Аз “Худро бисанҷ” то “Ҷиноят дар Смолвил”. Дар ҳакатони расонаомӯзии Душанбе чӣ лоиҳаҳо муаррифӣ шуданд? (+АКС)

30 сентября 2019
212
Муаллиф: Rushnoi.org

Чанд моҳи оянда дар фазои расонаии Тоҷикистон дасти кам 7 абзоре пайдо мешавад, ки ба мавзӯи саводи расонаӣ дахл доранд. Ин лоиҳаҳо, ки аз сомона ва замима барои телефонҳои мобилӣ иборатанд, дар як ҳамоиш дар шаҳри Душанбе муаррифӣ шуданд.

Ҳакатон-2019/акс аз Rushnoi.org

 Пойтахти Тоҷикистон дар рӯзҳои истироҳатӣ мизбони марафони барномасозон буд, ки ҳамчун “ҳакатон” маъруф аст. Ин ҳакатон “Расонаомӯзӣ оид ба абзорҳои рақамии интерактивӣ” ном дошт ва наздики 40 мутахассиси IT, бо шумули барномасозу тарроҳи сомона, инчунин хабарнигорон иштирок доштанд. Муҳаммадӣ Ибодуллоев, раиси Бунёди ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет” 28 сентябр дар расми шурӯи ин ҳакатон ҳадафи созмон додани онро “дарёфти идеяҳои беҳтар ҷиҳати баланд бардоштани саводи расонаии сокинони кишвар” унвон кард.

Рустам Гулов, коршиноси расонаӣ дар мавриди зарурати шакл додани тафаккури интиқодӣ дар одамон суҳбат кард ва таъкид намуд, ки ҳоло мафҳуми расона хеле фарохтар аз шинохти суннатии он шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло месенҷерҳо, навиштаи рӯи қуттии шир ва ҳатто либос метавонад нақши расонаро бозӣ кунад ва дар ин ҷараён доштани тафаккури интиқодӣ амри зарурӣ аст. Фариштамоҳ Гулова, раҳбари ташкилоти “Имкониятҳои баробар” аз хатарҳои афзояндаи интернет ва роҳҳои ҳифзи маълумоти шахсӣ гуфт.

Дар қисмати дигар, иштирокдорони ҳамоиш ба 5 даста ҷудо шуда, то нимаи дуввуми рӯзи 29 сентябр рӯи лоиҳаҳои худ кор карданд. Муҳимтарин нукта, ки бояд ҳар даста дар ҷараёни амалӣ намудани идеяи хеш ба он тамаркуз мекард, ба расонаомӯзӣ рабт доштани он буд.

Пас аз асри рӯзи дуввуми ҳакатон гуруҳҳо ба муаррифии лоиҳаҳо шурӯъ карданд. Пас аз қуръакашӣ навбати аввали муаррифӣ ба дастаи «Smart Tech» рост омад. Ин тим аз панҷ нафар иборат буд ва якбора се абзорро муаррифӣ кард. Нахуст як сервис барои сохтани тест ё санҷишномаҳо, ки барои баланд бардоштани мизони саводи расонаӣ равона шудааст. Таъкид шуд, ки онро худашон аз сифр сохта ва қолабҳои нимтайёри мавҷуд дар интернетро истифода накардаанд. Ва абзоре, ки бештар ба аъзои ҳакамон писанд омад, абзор барои муайян кардани аслӣ ё ҷаълӣ будани суратҳо аст. Акс ба ин абзор ворид мешавад ва агар он тавассути фотошоп иваз шуда бошад, маълум мегардад.

Гуруҳи Smart Tech лоиҳаи худро муаррифӣ мекунад/акс аз Rushnoi.org

Гуруҳи «Smart Pupil» абзореро муаррифӣ намуд, ки ба он “Худро бисанҷ” ном додаанд ва бештар барои хонандаҳои мактабҳои миёна пешбинӣ шудааст. Он як санҷишномаи тестӣ аст, аммо ҳамзамон барои истифодабаранда маълумотҳои муфид, аз ҷумла чӣ будани расонаомӯзиро пешниҳод мекунад. Як хусусияти фарқкунандаи ин обзор аз санҷишномаҳои дигар дар он аст ки “10-гонаи хонандаҳои беҳтарин”-ро, ки ин санҷишномаро гузаштаанд, муайян менамояд. Ба гуфтаи аъзои гуруҳ, ҳар мактаб метавонад, барои хонандаҳои худ саволҳои мувофиқро пешниҳод кунад.

