Фейк-хабар аз терроризм дида, даҳшатноктар аст

05 августа 2019
914
Муаллиф: Rushnoi.org

Маркази пажуҳишии Pew Research Center миёни сокинони ИМА оид ба мушкилоти ба назари онҳо ҷиддӣ, ки ояндаи кишварро зери хатар мегузоранд, пурсиш гузаронд.

Пажуҳишгарон 6 ҳазор нафаро пурсиданд. Натиҷа нишон дод, ки амрикоиҳо бештар аз терроризм, нажодпарастӣ ва таъғирёбии иқлим аз фейк хабарҳо дар ташвишанд. 50%-и пурсидашудаҳо фейк хабарҳоро мушкили “хеле ҷиддӣ” арзёбӣ карданд, дар ҳоле ки терроризмро ҳамагӣ 34% ҷиддӣ шумурдаанд.

Қариб 38% амрикоиҳо гуфтаанд, бо хабарҳои дурӯғин зуд-зуд дучор мешаванд; гоҳ-гоҳ 51%-и сокинони ИМА ба ин тамоюл рӯ ба рӯ мешаванд. Бештар аз ними пурсидашудаҳо иқрор шудаанд, ки худашон дар паҳн кардани хабарҳои фейк, асли воқеъаро надониста, иштирок кардаанд.

Асосан дар сохтани фейк хабарҳо 57 дар сад сиёсатмадорон ва 36 дарсад журналистонро гунаҳкор донистаанд. Дар ҳамин ҳол бисёре аз мухотабон гуфтаанд, мушкилро бояд журналистон ва аҳли ҷомеъа ҳал намоянд.

Ҳоло Шумо бигӯед, ки барои кишварро чиро хабари ҷиддӣ мешуморед?

манбаъ: Три.точки. Знай, что смотришь!

 

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД