“Хатари ҷанубӣ” — аз Амир Олимхон то ДОИШ (ҚИСМИ 2)

06 августа 2019
2774
Муаллиф: Фахриддини Холбек

ҚИСМАТИ АВВАЛ: “ҶИҲОД – БОСМАЧИГАРӢ”

 

“Хатари ҷанубӣ”–е, ки Русия солҳо ба ин сӯ мехоҳад дар зеҳнҳои умум дар Осиёи Марказӣ ҷой кунад, афсона аст ё воқеият? Мо – шоҳидони зиндаи ҳаводиси 30 соли ахир — хеле зиёд аз хатари “Толибон”–у “Ал-қоида” ва ҳоло гуруҳи худхондае ба номи ДОИШ шунидаему мешунавем. “Рӯшноӣ.org” низ дар гузашта ба ин мавзӯъ руҷӯъ карда буд. Аммо таҳқиқи фаротаре нишон медиҳад, ки ин нигарониҳо Кремлро як аср ба ин сӯ машғул медоранд.

 II

“ҶАНГИ АФҒОН”

“…Дар миёни ин гуруҳ он чӣ бештар таваҷҷуҳи инсонро ба худ ҷалб мекард, ҳамон ду писарбачаи хурдсол ба номҳои Файзуллоҳ ва Нуруллоҳ буданд, ки аввалӣ 11 ва дуввумӣ 10 сол дошт. Юнуси Мисрӣ ба ман гуфт: “Пеш аз он ки минтақаи Кишмро фатҳ кунем, аз Нуруллоҳ пурсидам: — Ай Нур! Куҷо меравӣ? Гуфт: — Меравам, то дарахти коммунистҳоро аз беху бун барканам ва онҳоро нобуд созам! Абута мегӯяд: Файзуллоҳ бо пойи бараҳна вориди саҳнаи ҷанг мешуд ва ягона орзуяш ин мебуд, то магар пас аз фурӯкаши ҷанг попӯши ҷадиде ёбад ва онро ба по кунад. Ва ҳамчунон писарбачаи саввумӣ ба номи Худойдод, ки 16–сола буд. Вай ки дар ин ҷангҳо бо Абута якҷо мебуд, 70 мармии RPG–ро алайҳи мавозеи душман андохт кард ва аввалин касе буд, ки вориди сангарҳо ва мавозеъи душман гардид”.

Ин иқтибос аз китоби “Як моҳ бо қаҳрамон”–и Абдуллоҳ Азоми фаластинӣ, раҳбари муҷоҳидини араб дар “ҷиҳоди афғон” аст, ки соли 1988 ба сангарҳои шимоли Афғонистон сафар дошт. Ӯ аз як гуруҳи муҷоҳидини Ҳизби исломӣ ба фармондеҳии Фидомуҳаммад қисса мекунад, ки дар Кишми Бадахшон дучор омад:

“Гуруҳеро, ки Фидомуҳаммад сарпарастӣ мекард, муташаккил аз бухороитаборҳое буд, ки падаронашон шаст соли қабл дар асари таҷовузи русҳо аз Бухоро ба Афғонистон муҳоҷир шуда буданд. Акнун онҳо ба қасди истирдоди хоки аз даст рафтаи Бухоро, ки сарзамини обоӣ ва аҷдодиашон ба шумор меравад, омодагӣ мегиранд ва такопӯ дар роҳи расидан ба ин ҳадафро фарзи айн медонанд ва бар асоси ҳамин мафкураи худро омӯзиш медиҳанд”.

Сарнавишти Нуруллоҳ ва дигар муҷоҳидини бухороии “ҷиҳоди афғон” маълум нест. Муҳоҷирини Бухоро низ дар ҷараёни таҳаввулоте, ки дар кори шикасти Шӯравӣ ва озодии Бухоро ба вуқӯъ пайваст, нақши бориз надоштанд. Тайи 60 сол онҳо дар саросари олами Ислом, бахусус Афғонистон, Покистон, Ҳинд, Арабистони Саудӣ ва Туркия пароканда шуда, пушти рӯзгори худ буданд. Аммо ҳар ҷо, ки мерафтанд, маҳз онҳо ба мубаллиғони андешаи озодии Бухоро табдил меёфтанд. Пасон “озодии Бухорои Шариф” ба яке аз шиорҳои муҷоҳидини афғон, ҷангиёни “Ал-қоида” ва ДОИШ – ҳаракатҳои боризи исломиёни мӯътадилу тундрав табдил ёфт ва моли мусулумонони дунё шуд.

