Гузориши аксӣ аз ҷараёни машғулиятҳои омӯзишӣ дар Душанбе

16 марта 2020
1499
Муаллиф: Rushnoi.org

Аз 12 то 14 марти соли равон Бунёди ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет” дар шаҳри Душанбе барои журналистон машғулиятҳои омӯзишӣ баргузор намуд.

Дар ин тренинг наздики 20 рӯзноманигори тоҷик, ки расонаҳои чопӣ ва электрониро намояндагӣ мекарданд, иштирок намуданд.  Машғулиятҳои омӯзишӣ дар доираи лоиҳаи “Таҳкими устувории расонаҳо дар пешниҳоди иттилоъ дар мавзӯи ифротгароии хушунатбор ва терроризм” баргузор шуд ва давоми се рӯз тренерони шинохтаи тоҷик шеваҳои дурусти таҳияи матлаб дар мавзӯоти марбут ба ифротгароии хушунатбор ва терроризмро омӯзонданд.

 

Журналист ва медиа-тренери шинохта Иззатманд Саломов «Журналистикаи мавзӯъҳои ҳассос»-ро шарҳ медиҳад

Иззатманд Саломов, рӯзноманигор ва коршиноси ВАО зимни муаррифии «Журналистикаи мавзӯъҳои ҳассос» ба муҳим будани манбаи аслии иттилоъ таъкид намуд. Ӯ бо пешниҳоди як бозӣ ба иштирокдорон фаҳмонд, ки сарчашмаи хабар то куҷо муҳим аст.

Рӯзноманигори тоҷик Хуршед Назаров, ки таҷрибаи тӯлонии кор дар нуқтаҳои доғи кишварҳои хориҷро дорад, истилоҳот ва маънии онҳоро шарҳ дод: “ифротгароии хушунатбор чӣ аст?, терроризм чӣ аст?, муқовимат бо ифротгароии хушунатбор чӣ маънӣ дорад?, “неруҳои таҳрикдиҳанда”-и ифротгароии хушунатбор чӣ ҳастанд, омилҳои ҷалбкунанда кадомҳоянд?, “худифротишавӣ” чист?, устуворӣ чист ва роҳҳои ҳимоят аз падидаҳои манфӣ кадоманд?

Фаъолияти касбӣ дар нуқтаҳои доғ. Як рӯзноманигор чиро бояд донад? Кор дар гуруҳҳо:

Ранжет Ятимов, ҳуқуқшиноси ТҶ «Хома» тамоми санаду қонунҳои марбут ба муқовимат бо экстремизм ва мубориза бо терроризмро ба таври мухтасар шарҳ дода, перомуни ҷавобгариҳои пешбинишуда дар қонунгузории миллӣ барои риоя накардани қонунҳои муқовимат бо ифротгароӣ ва мубориза бо терроризм, инчунин аз таҷрибаи додгоҳии баррасии парвандаҳои марбут ба ифротгароӣ ва терроризм суҳбат кард.

Иштирокдорон дар ин машғулиятҳо фаъол буданд,  ҳангоми кор дар гуруҳҳо ва саволу ҷавоб аз худ малакаи хуб нишон доданд.

Дар қисмати поёнии тренинг Қироншоҳ Шарифзода, устоди факултаи журналистика ва аъзои Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон зарурати риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистиро барои иштирокдорон шарҳ дод. Дар қисмати амалии машғулиятҳо ба  иштирокдорон чанд намуна аз матлабҳои нашрияҳои даврӣ пешниҳод гардид, то муайян намоянд, ки дар куҷо ва кадом банди меъёрҳо нақз шудааст.

Машғулиятҳои омӯзишӣ барои хабарнигорон ва донишҷӯён дар доираи лоиҳаи “Таҳкими устувории расонаҳо ва намояндагони мақомот дар пешниҳоди иттилоъ дар мавзӯи ифротгароии хушунатбор ва терроризм” баргузор шуданд. Ин лоиҳаро Бунёди ҷамъиятии «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет» амалӣ мекунад. Баргузории чунин машғулиятҳои омӯзишӣ дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон ҳам дар назар аст.