеҳрааш осори каме аз порчаҳои бомба дида мешуд, зери чашми росташ захми кӯчак, аммо амиқ ба чашм мехӯрд, синааш сӯрох — сӯрох ва хунин буд, ду захми амиқ ва фурӯрафта дақиқан бар рӯи қалбаш вуҷуд дошт, ки сафедии устухони синааш аз он маълум мешуд. Қисмате аз ангуштони дасти росташ қатъ шуда ва дар ҳамон тараф захми бузурге ба қутри панҷ сантиметр дар қисмати лагани хосира дида мешуд. Устод Раббонӣ дар эъломияе, ки нисбати шаҳодати вай ба қалами худаш навишта буд, калимаи «пайкари хаста ва хунин»-ро дар мавриди ӯ бисёр баҷо ба кор бурда буд… Пайкари хаста ва хунин»,– ба хотир меорад Солеҳ Муҳаммад Регистонӣ, намояндаи Масъуд дар Маскав, ки он лаҳза дар канори тани беҷони фармондеҳи худ истода буд.

Регистонӣ матои тахтро ба рӯи Масъуд кашида, аз утоқ берун шуд. Тақрибан соати 3–и рӯз буд. Ӯ бо генерал Фаҳим дар Хоҷа Баҳоуддин тамос гирифт ва аз ӯ хост, ки бо иттифоқи Ориф Сарварӣ ва Гадомуҳаммади Холид зуд ба Тоҷикистон ояд. Ба суоли Фаҳим дар мавриди сиҳатии Масъуд, Регистонӣ гуфт: “Духтурон мегӯянд, ки шифо меёбад!”

Дар Фархори Тоҷикистон Фаҳим, Сарварӣ ва Гадо Муҳаммадро Ҳотамшоҳ, раиси собиқи кумитаи амнияти Кӯлоб, Боқир Муин, раиси собиқи сервиси форсии БиБиСи ва ироние ба номи Афхамӣ (ки гуфта мешуд, фарди робити Эрон бо Ҷабҳаи Муттаҳид буд) пешвоз гирифтанд. Он ҷо ба Сарварӣ хабар доданд, ки як нафари расмии Ҷабҳа ба CIA–и Амрико аксе аз Масъуди беҷонро фиристодааст (исми ин нафар то ба ҳол “ба далоили ахлоқӣ” фош намешуд). Иттилои мувассақ дар бораи марги Масъуд рӯи мизи амрикоиҳо қарор дошт.

Пушти дари утоқи Масъуд дар шифохона ваҳмиву ғамзада Абдул Вадуд, Халил, Амирҷон (кормандони сафорати Давлати исломӣ дар Душанбе), доктор Исматулло, Носир, хоҳарзода ва Ҷамшед, ёвари Масъуд, Ҳоҷӣ Рустам, Ҷамшед, Олим ва дигар муҳофизини шахсии фармондеҳ қатор меистоданд. Фаҳим баробари ворид шудан ва дидани ҷасади ӯ ҳамаро фаҳмид ва пеши дар истода, талх гирист. “Мо ҳама ба тифлоне мемондем, ки ҳамин ҳоло падари худро аз даст додаанд… Ман он рӯз ранги ғамро дидам”,– ба ёд меорад Регистонӣ.

Амруллоҳ Солеҳ, ки он рӯз дар он ҷамъ ширкат дошт, менависад, ки касе мудирияти ҳолат ва он саҳнаро ба даст надошт.

“Фикр мешуд, дунёи мо поён ёфтааст. Гоҳе, бо худ ҳарф мезадем ва гоҳе ҳам бо якдигар. Баъд аз ним соат ё шояд бештар, оқои Регистонӣ мудирияти саҳнаро ба ӯҳда гирифт. Ривояте аз Ҳазрати Умарро баён дошт, ки ба сӯгворони реҳлати Паёмбари акрам (с) гуфта буд, ҳар кас Муҳаммадро мепарастид, ӯ нест ва ҳар кас мусулмон асту Худоро мепарастад, ҳам Худо ҳаст, ҳам Ислом, ҳам роҳи Паёмбар (с). Регистонӣ гуфт, Аҳмадшоҳ Масъуд нест, аммо ҳадаф побарҷост, душман ҳанӯз ҳаст, бо ин ҳолат ҳатман таҳарруки бештарро оғоз мекунад. Биёед, ин мавзӯъро дуруст мудирият карда, ҷамъаш кунем”,– ба хотир меорад Амруллоҳ Солеҳ.