Аз суқути Бухоро як кам 60 сол мегузашт ва ҳамон Нуруллоҳ як сол дошт, ки Артиши Сурх бори сеюм, аммо бо теъдоди зиёди танку тӯпу тайёра ва сарбоз ба хоки Афғонистон ҳамла бурд…

“Ҷанги аввал алайҳи терроризм”

Моҳи ноябри 2018 Кумитаи низомии Думаи давлатии Русия тарҳи санадеро пешниҳод кард, ки бино ба он, қарори Маҷлиси намояндагони Иттиҳоди Шӯравӣ аз 24 декабри соли 1989 бояд маҳкум ва лағв шавад. Дар ин қарор гуфта мешуд, ки қарори Бюрои сиёсии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ аз (декабри 1979) дар бораи фиристодани нерӯҳо ба Афғонистон амали “шоистаи маҳкумияти ахлоқӣ ва сиёсӣ” буд. Намояндагони Дума аз таъмини “адолати таърихӣ” мегуфтанд, ба ин далел ки Шӯравӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз “хатари терроризм” дар марзҳои ҷанубиаш вориди хоки Афғонистон шуда буд. Он чӣ имрӯз Амрико мекунад.

Маълум нест, дониста буд ё надониста, моҳи январи соли 2019, замоне ки ин санад дар Дума баррасӣ мешуд, Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дар ҷаласаи кобинааш гуфт, “далели ҳузури русҳо дар Афғонистон террористоне буданд, ки роҳ ба сӯи Русия гирифта буданд. Ҳақ бар ҷониби русҳо буд, вақте вориди хоки он кишвар шуданд”.

Моҳи феврали соли равон Думаи давлатии Русия тарҳи Кумитаи низомиашро рад кард. Ҳоло аст, ки Трамп, раҳбари Амрико ин ҳарфҳоро мегӯяд, аммо он замон ИМА Олимпиадаи Москав (1980)–ро таҳрим ва 104 аз 122 кишвари ҷаҳон (18 ҷонибдор) дар Маҷмааи умумии СММ “таҷовузи Шӯравӣ ба Афғонистон”–ро маҳкум карда буданд.

Акс аз барномаи “Маъмурият дар Афғонистон. Набарди аввал бо терроризм”

Қабл аз ин ҳама соли 2018 ТВ “Звезда”–и Вазорати дифоъи Русия як филми мустанади 8–сериягӣ таҳти унвони “Маъмурият дар Афғонистон. Набарди аввал бо терроризм”-ро ба намоиш гузошт, ки аз корномаҳои Неруҳои маҳдуди Артиши Сурх дар он кишвар қисса мекунад. Ҳамин тавр, ин суол халқ шуд, ки соли 1979 оё Шӯравӣ ба хоки Афғонистон таҷовуз кард ё ба ҷилавгирӣ аз “терроризм” ё “хатари ҷанубӣ”–и дигар рафта буд?

Юрий Андропов, раиси Кумитаи давлатии амният (КГБ), Дмитрий Устинов, вазири дифоъ ва Андрей Громико, вазири корҳои хориҷа – се нафаре буданд, ки Леонид Брежнев, раҳбари   Иттиҳоди Шӯравиро итминон доданд, то ба фиристодани неруҳои Шӯравӣ ба Афғонистон иқдом кунад. Далоили умда инҳо буданд: 1) Ҳукумати Афғонистон 20 маротиба дархости кӯмаки низомӣ кардааст; 2) Ҳафизуллоҳ Амин, роҳбари коммунистони афғон, ки Нурмуҳаммад Таракӣ – дӯсти Брежневро кушта, ба қудрат расидааст, ҷосуси Амрикост; 3) Амрико нақшаи вуруд ба Афғонистонро дорад ва ғайра.

Аммо он чӣ ки расман намегуфтанд, ин дидгоҳ дар миёни нухбагони Ҳизби коммунист буд, ки Шӯравиро аз ҷануб маҳофили исломи иртиҷоъӣ таҳдид мекунанд. Гӯё Андропов гуфта буд: «Беҳтар аст дар Афғонистон биҷангем, то дар Осиёи Миёна ва ё Қафқоз» — пешбиние, ки баъдтар дар Тоҷикистону Озарбойҷон ва Чеченистону Доғистон ба воқеият табдил ёфт.

