Таъкиди Эмомалӣ Раҳмон ба шукрона дар Бадахшон

20 сентября 2018
882
Муаллиф: Rushnoi.org

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бештари мулоқотҳояш бо сокинони шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки аз 11 то 15 сентябр идома кард, ба авзои ноамн, ҷангҳои шаҳрвандӣ ва мазҳабӣ дар гӯшаву канори дунё ишора ва мардумро барои шукрона кардан даъват намуд. «Rushnio.org» иқтибосҳоеро аз суханрониҳои расмии раисҷумҳур дар ин мавзӯъ гирд овард.

Акс аз сомонаи president.tj

 

Ноҳияи Ванҷ,

11.09.2018

Вазъи пуртазоди ҷаҳони имрӯза ба ҳар яки шумо маълум аст ва мо ҳамарӯза мушоҳида мекунем, ки дар гӯшаҳои мухталифи дунё низоъҳои дохиливу ҷангҳои мазҳабӣ ва дигар зуҳуроти манфӣ торафт доман паҳн карда, боиси ташвишу нигаронии аҳолии сайёра гардидаанд. Доираҳои алоҳидаи манфиатҷуй барои амалӣ сохтани ҳадафҳои нопоки худ бо истифода аз васоити ахбори омма, бахусус, шабакаҳои интернетӣ дар байни мардум, хусусан, наврасону ҷавонон ва ҳатто миёни кишварҳо низоъ ангехта истодаанд. Махсусан, ҷангҳои дохиливу мазҳабӣ ва амалҳои даҳшатноки террористиву ифротгароёна, ки тайи чанд соли охир дар баъзе кишварҳои мусулмонӣ идома доранд, боиси марги ҳазорон нафар ва сарсону овора шудани миллионҳо нафар сокинони кишварҳои гуногун гардидаанд. Мутаассифона, дар фаъолияти чунин гурӯҳҳои харобкори террористиву ифротгаро бо сабаби бесаводиву пастии маърифат иддае аз шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони ноҳияи Ванҷ низ шариканд. Ман бори дигар ба роҳбарону фаъолон, падару модарон, хешу табори чунин ҷавонон ва шахсони соҳибтаҷрибаву обрӯманд муроҷиат карда, таъкид менамоям, ки фарзандони худро аз роҳи бад гардонанд, онҳоро насиҳат кунанд, ки ояндаи хешро бо ваъдаҳои дурӯғи таблиғгарони хориҷӣ насӯзонанд, фарзандонашонро ятим накунанд, падару модаронашонро шармандаву шармсор насозанд ва ба номи неки миллати тоҷику давлати тоҷикон иснод наоранд. Ман доим таъкид месозам, ки мо бояд шукронаи Ватани орому осудаамонро ба ҷо орем, онро сидқан ва самимона дӯст дорем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро чун неъмати бебаҳо ҳифз кунем. Ҳамаи мо бояд шукрона кунем, ки Тоҷикистони биҳиштосо дорем ва барои ҳимояи манфиатҳои давлат, пешрафту ободии он ва гиромидошти арзишҳои миллиамон ҳамеша омода бошем. Зеро Ватани асливу муқаддаси мо, зодгоҳи мо, орзуву умед ва сарчашмаи хушбахтиву саодати мо Тоҷикистони азизамон аст. Аз падару модарони арҷманд, аҳли маориф, фаъолон ва шахсони рӯзгордидаву пирони кор такроран хоҳиш менамоям, ки тамоми донишу малака ва таҷрибаи худро барои таълиму тарбияи фарзандони воқеан ватандӯсту бонангу номус, созандаву пешқадам ва донишманду соҳибкасб сафарбар намоянд, зеро наврасону ҷавонон, яъне фарзандони мо сармояи асосии миллат ва давлатамон ба ҳисоб мераванд. Итминон дорам, ки сокинони қавиирода ва меҳандӯсту сарбаланди ноҳияи Ванҷ ба шукронаи соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ дар оянда низ барои ободии диёри зебояшон ва пешрафти Ватани маҳбубамон саҳми арзишманди худро мегузоранд.

Ноҳияи Ванҷ (суханронӣ дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4),

11.09.2018

Дар шароити имрӯза, ки замони пешрафти бесобиқаи илму техника ва технология, аз ҷумла технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ мебошад, вазифаи асосии шумо — фарзандони азиз, танҳо омӯхтани илму дониш, бахусус, илмҳои дақиқ, азхуд кардани касбу ҳунарҳои муосир ва дар баробари аъло аз худ кардани забони модарӣ донистани на кам аз ду забони хориҷӣ мебошад. Дар ин маврид мехоҳам як масъалаи муҳимро хотирнишон намоям, ки хусусан, дар замони имрӯзаи пуртазоду пурихтилоф ва муборизаи шадиди иттилоотиву ғоявӣ наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки соҳиби донишҳои мукаммал бошанд, то дар оянда ҳам соҳиби мақому манзалат шаванд ва ҳам тавонанд манфиатҳои давлату миллатро ҳимоя намоянд. Имрӯз, ки мо дар маркази ноҳияи Ванҷ бо орзуҳои нек фаъолияти муассисаи нави таълимиро ифтитоҳ бахшидем, бовар дорам, ки толибилмони хуштолеъи ноҳия бо шукронаи давлати соҳибистиқлоли худ ва бо истифода аз шароити мусоиди фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат бо баҳои хубу аъло ва рафтори намунавӣ таҳсил менамоянд.

