“Хатари ҷанубӣ” — аз Амир Олимхон то ДОИШ (ҚИСМИ 3)

18 октября 2019
303
Муаллиф: Фахриддини Холбек

ҚИСМАТИ АВВАЛ: “ҶИҲОД – БОСМАЧИГАРӢ”

ҚИСМАТИ ДУВВУМ: “ҶАНГИ АФҒОН”

 

 

Шӯравӣ гӯиё рафт, то исломиҳоро дар Афғонистон саркӯб кунад, аммо кор ба ин ҷо кашид, ки онҳо дарашро сахт кӯфтанд. Сарнавишти Шӯравӣ дуруст ба ҳамон гурги масали Иван Крилов мемонд, ки фикр кард, ба оғили гӯсфандон омадааст, аммо уфтод дар сагхона.

Дар замони ҷиҳод муҷоҳидини афғон пуштибони қавиеро дар симои Амрико пайдо карданд. Ду сол пас аз вуруди Шӯравӣ ба хоки Афғонистон ҷумҳурихоҳ Роналд Рейган (1981 – 1989) дар ИМА ба қудрат расид. Ӯ Вилям Кейси, як ҷумҳурихоҳи дигарро раҳбари CIA (1981 – 1987) таъйин кард. Он чӣ ҳардуро ба ҳам мепайваст нафрат ва душмании беандоза бо коммунизму Шӯравӣ буд.

Роналд Рейган ва Вилям Кейси/акс аз libеrtygаlаxy.cоm

Рейган аз оғоз як стратегияеро барои пирӯзӣ бар Иттиҳоди Шӯравӣ таҳия кард, ки баъдҳо дар қатори 10 доктринаи сиёсати хориҷии Амрико ба “Доктринаи Рейган” маъруф шуд. Ин доктрина ва аҳдофи пинҳонаш Иттиҳоди Шӯравиро нишон гирифта буд. Амрикоиҳо чун тавонистанд русҳоро дар доми Афғонистон гир андозанд, тарҳи ҳамлаи густарда ба манзури комилан шикаст додани Шӯравӣ ва пирӯзӣ дар “ҷанги сард”-ро рӯи даст гирифтанд. Дар радифи бастани роҳи нафаси иқтисоди Шӯравӣ – ба таври сунъӣ коҳиш додани қимати нафт ва дигар тадобири иқтисодӣ, онҳо ду захми дигар – Лаҳистон ва Афғонистонро ҳадафи фишорҳои худ қарор доданд.

CIA ё Созмони истихбороти марказии Амрико бар иловаи тақвияти муҷоҳидин дар Афғонистон ба тарҳи хеле пурмоҷаро – интиқоли “ҷиҳоди афғон” ба қаламрави Шӯравӣ, дақиқтараш Осиёи Миёна даст зад. Вилям Кейси, райиси CIA пинҳон намедошт, ки мехоҳад бо дасти афғонҳо “хуни бештари русҳоро резонад” ва “қасоси шикасти Ветнамро ситонад”. Барои иҷрои ин тарҳ CIA бояд дар ду ҷабҳа кор мекард: яке, худи Осиёи Марказӣ ва дигаре, шимоли Афғонистон.

Он чӣ Шимоли Афғонистонро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ пайванд медод, мардуми ду тараф – тоҷикону ӯзбекҳо, туркманҳову қазоқҳо ва қирғизҳо буданд, ки умумиятҳои таърихиву фарҳангӣ ва мазҳабӣ доштанд. Амрикоиҳо бо истифода аз ин муштаракот мехостанд мардуми ду сӯи Омуро ба ҷони русҳо дарандозанд, ки муҳаррик ва соҳиби аслии импературии Шӯравӣ ба ҳисоб мерафтанд ва бо зӯри силоҳ Осиёи Миёнаро забт намуда, бо иттифоқи Бритониё онҳоро пора-пора карда буданд.

