Фаҷристон. Беҳтар аз СҲШ, ИИА, ECO ва..?

31 августа 2019
1852
Муаллиф: Rushnoi.org

Мусоҳибаи ихтисосӣ бо Муҳибуллоҳ Нурӣ, раҳбари «Ҷунбиши ҳамгароии миллатҳои Қалби Осиё»

Муҳибуллоҳ Нурӣ, раиси пешини сиёсати Шӯрои амнияти миллии Афғонистон ва ҳоло раҳбари «Ҷунбиши ҳамгароии миллатҳои Қалби Осиё» аст. Ангезаи эҷоди ин ниҳод реша дар назарияи Фаҷристон дорад. Оқои Нурӣ ба унвони поягузори «назарияи Фаҷристон» дар заминаи ҳамгароии минтақаӣ дарвоқеъ яке аз нахустин назарияпардозону ҳомиёни ҳамгароии минтақаӣ дар Афғонистон ва минтақаи Қалби Осиё аст. Ӯ ду даҳа мешавад, ки дар ин замина пажӯҳиш ва мутолиа мекунад ва илова бар тезиси докториаш то ҳанӯз дар ин замина чаҳор ҷилд китоб навиштааст. Аз ҷумла бозтоби нахустин китоби эшон — «Ҳавзаи тамаддунии Фаҷристон» — тавассути доктор Мирвайси Балхӣ, вазири маорифи Афғонистон дар соли 2013 таҳти унвони «Ҷунбиши ҳамгароии миллатҳои Қалби Осиё» ба чоп расидааст.

Мавсуф ҳамзамон бо оғози гуфтугӯҳои сулҳ миёни Толибон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз номи «Ҷунбиши ҳамгароии миллатҳои Қалби Осиё» тарҳе навишт ба номи «Тарҳи сулҳи пойдор ва назми пасоНАТО/Амрико дар Афғонистон ва минтақа».

Муҳибуллоҳ Нурӣ бо таваҷҷӯҳ ба вобастагии мутақобил миёни Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бар ин бовар аст, ки ҳеҷ кадом аз кишварҳои кӯчаки минтақа ба танҳоӣ наметавонад ба сулҳу рушди пойдори иқтисодӣ даст ёбад. Бинобарин, ӯ пешниҳод мекунад, ки Афғонистон ба шумули ҳамсоягон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҷои умед бастан ба назмҳои ғайрироҳбурдии минтақаии мавҷуд, назми минтақаии роҳбурдии худашонро ба номи «Иттиҳодияи ҳамгароии кишварҳои Қалби Осиё» дар минтақаи Қалби Осиё эҷод намоянд. Аз диди ӯ панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар маркази минтақаи “Қалби Осиё” қарор доранд. Ӯ пешниҳод менамояд, ки ҳамгароии минтақаии мавриди назар на дар меҳвари қудратҳои бузург, балки бо меҳварияти худи кишварҳои минтақа шакл гирад.

Дар ин замина “Рӯшноӣ” бо Муҳибуллоҳ Нурӣ гуфтугӯеро анҷом дод, ки таваҷҷуҳи шуморо ба мутолиаи он ҷалб медорем:

«РӮШНОӢ»: Дар навиштаҳои Шумо мафҳуми “Фаҷристон” зиёд ба чашм мехӯрад, ки ростӣ, барои мо ошно нест. Ин чӣ аст?

НУРӢ: Нахустин китоби ман ба номи «Ҳавзаи тамаддунии Фаҷристон” аст. Фаҷристон ба маънои “сарзамини рӯшноӣ”. Дар китоби нахуст Фаҷристон ба мафҳуми минтақа, дар китоби дуввум ба мафҳуми ҷунбиш ва дар китоби севум ба мафҳуми як назария ба кор бурда шуд. Мутобиқи назарияи Фаҷристон, ҷаҳон ҳамон гуна, ки аз хонавода ба тоифа, аз тоифа ба қабила, аз қабила ба қавм ва аз қавм ба миллат ва миллигароӣ гузор намудааст, рӯзе фаро хоҳад расид, ки аз миллигароӣ ба минтақагароӣ ва аз давлат-миллатҳои миллӣ ба давлат-миллатҳои минтақаӣ гузор хоҳад намуд.

Аз диди ман, қарни бисту якум қарни гузор аз миллигароӣ, шаклгирии ҷаҳон дар ҳалақоти минтақа дарвоқеъ минтақаӣ шудан ё беҳтар аст, бигӯям, садаи зуҳури давлат-миллатҳои минтақаӣ хоҳад буд.