Соли 1996 Анатолий Добринин, дипломати маъруф ва Сафири Шӯравӣ дар Амрико (1962—1986) дар китобаш “Комилан маҳрамона” дар боби ҷанги Афғонистон ва далоили вуруди артиши Шӯравӣ менависад:

«Дар ҳақиқат (фиристодани нерӯҳо ба Афғонистон) як мавзуъи маҳаллӣ — ҳатто беш аз ҳад — вокуниш ба вазъияте буд, ки метавонист амнияти марзҳои ҷанубии Иттиҳоди Шӯравиро бо назардошти ноамнӣ дар Афғонистон ва Эрони ҳамсоя ба чолиш кашад ва ба думболи он режими тарафдори Шӯравӣ дар баробари бунёдгароии исломӣ, ки метавонист ба кишварҳои Осиёи Миёна сироят кунад, тақвият ёбад. Мафҳуми бадномшудаи «қарзи байнуламилалӣ», ки ба ироаи кумак ба «Афғонистони демократӣ” асоснок мешуд, низ нақши худро бозӣ кард. Аммо ин шиори қадимии коминтернӣ саранҷом пас аз Афғонистон ба ҳастии худ хотима дод”.

Нигарониҳои Андропов бемаврид набуданд. Солҳои 60–70 қарни гузашта дар баробари Афғонистон дар Осиёи Миёна низ нишонаҳои шакл гирифтани исломи сиёсӣ мушоҳида мешуд. “Даҳаи демократия” дар Афғонистон ҷараёнҳои мухталифи сиёсӣ, аз ҷумла марксистӣ, маоистӣ, миллигароӣ ва ихвониро ба майдон овард, ки пас аз як давраи кӯтоҳ даст ба сӯи қудрат бурданд.

Истихбороти Шӯравӣ дар ин таҳаввулот саҳм дошт ва аз коммунистони афғон ҳимоят мекард. Соли 1973 Довудхон бо кӯмаки коммунистҳо ба қудрат расид. Аммо “ленинчиёни афғон” бо ин ҳам иктифо накарда, соли 1977 худ ҳукуматро ба даст гирифтанд. Дар Афғонистон амалан як “ҷумҳурии 16”–уми шӯравӣ сари кор омад. Тамоми нерӯҳои “чап”–у “рост” ба мухолифат бо коммунистон бархостанд, аммо таърих собит кард, ки ягона нерӯи муқовим ва мардумӣ — исломиҳо буданд. Пешбинии Андроповро то се даҳаи баъд ба воқеият табдил ёфт.

 Ислом ба ҷони атеизм меояд…

Исломиён дар худи Шӯравӣ низ ба ҳаракат омада буданд. Охири солҳои 60 ва аввали 70–ум дар Осиёи Миёна як ҳаракати ислоҳотхоҳонае шакл мегирифт, ки сиёсатҳои динии Шӯравиро ба чолиш мекашид. Дар ин маҳофил масоили ҳаққу ҳуқуқҳои динӣ ва эҳёи урфу одатҳои мусулмонон баррасӣ мешуд. Ин таҳаввулот аз куҷо оғоз ёфт?

Бобоҷон Ғафуров/акс аз навори Ютуб

Иттиҳоди Шӯравӣ ҳанӯз пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ барои тавсиаи нуфузаш бо кишварҳои исломӣ ба кадрҳои дипломату тарҷумони мусулмон эҳтиёҷ дошт. Яке аз онҳо Қаҳрамони миллии Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров буд, ки соли 1956 аз раҳбарии Тоҷикистони Шӯравӣ канор рафт ва мудири Пажуҳишгоҳи шарқшиносии Иттиҳоди Шӯравӣ таъин шуд. Ӯ то соли 1974 ҳайатҳои олимону мутахассисони Шӯравиро ба маҳофили расмиву конфронсҳои байнулмилалӣ дар Тунис (1957-59), Филиппин (1960), Лубнон (1960-66) Гвинея (1961), Покистон (1962-74) Ироқ (1962), Ҳиндустон (1964-66-70) Алҷазоир (1964), Туркия (1973) ва Эрон (1974) роҳбарӣ кард ва узву раиси чандин анҷуману иттиҳоди илмиву фарҳангии Иттиҳоди Шӯравиву кишварҳои исломӣ буд.

Охирин бор ӯ ба Арабистони Саудӣ (1974) сафар кард ва Хонаи Худоро зиёрат намуда, ба мартабаи ҳоҷӣ расид, ки дар замони “куфробод”–и Шӯравӣ як ҳангома ва як иттифоқи нодир буд, қабл аз ҳама барои ин ки Маскав ва Риёз ҳеч гуна равобити давлатӣ надоштанд.