Истихбороти Амрико нерӯҳои исломӣ ва миллигаро дар Осиёи Марказиро аз ҳамон солҳои 70–и қарни 20 мавриди омӯзиш ва таваҷҷӯҳи хос қарор дода буд. Бахусус, сафорати Амрико дар Маскав вазифа дошт, ки ҳар чӣ тавон дорад, онҳоро омӯзад ва онҳоро барои заиф сохтани Шӯравӣ истифода кунад. Яке аз чунин афрод, ки ҳамчунин маъмурият дошт, Эдмунд Маквилямс буд. Он замон мавсуф агарчи орзу дошт, аммо ҳеч тасаввур намекард, ки соли 1992 минҳайси сарпараст сафоратҳои Амрико дар Қирғизистон (1 феврал) ва Тоҷикистон (13 март)-ро расман ифтитоҳ хоҳад намуд.

Хизмати Маквилямс дар сафорати Амрико дар Маскав (1983-1986) ба замони “ҷиҳоди афғон” рост меояд. Ӯ ва ҳамкоронаш аз маъмурияти худ дар умури Осиёи Миёна ба Вашингтон чӣ иттилоъ медоданд, барои мо маълум нест (талоши муаллиф барои тамос бо Эдмунд Маквилямс то ҳол идома дорад). Аммо ӯ ва пешиниёнаш эҳтимолан иттилооти ҷолибе аз рӯҳияҳои зиддишӯравӣ ё зиддирусӣ дар Осиёи Миёна ба даст оварда, ба Вашингтон гузориш медоданд. Ба ҷуз аз он таҳаррукоте, ки миёни доираҳои динӣ мушоҳида мешуд, дар Осиёи Марказӣ ихтилофҳои миллӣ низ ба як дардисари ҳукумати Шӯроҳо табдил ёфта буданд.

Муаллифи ин сатрҳо ҳанӯз соли 1990 бо Раҳим ном як сокини ноҳияи Ленин (Рӯдакии имрӯз) сӯҳбат карда буд, ки мегуфт, ахири солҳои 70 ва ибтидои 80 як гурӯҳеро дар Душанбе сарварӣ мекард, ки ҳадафаш танҳо муқобила бо ҷавонони руси муқими Душанбе буд: “Гурӯҳи ман ҳудуди 300 ҷавон аз навоҳии атроф ва маҳаллаҳои Кӯҳдоману Зайнаббибии пойтахтро муттаҳид мекард. Уқдамандии мо аз ин буд, ки русҳо дар пойтахти мо ҷоҳу мақом доштанд, аммо мо дар шароити вазнини деҳот зиндагӣ мекардем. Ҳар гоҳ зиддияте бо ҷавонони руси шаҳр пеш меомад, мо ба масофи онҳо мерафтем. Вақте идораи амнияти кишвар аз фаъолияти мо хабардор шуд, ҳамагӣ рӯ ба фирор овардем. Ман рӯйхати афродамро оташ задам ва бо хидмати артиш ҷонамро халос кардам. Дар мақомоти қудратӣ низ афроде буданд, ки ба мо хайрхоҳӣ мекарданд”.

Як муҳассили собиқи мактаб – интернати шаҳри Чкаловски вилояти Ленинобод (Суғди имрӯз) қисса кард, ки солҳои 70–ум хонандагони ин мактаб созмони махфиеро ба унвони “Суғдиён” низ барои муқобила бо русҳо ташкил дода буданд, зеро сокинони шаҳр аксаран русҳо буданд ва бачаҳои рус ҳатто намегузоштанд, ки хонандагон аз ҳудуди мактаб-интернат хориҷ шаванд.

“Вақте фаъолияти ин созмон низ барои КГБ ошкор шуд, ҳеч яки мо дигариро нафурӯхт, магар ин ки як нафари фошшударо аз мактаб хориҷ карданд” – афзуд ҳамсуҳбати ман.

