Машғулиятҳои омӯзишӣ барои рӯзноманигорон дар шаҳри Хоруғ

24 июля 2020
959
Муаллиф: Rushnoi.org

Дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон машғулиятҳои омӯзишӣ барои рӯзноманигорон ва фаъолони ҷамъиятӣ баргузор шуд.

Ин машғулиятҳо бо ибтикори Бунёди ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет” дар доираи лоиҳаи “Таҳкими устувории расонаҳо ҳангоми пешниҳоди иттилоъ дар мавзӯи ифротгароии хушунатбор ва терроризм” аз 21 то нимаи аввали рӯзи 24 июл идома ёфтанд.

Изатманд Саломов, журналист ва тренери расонаӣ дар мавриди “рӯзноманигории мавзӯъҳои ҳассос” суҳбат карда, шеваи дуруст ва пазируфташудаи кор дар мавзӯоти ҳассосро ба иштирокдорони тренинг фаҳмонид. Дар бахши дигари суханронии худ, бо истифода аз бозии зеҳнӣ сарчашмаҳои иттилоъро баррсӣ намуд ва фаҳмонд, ки бояд ба кадом манбаъ бештар эътимод ва такя кард?

“12 тавсия барои инъикоси низоъҳои марзӣ” аз мавзӯи дигари ҷаноби Саломов буд, ки ба иштирокдорон писанд омад.

Хуршед Назаров, журналист ва тренери расонаӣ аз “Инъикоси мушкилоти ифротгароии хушунатбор дар расонаҳо”, “Фаъолият дар минтақаи доғ” ва истилоҳот ва маъниҳо гуфт. Таъкид гардид, ки чӣ тавр бояд рӯзноманигорон дар мавриди мавзӯъҳои марбут ба ифротгароии хушунатомез ва терроризм тавре нависанд, ки барои худашон ва ҷомеа мушкил пеш наояд ва ин матолиб аз нигоҳи қонун ҳам дуруст таҳия шавад.

Ранжет Ятимов, ҳуқуқшиноси риштаи ВАО тамоми санаду қонунҳои марбут ба пешгирӣ аз ифротгароии хушунатомез ва мубориза бо терроризмро ба иштирокдорони тренинг номбар карда, муҳимтарин нуктаҳои ин қонунҳоро, ки бевосита ба фаъолияти журналистону расонаҳо дахл дорад, зикр намуд.

Дар поёни ин машғулиятҳои омӯзишӣ Қироншоҳ Шарифзода, устоди ДМТ ва узви Шӯрои ВАО дар мавриди Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон суҳбат кард. Ӯ ба зарурати таҳияи ин меъёрҳо таъкид намуда, афзуд, ҳар журналист, ки худ ва касбашро эҳтиром мекунад, бояд пойбанди ин меъёрҳо ва қонунгузории Тоҷикистон бошад.

Мавриди тазаккур аст, ки чунин машғулиятҳои омӯзишӣ қаблан дар шаҳри Бохтар, маркази маъмурии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе баргузор шуданд. Ҳадафи аслии ин машғулиятҳо баланд бардоштани огоҳии журналистон, донишҷӯён ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз санаду қонунҳои ҷории Тоҷикистон, ки ба мубориза ва муқовимат аз ифротгароӣ ва терроризм рабт доранд, инчунин пешниҳоди шеваҳои дурусти таҳияи матлаб дар мавзӯоти мазкур мебошад.