Дар ҳоли гузор аз миллигароӣ ба минтақагароӣ ва аз давлат-миллатҳои миллӣ ба давлат-миллатҳои минтақаӣ оғоз шудааст. Мутобиқи назарияи Фаҷристон, нахустин давлат-миллати минтақаӣ дар ҳар ҷои ҷаҳон, ки шакл гирад, метавон ба он Фаҷристон ё “сарзамини рӯшноӣ” гуфт. Дар ҳоли ҳозир танҳо Аврупо ба ин мафҳум наздик аст. Аммо ман бовар дорам, ба зудӣ дар Осиё низ давлат-миллатҳои минтақаӣ ба зуҳур хоҳад расид. Масалан, аз ҷумла минтақаи ҷанубу шарқи Осиё дар ин масир қарор дорад.

«РӮШНОӢ»: Равандҳои имрӯзаи ҳамгироӣ дар минтақаи мо чӣ гуна аст?

НУРӢ: Кулли ҷаҳон ба сӯи ҳамгароии минтақаӣ ҳаракат намудааст ва қарни бисту якум дарвоқеъ садаи минтақаӣ шудан ва ҳамгароии минтақаӣ аст. Дар кулл Осиё ва минтақаи мо ҳам ба сӯи ҳамгироии минтақаӣ ҳаракат намудааст. Дар ҳоли ҳозир дар куллияти Осиё шаш назми минтақаии маътуф ба ҳамгароиҳои минтақаӣ эҷод гардидааст, аммо аксарияти ин назмҳо бар меҳвари як қудрат бузург ва барои кишварҳои як минтақаи хос эҷод гардидааст. Мутассифона, аксари ин назмҳои минтақаӣ барои кишварҳои минтақаи мавриди назари мо ё минтақаи “Қалби Осиё” роҳбурдӣ нестанд.

«РӮШНОӢ»: Чаро аз диди Шумо, созмонҳое, назири Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ECO ва ғайра, ноқис ё бекифоят ҳастанд?

НУРӢ: Ин созмонҳо хубанд ва навоқиси ҷиддӣ надоранд, аммо барои минтақаи мавриди назари мо роҳбурдӣ нестанд. Танҳо созмоне, ки барои минтақаи мо роҳбурдӣ аст, созмони ECO (Economic Cooperation Organization — Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ) аст, аммо ин созмон ду мушкили ҷиддӣ дорад: аввал, такбӯъдӣ ё иқтисодӣ аст ва дувум, миллатҳои минтақа аз аҳамияти он огоҳӣ надоранд.

НУРӢ: «Қалби Осиё» Афғонистонро мегуфтанд. Шумо боз кадом кишварҳоро дар ин «қалб» мебинед?

НУРӢ: Тамоми кишварҳои кӯчаки минтақа, бахусус кишварҳое, ки дар васати қудратҳои бузург чун Ҳинд, Чин, Русия, Аврупо ва Ховари Миёнаи арабӣ воқеъ шудаанд, метавонанд шомили Қалби Осиё бошанд. Мубтанӣ бар ин фаҳм кишварҳои Афғонистон ва Осиёи Миёна шомили қалби Осиёи Марказӣ, Эрон ва Покистон қалби Осиёи ҷанубӣ, Муғулистон қалби Осиёи Шарқӣ ва кишварҳои Қафқоз ва Туркия қалби Осиёи Ғарбӣ гуфта мешаванд

«РӮШНОӢ»: Тарҳи Шумо аз тарҳи амрикоии «Осиёи Марказии Бузург» чӣ тафовут дорад?

НУРӢ: «Тарҳи Осиёи Марказии Бузург» фикр кунам бо ангезаҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ мехоҳад Осиёи Марказиро ба Осиёи Ҷанубӣ пайванд бизанад ва аз тариқи он энержии Осиёи Марказиро ба Осиёи Ҷанубӣ ва манотиқи дигар интиқол диҳад ва муҳимтар аз ҳама чашмандози як ҳамгироии пойдорро думбол намекунад, аммо тарҳи Қалби Осиё мубтанӣ бар пайвастагии ҷуғрофиёӣ ва иштирокоти таърихиву фарҳангӣ дар пайи эҷоди як иттиҳодияи роҳбурдӣ ва пойдори минтақаӣ миёни кишварҳои осебпазири минтақа аст. Муҳимтарин хусусияти минтақаи мавриди назари ман ин аст, ки дар он абарқудратҳои бузурги ҷаҳонӣ ва осиёӣ ҳузур надоранд ва минтақаи мавриди назари ман бар меҳвари яке аз қудратҳо шакл нахоҳад гирифт, балки монанди кишварҳои аврупоӣ миёни кишварҳои ҳамфарҳанг, ҳамсон ва аз назари ҷамъияту иқтисод тақрибан ҳамсатҳ шакл хоҳад гирифт.

