Истифодаи дурусти маъхазҳо, истилоҳот ва  адабиёти тахассусӣ дар инъикоси мавзӯъҳои марбут ба ифротгароии хушунатомез ва терроризм

26 октября 2020
1244
Муаллиф: Rushnoi.org

24 октябри соли 2020 дар доираи лоиҳаи «Таҳкими устувории расонаҳо дар пешниҳоди иттилоъ дар мавзӯи ифротгароии хушунатбор ва терроризм» дар шаҳри Душанбе пресс-клуби навбатӣ баргузор шуд.

Гардонандаи маҳфил Қироншоҳ Шарифзода, раҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Журналист» дар оғоз ба муҳим будани мавзӯи навбатии пресс-клуб таъкид намуд. Ӯ гуфт, дар шароити феълӣ барои ҳар журналист ҳангоми навиштани матлаб дар мавзӯи марбут ба ифротгароии хушунатбор ва террорист истифода аз сарчашма ва маъхазҳои муътамад хеле муҳим мебошад.

Саидаҳмад Қаландаров, донишманд ва коршиноси масоили динӣ дар мавзӯи «Истифодаи дурусти маъхазҳо, истилоҳот ва  адабиёти тахассусӣ дар инъикоси мавзӯъҳои марбут ба ифротгароии хушунатомез ва терроризм» суҳбат кард.

Ҷаноби Қаландаров таъкид намуд, ки ҳангоми навиштани матлаб дар мавзӯъҳои ҳассос донистани таърихи пайдоиши дину мазҳабҳо хеле муҳим аст. Гузашта аз ин, истифодаи дуруст аз сарчашма ва маъхазҳо низ амри зарурист. Ӯ гуфт, журналистон ҳангоми истифода аз манобеъ ва маъхазҳо бояд мутмаин шаванд, ки онҳо дуруст ҳастанд ва бар пояи воқеият асос ёфтаанд.

Лоиҳаи «Таҳкими устувории расонаҳо дар пешниҳоди иттилоъ дар мавзӯи ифротгароии хушунатбор ва терроризм» аз ҷониби Бунёди ҷамъиятии «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет» амалӣ карда мешавад. Парвина Ибодова, ҳуқуқшиноси бунёд гуфт, дар доираи лоиҳа баргузории давраҳои омӯзишӣ ва пресс-клубҳо дар панҷ минтақаи Тоҷикистон дар назар аст. То имрӯз дар Бохтар як давраи омӯзишӣ ва ду пресс-клуб, дар Хоруғ як давраи омӯзишӣ ва се пресс-клуб ва дар шаҳри Душанбе се давраи омӯзишӣ ва ду пресс-клуб гузаронда шудааст. Ин сеюмин пресс-клуб дар пойтахти кишвар мебошад.