Даргириҳои кӯчагӣ бо русҳо дар шаҳрҳои дигари Осиёи Миёна, назири Тошканду Алма-ато низ ба вуқӯъ мепайваст, аммо мақомоти амниятии Шӯравӣ ба зудӣ онҳоро фурӯ менишонданд, то гап калон нашавад ва хабарҳо ба берун дарз накунанд. Аммо пойгоҳҳои иттилоотии хориҷӣ, аз ҷумла радиоҳои “Озодӣ” ва “Садои Амрико”, ин ахборро ҳамон шабу рӯз пахш мекарданд, ки тариқи дастгоҳҳои қавии радиоии шӯравӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна қобили шунуд буданд. Ин созмонҳо худҷӯш буданд ё аз хориҷ таҳрик мешуданд, барои ҳамсӯҳбатони ман рӯшан нест.

Бино ба гуфтаи марҳум Мӯъмин Қаноат, Шоири Халқии Тоҷикистон, ки аз фарҳангиёни маъруф ва дахил дар сиёсатҳои Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт, ҳанӯз соли 1948 ҳаракати сиёсии зиддишӯравие дар Мюнхени Олмон ба раҳбарии Боймирзо Ҳайити Чустӣ ташкил шуда буд. Устод Қаноат дар сӯҳбате, ки дар аввалин ва охирин шумораи нашрияи «Ҳафта» (15. 01. 2014) нашр шуд, мегӯяд:

“Ин ҳаракат дар барҳам задани Шӯравӣ нақш дошт. Бубинед, Уинстон Черчил, сарвазири Англия соли 1947 дар парламент суханронӣ карда, гуфт: “Ҷанги ҷаҳонӣ тамом шуд, аммо ҷанг давом дорад”. “Ҷанги сард”-ро дар назар дошт ӯ. Пӯлод Толису Улуғзода ва то ба Маҳмудҷон Воҳидов қурбонии ҳамин ҳаракати Боймирзо Ҳайит шуданд! Ин ҳаракат то дерзамон фаъолият дошт. Ҳайит, ки дигар пир шуда буд, ба ҷойи худ муовин меҷуст, албатта, аз мардуми Фарғона. Дар яке аз сафарҳои Пӯлод Толис дар кадом як ҷашнвораи ҷавонҳо дар Берлин чӣ хеле мешаваду бо ӯ сӯҳбат мекунад. Инро КГБ–и Шӯравӣ мефаҳмад ва натиҷа ин шуд, ки Толис нобуд гардид. Азиз Улуғзода, котиби комсомоли МГУ (Донишгоҳи давлатии Маскав) буд ва чандин забонро медонист. Ӯро бурданду ба ҷойи Ҳайит омода карданӣ шуданд, ки ҳаракаташон фурӯ афтод. Ман аз ин ҳама ҳаракатҳову ташкилотҳо бохабарам”.

Хулоса, дар замони Рейган масъалаи Осиёи Миёна барои Амрико хеле ҷиддӣ шуд ва он ҳам ба ин хотир, ки онро CIA нуқтаи заъфи Шӯравӣ ташхис дод. Кейси онро “шикамчаи нарми Шӯравӣ” меномид, ҷое, ки мешуд осон зарба зад, аммо дарди ҷонкоҳеро ба вуҷуд овард. Маъмурияти интиқоли “ҷанги афғон” ба Осиёи Марказӣ ё эҷоди як “хатари ҷанубӣ”–и дигарро маҳз ин наздиктарин фарди Рейган ва “қудратмандтарин райиси CIA дар таърихи Амрико” ба зимма дошт.

Ӯ апрели соли 1981 барои ба даст овардани пуштибонии Арабистони Саудӣ ба Риёз омад ва бо раиси истихбороти он — Туркӣ Файсал ба мулоқот нишаст. Туркӣ аз ин барномаи Амрико пуштибонӣ ва тааҳҳуд кард, ки кӯмаки молӣ анҷом хоҳад дод.