Игор Дяконов, шарқшиноси маъруфи рус, дар “Китоби хотирот”-аш менависад, ки Ғафуров шахсан ба Кумитаи Марказӣ пешниҳод кард, то равобити Шӯравӣ бо Саудӣ таҷдид шавад. Ин равобит дар замони репрессияи сталинӣ қатъ шуда буд. Соли 1937 Назир Тӯрақулови қазоқ, намояндаи хоси Иттиҳоди Шӯравӣ дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ (1932—1936) ва соли 1938 Карим Ҳакимови бошқирд, ки ӯро дар ин вазифа иваз карда буд (1936—1937), ба қатл расиданд. Ҳарду мусалмони ботақво ва аз ҷумлаи дӯстони шоҳи саудӣ буданд. Шоҳзода Файсал аз хашм намояндаи ҷадиди Маскавро рад кард ва тамоми ниҳодҳои марбут ба Шӯравиро аз кишвараш ронд. Равобити Риёзу Маскав танҳо соли 1990 аз сар гирифта шуданд.

Аммо дар хотираҳои Дяконов ин нукта ҷолиб аст, ки мегӯяд:

“Вақте ӯ (Ғафуров) ба Маскав баргашт, афроди наздикашро ба утоқи кориаш хонд ва тақрибан чунин гуфт: — Он ки ман котиби аввали Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон будам – ҳарфи беҳуда аст. Ин ҳам беҳуда аст, ки ман узви Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ будам. Он ки академик будам, низ ба чизе намеарзад. Аммо инро, ки ман ҳоҷӣ ҳастам, дар деҳаи ман қадр мекунанд. Ва ба Ватан рафт, то бимирад”.

Ин гуфтаҳо далели онанд, ки Ғафуров — як раҳбари мусулмон ва муассир дар сиёсатҳои Шӯравӣ гирифтори таҳаввулоти рӯҳонӣ гашта буд. Ӯ акнун ҳоҷӣ буд ва дигар коммунист набуд.

Бедории исломӣ ба толорҳои ҳукумат ва сафи коммунистон низ нуфуз пайдо карда буд. Ин ба он маъност, ки дар сатҳи раҳбарии Шӯравӣ низ шакку гумонҳое сари ҷаҳонбинии атеистиашон ба вуҷуд омада буд, тавре ки дар мисоли Бобоҷон Ғафуров дидем. Аммо на фақат ӯ.

Темур Зулфиқоров, нависандаи маъруфи тоҷик, дар яке аз суҳбатҳояш қисса кард, ки солҳои 70–и асри гузашта ӯро Шароф Рашидов, раҳбари Ӯзбекистон, ба ҳузур хонд ва талаб кард: “Чизе навис, ки барои болоҳо писанд ояд!” Адиб посух дод: “Ман чизе менависам, ки барои болоҳо писанд ояд, аммо намедонам ин кор ба болои болоҳо (Худованд) хуш хоҳад омад ё не”. Рашидов аз ин посух ба ваҷд омад, хандид ва адибро қадрдонӣ карду дигар ба ӯ кор нагирифт. Зулфиқоров мегӯяд, он замон ман фаҳмидам, ки Рашидов ба Худо бовар дорад.

Давлатхӯҷа Назиров, собиқ афсари КГБ–и Шӯравӣ, мегӯяд, дар вилояти Ленинободи он замон (ҳоло Суғд) чизе ба монанди “мафияи исломӣ” кор мебурд, ки ҳатто роҳбарони онвақта ва коммунистони олирутба худро муриди эшон мехонданд ва аз онҳо ҳайкалу радномаҳо мегирифтанд. Назиров меафзояд: “Дар суҳбат бо домуллои қошғарӣ (мулло Абдуқодир) ба ман маълум шуд, ки аз ӯ якчанд роҳбарони баландмақоми дигар низ раднома гирифтаанд”.

Маълум нест, ки Бобоҷон Ғафуров аз хориҷа бо худ чӣ китоб меовард, аммо аввалин адабиёти динии муосир, аз қабили осори ислоҳотхоҳоне, назири Саид Ҷамолиддини Афғонӣ, Муҳаммад Абдо, Ҳасан Бано, Саид Қутб ва дигарон ба Шӯравӣ, маҳз аз сӯи намояндагону тарҷумонҳо ва ҳам идораҳои марказии мусулмонон ворид шуданд. Ин адабиёт дар Осиёи Миёна аввал дар Фарғона ва сипас Тоҷикистон пайдо шуд.

Давлат Усмон, яке аз раҳбарони собиқи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ), мегӯяд, ҳанӯз соли 1976 дар Душанбе китоби “Мо чӣ мегӯем?”–и Саид Қутбро бо тарҷумаи Саид Алии Хоманаӣ, раҳбари кунунии Инқилоби исломии Эрон, дида буд. “Ар-раду алад-даҳриин (Ҷавоб ба материалистон)-и Саид Ҷамолиддини Афғонӣ, “Шубаҳот ҳавлал ислом” (Шубҳаҳо дар атрофи ислом)-и Муҳаммад Қутб, “Физилил Қуръон” (Дар сояи Қуръон)-и Саид Қутб ҳанӯз дар ҳамон даврон дастраси исломиёни ояндаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шуда буданд.

Бино ба бархе маълумотҳои дарёфтӣ, ду муҳассили мисрии Донишгоҳи исломии Тошканд, ки узви “Ихвон-ул-муслимин” буданд, бо гуруҳе аз ҷавонони водии Фарғона бо сардории Қорӣ Раҳматулло, маъруф ба “Аллома”, дар ибтидои солҳои 70-уми асри гузашта робита пайдо карда, онҳоро барои ташкили як ҳаракати сиёсии динӣ ташвиқ мекарданд.

Қорӣ Раҳматуллоҳ зодаи шаҳри Андиҷон, маркази вилояти ҳамноми Ӯзбекистон буд, ки дар водии Фарғона ҷойгир аст. Соли 1972 Қорӣ Раҳматулло барои таҳсил ба назди Қорӣ Муҳаммадҷони Ҳиндустонӣ ба Душанбе меояд. Он замон теъдоди бузурги ҷавонон, аз ҷумла Саид Абдуллоҳи Нурӣ, баъдтар раиси ҲНИТ ва Қорӣ Абдувалӣ, раҳбари исломиёни Ӯзбекистон аз ӯ дарс мегирифтанд.

Аммо давлати Шӯравӣ ин фаъолиятҳоро таҳти назар дошт. Соли 1973 Кумитаи давлатии бехатарӣ (КГБ) биноеро, ки Қорӣ Муҳаммадҷон дарс мегуфт, муҳосира мекунад. Қорӣ Раҳматулло худро аз тиреза ба берун андохта, рӯ ба фирор меорад, аммо бақия шогирдон, аз ҷумла Нурӣ ва Қорӣ Абдувалӣ, боздошт мешаванд. Онҳо пас аз таҳқиқ ва гирифтани огоҳинома, ки дигар ба ин кор машғул нахоҳанд шуд, раҳо мешаванд. Худи Мавлавӣ низ ба КГБ эҳзор шуда, огоҳинома мегирад ва биное, ки дарсҳо сурат мегирифтанд, бо булдозер ба замин ҳамвор карда мешавад.

Он сол дар рӯзномаи “Маориф ва маданият”, нашрияи вазорати фарҳанг ва маорифи Тоҷикистон, мақолае таҳти унвони “Мавлавӣ ва шогирдони ӯ” ба нашр расид (ҷустуҷӯҳои муаллиф барои пайдо кардани ин мақола дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон натиҷа надоданд). Дар он ҳушдор дода шуда буд, ки дар сурати такрори шудани ин кор Мавлавӣ ва шогирдонаш ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида хоҳанд шуд. Ин аввалин бор буд, ки аз вуҷуди марокизи таълимии ғайрирасмии динӣ матбуоти расмӣ хабар медод.

Аммо маҳофили исломӣ дар шакли мактабҳои пинҳонӣ, “ҳуҷра”, “давра” ва “ҳалқа”-ҳои дарсӣ кори худро идома медоданд. Маҳз он замон исломиён ба ду ҷиноҳ — навгароҳо ва муҳофизакорон ҷудо шуданд. Гуруҳи аввалро Сайид Абдуллоҳи Нурӣ раҳбарӣ мекард, ки урфу одатҳои динии ҷомиа, назири “се”–ву “сол”–у “оши сари тахта”-ро маҳкум мекард. Гуруҳи дуюм, ки дар атрофи Мавлавии Ҳиндустонӣ ҷамъ омада буд, навгароҳоро ба сиёсӣ кардани ислом ва майл ба ваҳҳобият муттаҳам мекард.

Қорӣ Раҳматуллоҳро метавон поягузорӣ исломи сиёсӣ ё “падархонди исломиҳо”–и Осиёи Миёна хонд. 24 апрели соли 1973 дар маҳфили маҳрамонае панҷ нафар бо сарварии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аввалин гуруҳи сиёсии исломии Тоҷикистонро дар шаҳри Қӯрғонтеппа ташкил доданд, ки баъдтар Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ном гирифт. Ҳарчанд Давлатхӯҷа Назиров бар ин аст, ки исломи сиёсӣ дар водии Вахшро Қорӣ Муҳаммадҷон Ғуфронов, шогирди Раҳматулло Аллома поягузорӣ кардааст.

(Давом дорад)

ШАКЛИ РУСИИ ИН МАТЛАБ