«РӮШНОӢ»: Кишварҳои минтақа чӣ умумиятҳое доранд?

НУРӢ: Кишварҳои минтақаи мавриди назар илова бар пайвастагии ҷуғрофиёӣ дорои иштирокоти таърихӣ ва фарҳангӣ ҳастанд. Ҳамчунон ба лиҳози ҷамъият, масоҳати ҷуғрофиёӣ ва сатҳи иқтисодӣ дар муқоиса бо Чин, Ҳинд ва Русия тафовутҳои бисёр амиқ миёни кишварҳои минтақаи мавриди назар вуҷуд надорад.

«РӮШНОӢ»: Оё метавон интизор дошт, ки дар ҳоли пиёда шудани тарҳи «Қалби Осиё» чолишҳои мавҷуд дар минтақа, назири терроризм, бунёдгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ғайра, маҳор хоҳанд шуд?

НУРӢ: Аз диди ман, тамоми чолишҳои фавқ буъди минтақаӣ доранд ва бидуни ҳамкории кишварҳои минтақа наметавон бо он мубориза кард. Аз ҳамин хотир, ман тарҳи мазкурро пешниҳод намудам, то як нерӯи муштараки минтақаии мубориза алайҳи терроризм, маводи мухаддир ва ҷароими созмонёфтаи фаромиллӣ эҷод гардад.

«РӮШНОӢ»: Ба назари Шумо, чаро Осиёи Марказӣ ҳеҷ гоҳ як минтақаи воҳид нашуд ва агар ба таърих бингарем, ҳазорсолаҳо ба ин сӯ ҳар қудрате, ки дар Осиё ва Аврупо пайдо шуд, онро ба осонӣ забт кард?

НУРӢ: Ба хотири ин ки қудратҳои бузург ба кишварҳои кӯчак ва осебпазири минтақа ба унвони як тамаъ мебинанд ва якҷоиву ҳамгироии ин кишварҳоро ба нафъ худ намебинанд. Бино бар ин, ин вазифаи миллатҳо ва давлатҳои минтақа аст, ки ба хотири манофеъашон гирди ҳам биёянд.

«РӮШНОӢ»: Дар тарҳи даҳсолае, ки ба унвони “Тарҳи сулҳи пойдор ва назми пас аз НАТО ва Амрико дар Афғонистон” таҳия кардед, Шумо гуфтаед, ки Эрону Покистон ва Туркия бояд дар сиёсатҳои минтақаии худ тағйир ворид кунанд, то ба «Қалби Осиё» шомил шаванд. Онҳо чиро бояд тағйир диҳанд?

НУРӢ: Ба хотири ин ки онҳо дар минтақа иддаои бародари бузургро доранд ва ҳамчунон дар ин кишварҳо ҳанӯз созмонҳое вуҷуд доранд, ки ба кишварҳои ҳамсоя ба диди як тамаъ ва тобеъ мебинанд ва ин мафкура метавонад ба раванди ҳамгироӣ халал расонад.

«РӮШНОӢ»: Шумо зарурати бастани шартномаҳо бо қудратҳои бузургро мебинед, ки ба гумон аст, розӣ бошанд. Онҳо, ки худ садсолаҳо ба ин сӯ барои Осиёи Марказӣ меҷанганд ва аз ҳар зовия рақобат мекунанд (Русияву Англис ва ҳоло Русияву Амрико)?

НУРӢ: Аз замони “бозиии бузург” ва “ҷанги сард” то замони “ҷанг алайҳ терроризм” дар ҳудуди се сада мешавад, ки як рақобати вайронгар ва кӯр миёни қудратҳои бузург рӯи минтақаи мо ҷараён дорад. Дар ин рақобатҳо суд маълум нест, аммо зарари он ҳазинаҳои сангин ва шикастҳои сахте аст, ки дар “бозии бузург” бритониёиҳо ва дар “ҷанги сард” русҳо пардохтанд.

Ҳоло таърих дар ҳоли такрор шудан аст. “Ҷанг алайҳи терроризм” ба поёни он наздик шудааст ва қарор аст НАТО Афғонистон ва минтақаи моро тарк намояд. Ба лиҳози таърихӣ, ҳеҷ гоҳ шароите ба ин андоза барои поён бахшидан ба ин рақобатҳои вайронгар ва мафкураҳои кӯҳна фароҳам нашуда буд. Чунончи, раисҷумҳур Трамп мегӯяд: «Ҷанги бепоён, куштаҳои бешумор ва ҳар сол ҳазинаи панҷоҳмиллиардӣ дар Афғонистон… Мо хастаем ва онҳо хастаанд ва бояд ба ин ҷанги тӯлонӣ поён дода шавад».

