Пресс-клуб: Ифротгароии хушунатбор Онлайн: Омилҳои хавф ва омилҳои муҳофизат аз ифротгароии хушунатбор (АКС)

31 августа 2020
848
Муаллиф: Rushnoi.org

Шанбеи 29 август дар шаҳри Душанбе бо ҳузури рӯзноманигорон ва намояндаҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ пресс-клуб доир гардид. Ин маҳфил дар чорчуби лоиҳаи «Таҳкими устувории расонаҳо дар пешниҳоди иттилоъ дар мавзӯи ифротгароии хушунатбор ва терроризм», ки аз ҷониби Бунёди ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет” амалӣ мегардад, созмон дода шуд.  

Гардонандаи маҳфил Парвина Ибодова, ҳуқуқшиноси “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет” дар оғоз аз мақсадҳои аслии лоиҳа гуфт. Ба таъкиди ӯ, ҳадафи аслии лоиҳа, огоҳии ҳарчи бештари рӯзноманигорон, блогерон, донишҷӯён ва фаъолони ҷомеаи маданӣ аз ҳуқуқу санадҳои маҳаллӣ ва байналмилалии марбут ба ҷилавгирӣ аз ифротгароии хушунатбор ва мубориза бо терроризм мебошад.

“Дар доираи лоиҳа баргузории давраҳои омӯзишӣ ва пресс-клубҳо дар панҷ минтақаи Тоҷикистон дар назар аст. То имрӯз дар Бохтар як давраи омӯзишӣ ва ду пресс-клуб, дар Хоруғ як давраи омӯзишӣ ва се пресс-клуб ва дар шаҳри Душанбе ду давраи омӯзишӣ ва як пресс-клуб гузаронда шудааст. Ин дуввумин пресс-клуб дар пойтахти кишвар мебошад”,-илова намуд Парвина Ибодова.

Дуввумин пресс-клуб дар шаҳри Душанбе, ки “Ифротгароии хушунатбор Онлайн: Омилҳои хавф ва омилҳои муҳофизат аз ифротгароии хушунатбор” ном дошт, аз ҷониби Асомиддин Атоев, коршиноси саршиноси соҳаи ТИК муаррифӣ гардид. Атоев таъкид намуд, ки дар қарни рақамӣ бояд аз технология ба таври аҳсант ва бар манфиати ҷомеа истифода кард. Ӯ бо пешниҳоди таҳлилҳои анҷомшуда дар самти шеваҳои таъсиргузории гуруҳҳои ифротгаро ба  зарурати рушди тафаккури интиқодӣ ишора намуд. Чӣ тавр муҳтавои “созанда”-ро аз “сӯзанда” фарқ кард, “ҷавонони бумӣ” ва “муҳоҷирони рақамӣ” чӣ мафҳумҳоеанд ва чӣ таърифе доранд, медиум ва муҳити рамзбандишуда чӣ ҳастанд, забони адоват кадом аст,- пурсишҳое буданд, ки аснои муаррифии мавзӯъ коршинос онҳоро шарҳу тафсир кард.

Дар қисмати поёни маҳфил иштирокдорон ба саволҳои худ ҷавоб гирифтанд.