Он рӯз Қосим Фаҳим ба ҷойи Масъуд раҳбари Ҷабҳаи Муттаҳид интихоб шуд. Қарор шуд, ки 1) ҷасади Масъуд пинҳон нигоҳ дошта шавад, 2) дар шароити бидуни Масъуд худро айёр кунанд, 3) вокуниши кишварҳои дӯстро биомӯзанд, ки оё раҳбарияти ҷадидро қабул хоҳанд кард? Бархе аз кишварҳо пас аз суқути Толиқон қариб буд ҳукумати Толибонро ба расмият бишносанд, 3) бояд иттилоъи марги Масъуд пинҳон дошта шавад, қабл аз ҳама аз ҷангиёни Ҷабҳаи Муттаҳид ва Толибону “Ал–қойида”.

Амруллоҳ Солеҳ мегӯяд, ба ӯ вазифа супурданд, Амрикоро аз марги Аҳмадшоҳ Масъуд мутталеъ созад, чун бо дастури раҳбарият масъулияти пешбурд ва мудирияти равобит бо ин кишварро ба ӯҳда дошт (ҳамон фарде, ки гӯё акси Масъудро аз шифохонаи Фархор ба CIA–и Амрико фиристода буд, Амруллоҳ Солеҳ буд, аммо ӯ дар шарҳҳояш менависад, ки расман ва бо дастури раҳбарони Ҷабҳа фақат хабари марги ӯро ба амрикоиҳо расонидааст – Ф.Х). Ӯ амрикоиҳоро аз марги Масъуд ва ба ҷои ӯ интихоб шудани Фаҳимхонро огоҳ кард. Вай гуфт, “ба ман салоҳият дода шудааст, ки аз шумо кӯмак бихоҳам. Дар набуди Аҳмадшоҳ Масъуд, мо воқеан ба кӯмак ниёз дорем. Душмани мо муштарак аст”. “Рич” ё “Ричард”, нафаре, ки бо ӯ сӯҳбат мекард, аз ӯ пурсид: “Фаҳимхон кист?”. Солеҳ посух дод, ки дар гузашта дар Кобул вазири амният буд…

Бино ба ривояти дигар, вақте Солеҳ бо Маркази зиддитеррористии CIA тамос гирифт ва хабари марги Масъудро расонд, “Рич”, раиси Маркази ибни Лодин аз ӯ пурсид: “Масъуд куҷост?” “Ӯ дар яхдон аст”, — посух дод Солеҳ, ки натавонист гузинаи инглисии сардхонаро пайдо кунад…

Регистонӣ бо иттифоқи Вадуд, Амрулло ва Халил бо чархбол ҷасади Масъудро ба шаҳри Кӯлоб бурданд. Эрониҳо пешниҳод карданд, ки ҷисми ӯро ба Машҳад интиқол диҳанд, аммо фармондеҳ Гадо гуфт: “Ин як ҳодисаи бузург аст, шӯхӣ нест. Он метавонад таърихи кишвару ҷаҳонро чаппагардон кунад…”

Ҷасади Масъудро дар сардхонаи шаҳри Кӯлоб, ки тоза бунёд шуда, ҳанӯз касеро ба он наоварда буданд, пинҳон карданд. Регистонӣ, ки тамоми ҷавонӣ ва айёми ширини зиндагии худро дар канори фармондеҳ сипарӣ карда буд, ба хотир меорад:

“Бар ман рӯзе сахттар аз он нагузаштааст, ки ӯро дар сардхонае танҳо гузоштам ва дарашро муҳру қуфл задам. Охир Масъуд барои мо фақат як раҳбар набуд, ӯ барои мо падар, бародар ва рафиқ буд…”

Ҷасади ду террористро ба ғоре дар қабристони Хоҷа Баҳоуддин гӯр карданд, аммо бидуни ҳеч маросиму ҳам тавҳин ва ҳам пинҳонӣ, то касе онро надуздад. Аммо Бриҷит Бролт мегӯяд, яку ним ҷасади террористонро дар як чуқурии қабристон, зери теппа партофтанд ва мардуми маҳал он ҷо рафта, ба ин гӯр туф мекарданд, ки ба чашмони худ дидааст…

Фаҳим ва дигарон ба Афғонистон парвоз намуданд. Бо онҳо аз Дашти Қалъа занг зада, мепурсиданд, ки чаро Масъуд дар ҷамъомади фармондеҳон нест. Он ҷо аз мухобира садоҳои Толибон ва аъзои “Ал-қойида” шунида мешуд, ки ҳамдигарро бо марги Масъуд табрик мекарданд. Аммо маълум буд, ки ҳарду ҷониб иттилои дақиқ надоранд…