Мо аз қудратҳои бузург он чизеро таваққӯъ дорем, ки кишварҳои аврупоии баъд аз Ҷанги ҷаҳонии дувум аз онҳо таваққӯъ доштанд. Аммо онҳо ин хостаи моро замоне қабул хоҳанд кард, ки мо миллатҳои минтақа аз манофеъи ҷамъиамон огоҳ шуда ва барои расидан ба он ҳаракат намоем. Ин кор мумкин нест магар бо роҳандозии «Ҷунбиши ҳамгироии миллатҳои Қалби Осиё».

«РӮШНОӢ»: Чун дар тарҳи шумо қудратҳои минтақаӣ, назири Эрону Покистон ва Туркия ҳастанд, ки дар минтақа рақобат мекунанд, фикр мекунед, Амрико ва Саудӣ минтақаро дар ихтиёри Эрон мегузоранд ва ё Ҳинд розӣ мешавад ин майдони рақобатро ба Покистон бозад? Русия мехоҳад, ки Осиёи Марказиро аз даст диҳад?

НУРӢ: Бо вуҷуди рақобатҳо, Туркия, Эрон ва Покистон аз ҷумлаи муассисони созмони ЭКО ҳастанд. Туркия аз узвият дар Иттиҳодияи Аврупо ноумед шудааст ва Эрон дар муҳосираи назмҳои минтақаии нороҳбурдӣ қарор гирифтааст ва роҳе ба ҷуз пайвастан ба минтақаи Қалби Осиё надорад. Ҳузури Покистон ҳамчунон ба далели ихтилофи назар бо Ҳинд наметавонад дар созмони SAARC (South Asian Association for Regional Cooperation — Анҷумани ҳамкориҳои минтақаии Осиёи Ҷанубӣ) муассир тамом шавад. Эҳтимоли зиёд дорад, ки дар баландмуддат роҳи худро аз SAARC ҷудо кунад ва ба созмоне дилгарм шавад, ки худ яке аз муассисони он аст. Қудратҳои дигар, монанди Амрико, Ҳинд ва Саудӣ ҳам ба хотири ин, ки ин минтақа ба дасти Русия ва Чин суқут накунад, маҷбур мешаванд зуҳури ин назми ҷадиди минтақаиро таҳаммул кунанд.

Қудратҳое монанди Амрико, Русия, Чин, Ҳинд ва Саудӣ нигаронии аслӣ ва ангезаи дахолаташон ин аст, ки дар Афғонистон ва минтақаи Қалби Осиё ҳукуматҳое ба вуҷуд наёяд, ки алайҳи онҳо бошанд. Аз диди ман, бо иттихози сиёсати бетарафии ҳамкориҷӯёна барои назми минтақаи Қалби Осиё метавон ба ҳама тарафҳо итминон дода ва заминаи эҷод ин назми ҷадиди минтақаиро фароҳам овард.

«РӮШНОӢ»: Шумо чандин тарҳи ҳамгироии минтақаиро ном бурдед, ки ҳатман пушташон кадом як қудрате бо сармояҳои бузург ҳаст. Оё тарҳеро, ки шумо ироа мекунед, чӣ пуштувона дорад?

НУРӢ: Шаклгирии назмҳои минтақаӣ бо иттико ба як қудрати бузург на танҳо нуқтаи қувваташон нест, балки яке аз нуқоти заъфу нопойдории онҳост. Намунаи он Иттиҳоди Шӯравии дирӯз бо меҳварияти Русия аст, ки боиси фурӯпошии он шуд. Баръакс далели пойдории Иттиҳодияи Аврупо ва созмони ASEAN (Association of South East Asian Nations — Анҷумани давлатҳои ҷанубу шарқи Осиё) дар ин аст, ки бар меҳвари қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ шакл нагирифтаанд.

«РӮШНОӢ»: Дар ҳол ҳозир то куҷо дар ин тарҳ пеш рафтаед? Чӣ дастовардҳое доштед?

НУРӢ: Ин тарҳ бо тамоми ҷавониби зидахл, аз ҷумлаи намояндагиҳои Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳодияи Аврупо, НАТО, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Биритониё ва Институти сулҳи Амрико, ҳукумат, раҳбарони сиёсии Афғонистон ва ҳайати Толибон дар Қатар шарик сохта шудааст ва аз сӯи баъзе аз ин мароҷеъ мавриди истиқбол қарор гирифтааст. Интизор дорем бахшҳое аз ин тарҳ шомили тавофуқоти сулҳ гардад. Дар сурате ки ин кор нашуд, мо бо роҳандозии «Ҷунбиши ҳамгароии миллатҳои Қалби Осиё» барои таҳаққуқи ин тарҳ ба талошҳоямон идома медиҳем.