Машғулиятҳои омӯзишӣ барои журналистон дар Бохтар

24 февраля 2020
1034
Муаллиф: Rushnoi.org

 Бунёди ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет” рӯзҳои 20 то 22-и феврал дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон машғулияти омӯзишии серӯза баргузор кард.  

Ранжет Ятимов

Дар ин машғулиятҳо ҳудуди 20 хабарнигор ва донишҷӯи риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар иштирок доштанд. Иштирокдорон шеваҳои дурусти таҳияи матлаб дар мавзӯоти марбут ба ифротгароии хушунатбор ва терроризмро омӯхтанд. Ҳуқуқшиноси бахши ВАО, корманди ТҶ “Хома” — Ранжет Ятимов тамоми санаду қонунҳои марбут ба муқовимат бо экстремизм ва мубориза бо терроризмро ба таври мухтасар шарҳ дода, перомуни ҷавобгариҳои пешбинишуда дар қонунгузории миллӣ барои риоя накардани қонунҳои муқовимат бо ифротгароӣ ва мубориза бо терроризм, инчунин аз таҷрибаи додгоҳии баррасии парвандаҳои марбут ба ифротгароӣ ва терроризм суҳбат кард.

Рӯзноманигори тоҷик Хуршед Назаров, ки таҷрибаи тӯлонии кор дар нуқтаҳои доғи кишварҳои хориҷро дорад, истилоҳот ва маънии онҳоро шарҳ дод: “ифротгароии хушунатбор чӣ аст?, терроризм чӣ аст?, муқовимат бо ифротгароии хушунатбор чӣ маънӣ дорад?, “неруҳои таҳрикдиҳанда”-и ифротгароии хушунатбор чӣ ҳастанд, омилҳои ҷалбкунанда кадомҳоянд?, “худифротишавӣ” чист?, устуворӣ чист ва роҳҳои ҳимоят аз падидаҳои манфӣ кадоманд?

Коршиноси ВАО Иззатманд Саломов дар мавзӯи “Журналистикаи мавзӯъҳои ҳассос” суҳбат намуд. Бо истифода аз усули бозӣ ба иштирокдорон мафҳум ва шеваҳои дурусти инъикоси мавзӯъҳои ҳассосро пешниҳод кард.

Қироншоҳ Шарифзода, устоди ДМТ бошад, аз зарурати риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ гуфт.

Машғулиятҳои омӯзишӣ барои хабарнигорон ва донишҷӯён дар доираи лоиҳаи “Таҳкими устувории расонаҳо ва намояндагони мақомот дар пешниҳоди иттилоъ дар мавзӯи ифротгароии хушунатбор ва терроризм” баргузор шуданд. Баргузории чунин машғулиятҳои омӯзишӣ дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон ҳам дар назар аст.