Муаррифии базаи ҳуқуқии Тоҷикистон дар мубориза ва муқовимат бо ифротгароӣ ва терроризм

08 февраля 2020
967
Муаллиф: Rushnoi.org

Бунёди ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет” 7 феврал дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон барои рӯзноманигорон мизи гирдеро созмон дод.

Дар ин чорабинӣ хабарнигорони расонаҳои фаъол дар шаҳри Бохтар ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар иштирок намуданд.

Ранжет Ятимов, ҳуқуқшиноси ТҶ “Хома” Базаи ҳуқуқии Тоҷикистон дар мубориза ва муқовимат бо ифротгароӣ ва терроризмро барои иштирокдорон муаррифӣ кард. Ӯ дар мавриди санад ва қонунҳои марбут ба мубориза ва муқовимат бо ифротгароӣ ва терроризм дар Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намуд ва шеваҳои дурусти навиштани матлаби журналистиро дар чорчуби қонунҳои амалкунанда шарҳ дод.

Бунёди ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет” чунин нишастҳоро дар 6 минтақаи кишвар дар нақша дорад.

Ин чорабиниҳо дар чорчуби лоиҳаи «Таҳкими устувории расонаҳо ва намояндагони мақомот дар паҳн кардани иттилоъ дар мавриди ифротгароии хушунатбор ва терроризм дар Тоҷикистон» пиёда мешаванд.