Фаҳим ба Раббонӣ занг зад. Бо ишораву рамзҳо ба ӯ фаҳмонд, ки фармондеҳ дигар зинда нест ва бояд зуд ба Тахор ояд. Раббонӣ, оне ки Масъудро 33 сол боз мешинохт ва шоҳиди аз як ҷавони 17–сола ба фармондеҳи бузург табдил шуданаш буд, баробари расидан ба Тахор дар ҳолати шок ва сардаргумӣ аз Фаҳим пурсид: “Ӯ зинда нест?” Вақте мутмаин шуд, бо чашмони пуроб ин ҳарфҳоро ба забон овард: “Дар таърихи Ислом шаҳодати як сардори Ислом дар пай тағйироти бузургеро дорад. Омода шавед ва ин хабарро пинҳон доред!”.

Дар ҳамин ҳол, “кишварҳои дӯст” хабари марги Масъудро пинҳон нигаҳ надоштанд. CNN (ИМА), BBC (Бритониё), Садову симои Эрон, ИТАР – ТАСС (Русия) дақиқан иттилъ пахш карданд, ки Масъуд кушта шудааст. Масъулини Ҷабҳаи Муттаҳидро дар Душанбе, Деҳли, Тахор ва Панҷшер лозим омад, ки барои такзиби ин хабар хеле заҳмат кашанд ва дурӯғ гӯянд. Он шаб ҳеx як аз раҳбарони Ҷабҳа хоб набуд…

“Он ду

Дар Қандаҳор дар манзилҳояшон Мулло Умар ва Усома бин Лодан низ шабзиндадорӣ мекарданд. Тарҷумони афғонии меҳмонхонаи “Ал-қоида” мегӯяд, ҳамон шаб дар тараддуди хобидан буд, ки дарашро сахт кӯфтанд. Дарро боз кард ва се араб вориди утоқ шуданд. Онҳо гуфтанд: “Мо чанд маротиба хостем бо дафтари Мулло Умар тамос гирем, аммо касе гӯшии телефонро набардошт. Моро ба назди ӯ бубар! Кори хеле оҷил баромадааст!” Тарҷумон пурсид: “Чӣ кори оҷиле дар ин бевақтии шаб метавонад иттифоқ  афтад?” Яке аз аъроб посух дод: “Масъуд кушта шудааст!”

Онҳо ба дафтари Мулло Умар омаданд. Хеле новақт буд, аммо одами зиёде ҷамъ омада буданд. Дар толори хурде ёвари раҳбари Толибон пушти миз менишаст. Дар утоқ қариб ҳамаи раҳбарони “Ал-қойида” давра нишаста, сӯҳбат мекарданд. Миёни онҳо Мулло Умар, раҳбари Толибон низ буд. Ҳуззор дар бораи марги Масъуд сӯҳбат мекарданд. Ҳар яке дар даст радио дошт ва онро ба гӯш наздик бурда, мехост мавҷро беҳтар гирад. Ҳамаи шабакаҳо аз кушта ва ё захмӣ шудани Масъуд мегуфтанд.

Тарҷумон дар канори Сайфуладл нишаст. Мулло Умар ба раҳбарони “Ал-қоида” назар афканда, гуфт: “Чунин ба назар мерасад, ки Масъуд захмӣ нест, кушта шудааст!” Тарҷумон суолангез ба Сайфуладл назар андохт. Ӯ сари худро ба гӯши тарҷумон наздик оварда, гуфт: “Ёд дорӣ он дуро, ки то фурудгоҳ ҳамроҳӣ карда будӣ? Ана ҳамонҳо Масъудро заданд…” Тарҷумон пурсид: “Худи онҳо зиндаанд?” ва ин посухро гирифт: “Худованд шаҳодаташонро қабул кунад!”…

10 сентябр тамоми дунё дар интизорӣ ба сар бурд. Рӯзи сешанбе 11 сентябр соатҳои 8:46 — 10:28 Маркази тиҷорати ҷаҳонӣ дар Ню-йорк ва бинои Пентагон (вазорати дифоъи Амрико) дар Вашингтон мавриди ҳамлаҳои террористӣ қарор гирифтанд.

Бархе мегӯянд, он рӯз сафҳаи нави таърихи башарият боз шуд, аммо бархеи дигар бар инанд, ки ин сафҳа 9 сентябр оғоз гардида, 11 сентябр фақат идомаи мантиқии он буд…

Падар

…10 сентябр чархболе аз Панҷшер ба азми Душанбе ба ҳаво хест. Он ҳомили ҳамсар, писари ягона – Аҳмад, чор духтараки дӯстрӯй ва дигар хешовандони Масъуд буд. Гуфта буданд, ки Масъуд онҳоро ба Душанбе хондааст.

