Шумо одати фаббинг доред?

20 августа 2019
243
Муаллиф: Rushnoi.org

Фаббинг — (аз забони англисӣ phubbing – муносибати беэҳтиётона, phone – телефон ё гушӣ) – одати ҳангоми сӯҳбат бо дигарон ба телефон пайваста нигаристан аст. Мешавад гуфт, ки ин вобастагӣ аст. Ибораи мазкур аз ҷониби кормандони оҷонсии McCann дар соли 2012 эҷод шудааст. Одати фаббинг на танҳо муносибати ҳаррӯзаро вайрон мекунад, балки ба рӯҳияи инсон низ таъсир мерасонад. Ҳамчунин фаббинг эҳсоси тарсро ба вуҷуд меорад, ки вай мабодо ягон чизи муҳимро аз шабакаҳои иҷтимоӣ сарфи назар мекунад. Ба гуфти пажӯҳишгарони донишгоҳи Кент, занон нисбат ба мардҳо бештар ба фаббинг гирифтор мешаванд. Ҳамчунин ин оддат сироятӣ аст. Барои мисол агар дӯстатон ба телефон фурӯ рафт, Шумо ҳам мехоҳед, ки телефонатонро хабар гиред.

Чӣ тавр мешавад, ки аз ин вобастагӣ халос шавед?

Ҳангоми ғизо хӯрдан телефонро рӯйи миз нагузоред. Ҳар вақте ки телефони ҳушманди худро мебинед, хоҳиши онро ба даст гирифтан пайдо мешавад. Аз телефони ҳушманд зимни мулоқоти шахсӣ истифода накунед. Хуб мешавад, агар ин ба одати Шумо табдил ёбад. Бо ин усул Шумо ба ҳамсӯҳбати худ нишон медиҳед, ки ӯ бароятон муҳим аст ва ҳаминтавр аз фаббинг дур мешавед. Агар аз рӯйи кор ба Шумо пайваста тавассути почта, мессенҷерҳо дар тамос будан ҳатмӣ нест, пас ягон телефони оддӣ бигиред.

Агар ба ягон мулоқот меравед, ба наздиконатон бигӯед, ки танҳо оид ба масъалаҳои муҳим дар тамос шаванд. Ин кӯмак мекунад, ки телефонатонро ҳар даҳ дақиқа ба даст нагиред. Фаҳмед, ки чаро Шумо зуд-зуд телефонатонро истифода мекунед? Ҳамон вақте ки ҷавоби дуруст ёфтед, бо манфиат истифода кардани вақтатонро шурӯъ кунед. Телефонатонро бесадо монед. Барномаҳои нолозим ва шабакаҳои иҷтимоиӣ зиёдатиро тоза кунед. Ҳаминтавр Шумо теъдоди паёмҳоеро, ки ҳамеша Шуморо нороҳат карда, таваҷҷӯҳатонро ба дигар тараф ҷалб месозанд, кам мекунед.

Шумо одати фаббинг доред? Бо он чӣ хел мубориза мебаред?

манбаъ: Три.точки. Знай, что смотришь!