Петер Швейсер, рӯзноманигори амрикоӣ ва муаллифи китоби “Пирӯзӣ. Нақши стратегияи пинҳонии маъмурияти ИМА дар фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва урдугоҳи сотсиалистӣ” ба нақл аз огаҳони мӯҳтавои ин мулоқот менависад: “Туркӣ ба ӯ (Кейси) итминон дод, ки шоҳ (Холид) Осиёи Миёнаро нуқтаи аз ҳама заифи империяи Шӯравӣ меҳисобад. Аз ин хотир, ӯ ният дорад қудрату кайфияти расонаҳои мазҳабиву зиддикоммунистиро дар Афғонистон ва Осиёи Миёна афзоиш диҳад. Шоҳ худро пеши бародарони мусулмони мо, ки дар зери юғи Русияанд, масъул медонад. Арабистони Саудӣ дар садад аст қочоқи густардаи Қуръонро ба Афғонистону сипас Осиёи Миёнаи Шуравӣ ба роҳ монад. Ҳамон тавр ки вай изҳор дошт, ин роҳе барои набарди идеологӣ бо шуравиҳо буд. «Худо бо мост», — хулоса кард Туркӣ.

Кейси аз ин пешниҳод хуш шуд ва ба ҳамсӯҳбаташ маслиҳат дод, ки дар маводи таблиғотии худ иттилоот дар бораи ваҳшигариҳои Шӯроҳо дар Осиёи Миёна ва Ҷанги дуюми ҷаҳонро истифода кунанд”.

Ҳамин тавр, Кейси муттаҳиди худ ва як ҳаводору сармоягузори дигари тарҳи интиқоли “ҷанги афғон” ба Шӯравиро пайдо кард. Акнун ӯ ба иҷрогарони ин тарҳ ниёз дошт. Чӣ тавр ва бо кӣ ин барномаро мешуд амалӣ кард? Амрико худ ҳеч роҳу васила ва дастрасӣ ба марзҳои Шӯравӣ надошт. Фақат ду кишвар – Покистон ва Чин метавонистанд ҳамдасти Вашингтон дар ин тарҳи пур аз моҷаро бошанд, аммо онҳо низ аз авоқиби ҳамкорӣ дар кори таҷовуз ба хоки Шӯравӣ ҳарос доштанд. Ин як гапи одӣ набуд. Иттиҳоди Шӯравӣ, ки мустақим ба марзҳои Покистон (нерӯҳои шӯравӣ дар Афғонистон дар марзҳои ин кишвар қарор доштанд) ва Чин дастрасӣ дошт, метавонист онҳоро гӯшмоли сахт диҳад. Барои Амрико низ метавонист дар саросари ҷаҳон “армуғонҳо” офарад. Инро Кейси хуб мефаҳмид. Аз ин хотир, аз ҷузъиёти тарҳи ӯ дар Шӯрои амнияти Амрико фақат ӯ, президент ва як дойираи хеле маҳдуд хабар доштанд.

Ахтар Абдураҳмон/акс аз Фейсбук

Тирамоҳи ҳамон сол Кейси бори аввал ба дидори Ахтар Абдураҳмон, райиси Созмони истихбороти Покистон (ISI — Inter-Services Intelligence) омад. Генерал Ахтар бештар аз ҳама мақомоти покистонӣ дар умури Афғонистон дахил буд. Аммо сӯҳбати раҳбарони ду созмони қудратманди ҷаҳонӣ аз мавзӯъи таъмини муҷоҳидини афғон бо силоҳ берун нарафт. Ин як масъалаи доғи он рӯзҳо буд. Кейси ба фаросат дарёфт, ки ҳанӯз замони баррасии масъалаи интиқоли ҷанг ба Иттиҳоди Шӯравӣ бо Покистон фаро нарасидааст.

Кейси ба Чин рафт, кишваре, ки Амрико ҳарифи идеологии худ мехонд, аммо он замон ҳарду як душмани муштарак доштанд – Иттиҳоди Шӯравӣ. Раиси CIA мавзӯъи Осиёи Миёнаро ба миён гузошт. Маскаву Пекин то он замон ҳам мекӯшиданд дар қаламрави якдигар низоъҳои мазҳабиву қавмиро доман зананд. Маскав Шинҷон – Ӯйғурро таҳрик медод, Чин ҳам дасисаҳоеро дар қаламрави Шӯравӣ анҷом медод.