Аҳмади наврас аз ҳамон лаҳзае, ки қошуқ аз дасташ афтода буд, хотири ором надошт. Ба манзилашон равуои мардум, бахусус низомиён афзуда буд. Меомаданд ва бо бузургони оила медиданду мерафтанд. Модараш беист мегиристу фақат ба ҳангоми намоз аз гиря мемонд. “Он лаҳзаҳо зиёд мехостам, ки ӯ намоз хонад ва гиря накунад”, – ба ёд меорад Аҳмад.

Ба ҳамсари Масъуд гуфта буданд, ки шавҳараш захмӣ шудааст, аммо ҳамсари қаҳрамон натиҷа гирифта буд, ки асли воқеа чунин нест. Аҳмад аз ин ҳама ҷунбуҷӯл сар дар намеовард, зеро нав аз Душанбе ба Панҷшер омада, ҳанӯз нисфи колояшонро ба хонаи навашон интиқол надода буданд…

Дар Душанбе ба онҳо гуфтанд, ки падарашон сиҳат меёбад ва ҳатто ба машқҳои ҷисмонӣ пардохтааст. Аммо аз телевизиони Эрон ва дигар шабакаҳо ҳарфҳо аз кушта шудани ӯ мезаданд. Вазъ тоқатфарсо мешуд. Чанд рӯз баъд, ниҳоят, сабри фарзандони Масъудро сар омад ва талаб карданд, ки падарашонро ба онҳо нишон диҳанд.

Онҳо ба фурудгоҳи ҳавоии Душанбе рафтанд ва бо чархбол ба самти Кӯлоб парвоз намуданд. Бобову бибӣ дар роҳ ба Аҳмад қиссаҳое аз зиндагии паёмбари Акрам (с) мекарданд. Дар ин бора, ки чӣ тавр ӯ, ҳанӯз дар батни модар аз падар маҳрум шуду пас аз таваллуд модарро ҳам аз даст дод ва баъд ҳам бобояшро. Дар ин хусус ҳам қисса карданд, ки чӣ тавр ин ятим рӯзе ба расули Худо (с) табдил ёфт…

Дар Кӯлоб мошин на ба самти бинои баланди шифохона, балки ба сӯи дигар давр хӯрд. Онҳоро ба як бинои хурди одӣ оварданд ва гуфтанд, ки мунтазир монанд. Сипас, аз бино як кати равонро берун оварданд, ки болояш бо матоъи сафед пӯшида шуда буд. Бобояш Тоҷуддин, хусур, ҳамразм ва мулаққаб ба “Чашмони Масъуд”, ки аз рӯзҳои аввали ҷиҳод дар канори ӯ ва ҳам духтарашро ба ӯ ба занӣ дода буд, ба Аҳмад амр кард, ки аз тарафи рости кат истад. Аҳмад ба кат нигоҳ кард, ки бо порчаи сафед пӯшида шудааст. Дарёфт, ки он ҷо одамест ва ба худ гуфт, чаро ин одам хоб аст? Касе порчаро каш кард ва чеҳраи ошнову азизи падарро дид, ки ба хоби абад рафта буду дигар табассум намекард ва бо ӯ гап намезад…

“Як авзое буд – падар дигар нест, қаҳрамон вуҷуд надорад, оянда мабҳут шуда… Зиндагии як кӯдаки 12–солае, ки як шаб пеш аз ин ҳодиса масруфи саргармиҳои кӯдаконааш буд, дар як шаб билкул тағйир кард. Дар як шаб бояд роҳи 100–соларо мерафтам, аз як Масъуди 12–сола ба Масъуди 49–сола табдил мешудам, зеро акнун маро дар қомуси Аҳмадшоҳи Масъуд медиданд…”, — ин суханонро Аҳмад 14 сол пас мегӯяд.

…16 сентябри соли 2001 Аҳмадшоҳ Масъуд, “Шери Панҷшер”, “Қаҳрамони ҷанги сард”, “Қутби озодӣ” ва “Уқоби Ҳиндукуш” дар теппаи Саричаи канори рустои Ҷангалак, ки 49 сол пеш (2 сентябр) ба дунё омада буд, ба хок супурда шуд.

Аз писари ӯ Аҳмад барои кадом масъалае ризоият хостанд, аммо ӯ гуфт: “Бо ӯ чӣ мекунед, худ медонед. Ӯ раҳбари шумо буд, бо шумо зист ва барои шумо ҷон супурд. Ӯ бештар ба шумо тааллуқ дошт, ки мо…”