Тренинг барои намояндагони хадамоти матбуотӣ

22 сентября 2020
845
Муаллиф: Rushnoi.org
8 сентябр дар шаҳри Душанбе барои намояндагони дафтарҳои матбуотии ниҳодҳои давлатӣ машғулияти омӯзишӣ баргузор шуд.
Тренинг аз ҷониби Бунёди ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет” дар ҳамкорӣ бо Академияи ВАО дар доираи лоиҳаи “Таҳкими устувории намояндагони мақомот ҳангоми пешниҳоди иттилоъ дар мавзӯи ифротгароии хушунатбор ва терроризм доир гардид.
Муҳаммадӣ Ибодуллоев, сарвари Бунёди ҷамъиятӣ дар ифтитоҳи машғулияти омӯзишӣ дар мавриди ҳадафи лоиҳа ва интизориҳо аз натиҷаи давраҳои омӯзишӣ гуфт. Зинатуллоҳ Исмоилзода, раҳбари Академияи ВАО ба зарурати ҳамкориҳои мустаҳками дафтарҳои матбуотӣ бо рӯзноманигорон таъкид кард. Ӯ гуфт, яке аз вазифаҳои калидии хадамоти матбуотӣ бо иттилои дақиқу саҳеҳ таъмин кардани ҷомеа мебошад.
Дар қисмати аслии тренинг Асомиддин Атоев, коршиноси шинохтаи соҳаи ТИК дар мавриди “Ифротгароии хушунатбор Онлайн: Омилҳои хавф ва омилҳои муҳофизат аз ифротгароии хушунатбор” суҳбат кард.