4 декабри соли 1980 сарвазири Қирғизистон Султон Иброҳимов ҳини хоб дар истроҳатгоҳе дар шарқи Фрунзе (ҳоло Бишкек) бо зарби ду тир ба сараш аз сӯи афроди номаълум кушта шуда буд. КГБ дар ин кор тундгароҳои мусалмон ва Чинро муттаҳам кард. Ин ҳодиса ҳам пас аз он рух дод, ки дар вилояти Шинҷону Ӯйғури ҳаммарз бо Қирғизистон октябри 1980 беназмиҳо ба вуқӯъ пайвастанд. Бино ба навиштаи Швейсер, Ванг Зен, узви Бюрои сиёсии Ҳизби коммунисти Чин, ки ба маҳалли ҳодиса омада буд, ба «шоҳҳои нав»–е ишора кард, ки дар имтидоди марз ба сӯи Чин «шохчаҳои худро дароз мекунанд». Зен дар ин макон гузоришҳои таблиғотиеро аз Фрунзе мешунид, ки аз Пекин интиқод ва ба муқовимат алайҳи ҳукумати Чин даъват мекарданд.

Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тошканд, Алма-ато ва Фрунзе радиоҳоеро фаъол карда буд, ки бо забонҳои туркиву чинӣ алайҳи Чин таблиғ мекарданд ва шиорҳои зиддичинӣ медоданд. Таваҷҷӯҳи хос ба мусалмонони Чин, бахусус Шинҷону Ӯйғур дода мешуд.

Чиниҳо низ аз ин васоил истифода мекарданд. Онҳо нав мавҷҳои “Радиои Урумчи”–ро тақвият дода буданд, ки дар саросари Осиёи Марказӣ садо медод. Швейсер менависад: “Кейси ба чиниҳо варақаҳоеро, ки муҷоҳидин барои Тоҷикистону Ӯзбекистон чоп карда буданд, пешниҳод кард. Ин ибтикори афғонҳо буд ва Кейси мехост онро пуштибонӣ кунаду таблиғро “ба роҳ андозад”. Кори нозук буд, чун чиниҳо метавонистанд ба ташдиди ихтилофоти қавмӣ розӣ нашаванд. Ин кор ба онҳо вазъи мушкилу печидаеро халқ мекард. Доираи нуфузи ислом, чун коммунизм, ҳудуд надорад… Ба бахти Кейси, истихбороти Чин, бо ин вуҷуд, розӣ шуд дар ин кор ширкат кунад. Раиси он гуфт, ки Шӯроҳо дар ҷануб нармтаранд. Ҳатто Кейси беҳтар аз ин гуфта наметавонист. Католики ню-йоркии ирландиасл ва коммунисти деҳқонзода аз музофоти Хуннан ба як забон ҳарф мезаданд”.

Кейси бо чиниҳо низ мавзӯъи интиқоли “ҷанги  афғон” ба Осиёи Марказиро баррасӣ накард, зеро ӯ бо онҳо мушкили таъмини нерӯҳои муҷоҳидини афғон бо силоҳу муҳимоти ҷангиро, ки Амрикову Покистон доштанд, ҳал кард. Ин як дастоварди бузурге буд. Чин пас аз ин на фақат шарики кори онҳо дар Афғонистон, балки ба бузургтарин таъмингари силоҳу муҳимоти ҷангии муҷоҳидини афғон табдил ёфт, албатта, бар ивази пулҳои ҳангуфте, ки барояш аз сӯи Амрикову кишварҳои Халиҷ пардохт мешуд.

Иттиҳоди Шӯравӣ он рӯзҳо Чину Покистонро барои кӯмакҳояшон ба муҷоҳидини афғон шадидан интиқод ва ҳам таҳдид мекард, аммо инро, ки амрикоиҳо чӣ нақшаҳое дар Осиёи Миёна доранд, пай намебурд. Кейси бо эҳтиёт ба сӯи иҷрои тарҳи худ пеш мерафт. Бахт ба рӯи ӯ фақат соли 1983 хандид…

(Идома дорад)