Муаррифии дастаи Smart Pupil/акс аз Rushnoi.org

Лоиҳаи гуруҳи “Trinity” таъсиси як “сомонаи зард” буд, ки саҳифаи аввали он бо сарлавҳаҳои сенсатсионӣ диққати хонандаро ҷалб месозад ва вақте шумо мехоҳед, хабарро пурра мутолиа кунед, ба шумо пешниҳод мешавад, ки барои вуруд ба дохили сомона нахуст тавассути яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ, почта ё фиристодани шумораи телефон худро сабт намоед. Вақте барои мисол шумо ишораи Фейсбукро зер мекунед ва бо навиштани ном ва рамзи худ тугмаи вурудро зер мекунед, огоҳии “Ба даст афтодед!” пайдо мешавад ва пасон шарҳ дода мешавад, ки набояд маълумоти шахсии худро дар сомонаҳои гуногун бифиристед. Ба гуфтаи гуруҳ, ин сомона барои баланд бардоштани саводи расонаии одамон ва ҳифзи маълумоти шахсӣ маълумоти зиёдеро пешниҳод мекунад.

«Trinity»/акс аз Rushnoi.org

Гуруҳи “Насли нав” замимае таъсис доданист, ки “Гигиенаи иттилоотӣ” ном дорад ва он барои санҷидани дурустии хабарҳо кумак мекунад. Созмондиҳандаҳои он гуфтанд, корбарон ҳар хабареро, ки ба дурустии он шубҳа карданд, дар ин замима ворид мекунанд ва он тавассути баззаи сомонаҳои марбут ба фактчек онро месанҷад ва муайян мекунад, ки хабар дуруст аст ё фейк. Ҳамзамон ин гуруҳ замимаи дигареро бо номи “Фейк ё рост” таҳия кардааст, ки барои шинохти хабарҳои рост аз дурӯғ кумак мекунад.

«Насли нав»/акс аз Rushnoi.org

Гуруҳи “GenTech” як бозиро муаррифӣ карданд, ки тибқи сужаи он корбар ё бозигар дар нақши детектив ҷиноятҳоро ошкор мекунад. Ӯ паём мегирад, ки дар кадом як ҷое куштор анҷом шудааст ва онҷо худи ӯ дар анҷоми ин куштор муттаҳам мешавад. Ва ӯ барои исботи бегуноҳӣ барои пайдо кардани ҷинояткор шурӯъ мекунад. Ба гуфтаи гуруҳ, барои пайдо кардани ҷинояткор вай аз манбаъҳои гуногуни интернет истифода мекунад ва ба ин васила ба корбарон маълумотҳои муфид дар мавриди расонаомӯзӣ пешниҳод мегардад.

«Gen Tech» қабл аз муаррифии лоиҳаи худ/акс аз Rushnoi.org

Пас аз муаррифии лоиҳаҳо, ҳайати ҳакамон, ки аз панҷ нафар иборат буд, кори дастаҳоро дар варақаҳои махсус баҳогузорӣ намуд. Дар натиҷа гуруҳи

«Smart Pupil» мақоми аввал (5000 сомонӣ), дастаи «Smart Tech» ҷойи дуввум (3000 сомонӣ) ва  “Trinity” зинаи сеюм (1000 сомонӣ)-ро сазовор шуданд.

Ду нафар аз масъулини ҳакатон давоми ду моҳ бо дастаҳои ғолиб барои пурра анҷом додани лоиҳа ва амалӣ намудани он ҳамкорӣ мекунанд. Гузашта аз ин, дастаҳои дигар низ эълон карданд, ки рӯи беҳтар шудани лоиҳаҳои худ кор мекунанд ва онро амалӣ мекунанд.

«Ҳакатон-2019: расонаомӯзӣ оид ба абзорҳои рақамии интерактивӣ» аз сӯи Бунёди ҷамъиятии Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет бо дастгирии Намояндагии “Интернюс” дар Тоҷикистон баргузор шуд.

ЧАНД АКС АЗ ҶАРАЁНИ БАРГУЗОРИИ «ҲАКАТОН-2019»:

МАЪЛУМОТИ БЕШТАР ДАР МАВРИДИ ЛОИҲАҲОИ ПЕШНИҲОДШУДА ДАР ҲАКАТОНИ ДУШАНБЕ ИНҶОСТ