Ноҳияи Дарвоз,

11.09.2018

Тайи солҳои охир як қатор кишварҳои олам бо сабабҳои гуногун ба гирдоби ихтилофу низоъ ва ҷангҳои дохилӣ гирифтор шуда, миллионҳо нафар сокинони бегуноҳи онҳо, махсусан, кӯдакону занон ва пиронсолон ба азияти сангин дучор гардидаанд. Бар асари ҷангҳои идомадошта иқтисодиёти баъзе кишварҳои як вақтҳо хеле пешрафта имрӯз дар ҳолати фалаҷшавӣ қарор дорад. Ҳамчунин, ба ҳаёти осоиштаи мардуми сайёра хатарҳои дигар, аз қабили норасоии маводи ғизоӣ, оби босифати ошомиданӣ ва тағйирёбии иқлим низ таъсири манфии худро расонида истодааст. Аз ин рӯ, ба тамоми сокинони ноҳияи Дарвоз, бахусус, ҷавонон муроҷиат карда, таъкид менамоям, ки бо шукрона аз Ватани орому ободи худ барои аз худ кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ азму талош варзанд, ватандӯсту ватанпарвар бошанд ва бо рафтору кирдори намунаашон боиси ифтихори падару модар ва Тоҷикистони азизи худ бошанд. Зеро мо, насли калонсол, ба онҳо ҳамчун давомдиҳандагони сиёсати созандаамон эътимод дорем ва ҷавонони бонангу номус, ватандӯсту ободгор ва бунёдкорамонро такягоҳи худ меҳисобем.

 

Ноҳияи Мурғоб,

13.09.2018

Наврасону ҷавонони мо, ки давомдиҳандагони кору фаъолияти насли имрӯза мебошанд, бояд худшиносу худогоҳ бошанд, арзишу дастовардҳои давлати соҳибистиқлоли худро гиромӣ доранд, шукронаи сарзамини маҳбубамонро ба ҷо оранд ва барои ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон омода бошанд.

Шаҳри Хоруғ (Суханронӣ дар ротаи алоҳидаи Қӯшунҳои дохилии ВКД),

12.09.2018

Дар шароити торафт шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир ва дар навбати аввал, экстремизму терроризми байналмилалӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ омодабошии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, аз ҷумла Қӯшунҳои дохилӣ ва воҳидҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ кафили боэътимоди пойдории давлати соҳибистиқлоламон ва ҳаёти осоиштаи сокинони мамлакат мебошад. Дар ҷаҳони имрӯза зуҳуроти бисёр хатарнок, аз қабили терроризму экстремизм, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ торафт густариш пайдо карда истодаанд. Бар замми ин, вазъи ноороми ҳамсоякишвари мо — Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ ба ҳаёти орому осудаи Ватани мо таъсири худро мерасонад. Дар иртибот ба ин, роҳбарони воҳидҳои махсус ва ҷузъу томҳои ҳарбии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишварро зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиву касбиро аз даст надода, пеш аз ҳама, барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба савганди касбӣ тарбия намудани ҳайати шахсӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.Ҳамчунин, ҳайати фармондеҳии ҷузъу томҳо бояд доир ба баланд бардоштани савияи донишу маҳорати касбии ҳайати шахсӣ, тақвияти интизоми ҳарбӣ ва дар маҷмӯъ, таъмин намудани сатҳи баланди омодабошии ҷангии воҳидҳои ҳарбӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд. Шумо, афсарону сарбозони шуҷои Ватан бояд доим дар хотир дошта бошед, ки фазои орому осоиштаи Ватани азизи мо бар ивази ҷони ҳазорон нафар фарзандони сарсупурдаи роҳи озодиву истиқлол ба даст омадааст ва таъмини амнияти кишвар ва ҳаёти осудаи мардуми шарифи он аз ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва қобилияту маҳорати касбии ҳар яки шумо вобаста мебошад.

Шаҳри Хоруғ (суханронӣ дар Маркази таълимии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ),

14.09.2018

Равандҳои хатарноки ҷаҳони муосир ва ҳодисоти вақтҳои охир дар минтақаҳои алоҳидаи ҷаҳон моро водор месозад, ки ба мақсади баланд бардоштани  сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, аз ҷумла Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои ҳарбиву мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тадбирҳои ҷиддии иловагӣ андешем. Чунонки борҳо таъкид карда будам, таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм сарҳад надоранд. Имрӯз таҳдидҳои хатарноки зикршуда ба проблемаи ҷиддии ҷомеаи башарӣ табдил ёфтаанд, ки Тоҷикистони мо низ аз он истисно нест. Имрӯз дар назди ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла Қӯшунҳои сарҳадӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои мубориза бар зидди ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистиву террористӣ, қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ вазифаҳои басо душвору масъулиятнок гузошта шудаанд. Бо дарназардошти торафт мураккаб гардидани вазъи ҳарбиву сиёсӣ дар кишвари ҳамсоя – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳимояи сарҳади давлатӣ бо истифода аз тамоми имконияту воситаҳо боз ҳам пурзӯр карда шавад.

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД