Оё баҳс бо мухолифони эмгузаронӣ манфиат дорад?

24 сентября 2019
1064
Муаллиф: Rushnoi.org
Акс аз «Се нуқта»

Бо онҳое ки ба ҳамвор будани замин бовар доранд ва далелҳои таъғирёбии иқлимро рад мекунанд, баҳс кардан ба манфиат аст? Дар бисёр ҳолат чунин мубоҳисаҳо метавонад бефоида намоянд. Пажӯҳиш дар маҷалаи “Nature Human Behavior”, нишон додааст, ки чунин баҳсҳои зоҳиран нолозим, метавонанд ба манфиат бошанд.

✅Тадқиқот чихел гузаронида шуд?

Филипп Шмид ва Корнелия Бетш аз донишгоҳи Эрфурти Олмон бо 1773 нафар 6 таҷрибаи онлайнӣ гузарониданд, то ин ки роҳҳои рад кардани далелҳои мухолифони илмро фаҳмида тавонанд. Баҳсҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва телевизион сурат гирифт. Бисёр вақт “ҳомиёни илм” бо дили нохоҳам ба ин гуна баҳсҳо ворид мешаванд, зеро метарсанд ки аз манфиат дида бештар шояд зарар мерасонанд.

Дар аввал ҳама иштирокдорони пажӯҳиш бо мухолифони эмгузорӣ сӯҳбат карданд. Баъдан ба онҳо нохост раддия дар асоси усул ва раддия ва дар заминаи мавзӯ ва усул пешниҳод карданд. Ҳамаи ин ба он равона шуда буд, ки ба мухолифони илм нуктаи назари дигарро пешниҳод созанд. Дар шакли аввал раддия аз далелҳои илмӣ иборат буд. Дар шакли дуюм номувофиқиҳои мантиқӣ истифода шуданд. Дар шали сеюм тавре Шумо пай бурдед, ҳар ду шакл истифода шуд. Пажӯҳишгарон муносибат ба эмгузориро пеш ва баъд аз мубоҳиса санҷиданд. Ҳамин тариқ пажӯҳишро дар мавзӯи таъғирёбии иқлим низ гузарониданд. Шмид ва Бетш ошкор карданд, ки нодида гирифтани онҳое, ки илмро рад мекунанд хатарнок аст.

“Баромади оммавие, ки дар он танҳо як нафар мухолифи илм баромад мекунад, ба аудитория таъсири кушанда дорад”- мегӯянд онҳо.

Бисёр одамон баъд аз сӯҳбат бо мухолифони эмгузорӣ муносибаташонро ба он бадтар карданд ва изҳор доштанд, ки да оянда шояд аз он худдорӣ кунанд.

✅Чӣ ошкор гардид?

Ин таҷриба дар асоси пажӯҳиши Ван дер Линден гузаронда шуд, ки вай исбот карда буд, ки раддия вобаста ба мавзӯ (тасдиқи ваксина – роҳи бехатари пешгирӣ аз бемориҳост) ё раддия аз рӯйи усул (ягон дору 100% бо манфиат буда наметавонад) то андоазе таъсири далелҳои мухолифонро ба аудитория кам мекунад. Тибқи пажӯҳиш ҳар ду усул якхел боманфиат будаанд. Ҷолиб ин ки раддия аз рӯйи усул барои иштирокчиёни суннатӣ таъсири сахт дошт. “Аудиторияҳое, ки дар муқобили паёмҳои мухолифони эмгузаронӣ заъфпазир буданд (одамоне бо сатҳи пасти эътимод ба ваксинаҳо ва суннатгароёни ИМА), ба раддия аз рӯйи усул ва мавзӯ бовар карданд, — менависанд Шмид ва Бетш. –Ҳаминтавр ҳомиёни илм набояд аз аудитория дур бираванд, зеро тавре ҳадс зада мешавад аз нав бовар кунонданаи оно душвор мешавад”.

✅Оё ин баҳс маънӣ дорад?

Албата, иштирок дар баҳсҳо – доруи мӯъҷизанок аз ҳама бемориҳо нест. Муаллифони пажӯҳиш мегӯянд: “Бархурди мухолифон ва ҷонибдорони илм дар баҳсҳои ҷамъияӣ метавонад яке аз заминаҳои машваратшуда оид ба пурзур кардани мубориза зидди иттилооти нодуруст боад. Аммо агар Шумо дар шарҳҳои ҳамсинфи худ дар Фейсбук чунин мавзӯро мушоҳида кардед – дахолат кунед. Ҳатто агар фикр кунед, ки ин бефоида аст. Дар асл каме ҳам бошад манфиат меорад ва аммо аз иштирок дар баҳс даст кашидан таъсири бадтар дорад”. Аммо ҳар як қоида истисноҳои худро дорад. Ҳомиёни илм метавонанд аз иштирок дар баҳс даст кашанд. Дар ин ҳолат баҳс ба вуҷуд намеояд. Ба ин натиҷа ҳам бояд арҷ гузошт, ки ин ҳолат таъсири манфӣ ба аудиторияро пешгирӣ мекунад. Зеро хоҳ нохоҳ овозаҳо оид ба зарари эмкунӣ ва мисли ин чизҳои зидди илмӣ ба аудиория таъсир мекунад, ҳатто агар дар баҳс онҳое иштирок кунанд, ки ҷонибдори илм ҳастанд.

Мавод аз рӯйи мақолаи сомонаи niemanlab.org таҳия шудааст.

манбаъ: Три.точки. Знай, что смотришь!

 

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД