Раҳбарони ҷиҳодии Афғонистон чӣ тур ба Тоҷикистон фирор карданд?

21 сентября 2018
329
Муаллиф: Rushnoi.org

Муаллиф: Фахриддини Холбек

Гулбиддин Ҳикматёр, раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон боре дар бораи ронда шуданаш аз Тоҷикистон сӯҳбат кард. Пайгирии ин матлаб паҳлуҳои торики фирори раҳбарони танзимҳои ҷиҳодии Афғонистон ба Тоҷикистонро рӯшан кард. Як мақоми собиқи амниятии тоҷик иддаои Ҳикматёрро таҳрифи ҳақиқати фирори раҳбарони ҷиҳодӣ ба Тоҷикистон мехонад.

Саидамир Зуҳуров, ки аз соли 1992 то соли 1999 раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва вазири корҳои дохилии Тоҷикистон буд ва Ҳикматёр аз ӯ ба иштибоҳ “Замиров” ёдоварӣ мекунад, гуфт, раҳбари Ҳизби исломӣ соли 1996 пас аз суқути ҳукумати Устод Раббонӣ ба Душанбе омада, чанд рӯз дар сафорати Афғонистон дар ин шаҳр қарор дошт. Вай афзуд: “Дар ҳақиқат вақте Толибон Кобулро гирифтанд, ҳамчун гуреза ба Тоҷикистон омад. Чанд рӯз ин ҷо монд, аммо ман ҳамчун раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон бо ӯ мулоқот надоштам. Аз он гапҳое, ки гуфтааст, огоҳ нестам. Худаш бо тайёра парида Эрон рафт. Мобайни мо мулоқот сурат нагирифта буд. Ман ӯро аслан надида будам”.

Дар бораи ин ки Гулбиддин Ҳикматёр низ ба Тоҷикистон фирор кардааст, то ҳамин наздикӣ иттилое вуҷуд надошт. Онҳое, ки қиссаи фирори Ҳикматёр аз дасти Толибонро навиштаанд, ӯро ба Панҷшер оварда, аз он ҷо ба Эрон парвоз додаанд. Ин, ки Ҳикматёр ба Тоҷикистон фирор карда буд, 4 майи соли гузашта дар суханронии Доктор Абдуллоҳ, раиси иҷроияи Афғонистон, дар расми пазироии раиси Ҳизби исломӣ дар Арки раёсатиҷумҳурии Афғонистон таъйид шуд. Доктор Абдуллоҳ ба Гулбиддин Ҳикматёр гуфт, ки бори охир бо ӯ дар сафорати Афғонистон дар Душанбе дидор дошт.

Қаблан, 12 сентябри соли гузашта, Гулбиддин Ҳикматёр зимни як суҳбати ихтисосӣ ба телевизиони BBC гуфт, соли 1996 вақте Мазори Шарифу Тахор суқут карданд, бо иттифоқи Бурҳониддини Раббонӣ аввал ба вилояти Бадахшон ва аз онҷо ба Душанбе рафт. Вай гуфт, сафири Эрон ба ӯ гуфтааст, ки раиси амнияти миллии Тоҷикистон мехоҳад Ҳикматёр ба зудӣ Тоҷикистонро тарк кунад: “Фаҳмидам, ки мавзуъ аз чӣ қарор аст. Гуфтам, ба ҳеҷ сурат ба Эрон намеравам. Медонистам, ки ҳадаф чӣ аст. Мехостанд маро ба Эрон баранд ва зиндонии сиёсӣ шавам. Вале вазъият тавре шуд, ки талошҳоямон барои ба дигар ҷо рафтан ноком монданд. Омадан ба Афғонистон ҳам нашуд. Бидуни кӯмаку иҷозаи онҳо мумкин набуд. Билохира, маҷбур шудем, ки биравем ба Эрон. Ман дар Эрон зиндонии сиёсии Эрон будам, на муҳоҷираш, на паноҳандаш, балки зиндонии сиёсӣ будам”.

Огаҳони ҳол ин иддаои Ҳикматёрро бепоя хонда, мегӯянд, Тоҷикистон хилофи одоби мизбонӣ ҳеҷ далеле барои ранҷу озори Ҳикматёр надошт. Ба қавли онҳо, Ҳикматёр бо хоҳишу исрори худ ба Эрон рафт ва ҳоло иддаоҳояш аз маъмурияти нави ӯ – раҳбарии ДОИШ дар минтақа — бармеоянд.

Афроде ҳам шаҳодат доданд, ки Ҳикматёр миёни солҳои 1998 то 2001 дар Теҳрон дар як хонаи муҷаллал озодона зиндагӣ мекард ва ҳатто номае ҳам ба раҳбари инқилоб исломи навишта, тақозо намуд, ки фурсати ироаи тафсири Қуръони Маҷид аз тариқи радио ба вай дода шавад ва ин иҷоза ба вай дода шуд, то аз тариқ бахши паштуи радиои бурунмарзии Эрон ин корро анҷом диҳад.

Саидамир Зуҳуров мегӯяд, ӯ соли 1992 аввалину охирин бор бо раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон дар пойгоҳаш дар деҳаи Чаҳоросиёби атрофи Кобул дар ҷамъи як ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон мулоқот кардааст, ки дар он сарнавишти муҳоҷирин ва ҳам Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷикро ба баррасӣ гирифта буданд. Вай афзуд, Ҳикматёр аз ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон хуб пазироӣ карда, ваъдаи ҳамкорӣ дода буд.

Дар ҳамин ҳол, Ҳикматёр танҳо раҳбари ҷиҳодии Афғонистон нест, ки пас аз фишори Толибон ба хотири бақои ҷисмониву сиёсӣ дарёи Омуро убур кардааст. Тирамоҳи соли 1996 Бурҳонуддини Раббонӣ, раиси Давлати исломии Афғонистон низ аввал ба Тоҷикистон омада, аз ин роҳ ба Бадахшони Афғонистон баргашт.

Қаблан Абураб Расули Сайёф, раҳбари Иттиҳоди исломӣ, яке аз 7 танзими ҷиҳодӣ ва ҳоло аз раҳбарони умдаи мухолифини сиёсии ҳукумати Кобул низ эътироф намуд, ки бо иттифоқи Раббонӣ ба Тоҷикистон фирор карда буд. Аммо вай фирори Раббонӣ ба Тоҷикистонро яке аз заруратҳои таърихие арзёбӣ намуд, ки барои бақои давлатдорӣ дар Афғонистон пеш омада буд. Оқои Сайёф гуфт, Раббонӣ ба хотири ҳифзи машрӯъияти давлати Афғонистон, дар ҳоле ки аз дасти мухолифини ҳукуматаш ба танг меомад, қароргоҳашро аз шаҳре ба шаҳри дигар кӯч медод: “Машрӯъияти давлат як амонат буд дар дасти ӯ. Шумо бубинед, ки тавтиаи байнулмилалӣ то куҷоҳо ӯву дӯстону ҳамроҳонашро давонд. Гоҳе Форёб, гоҳе Бадахшон, гоҳе Мазору гоҳе Тахор. Гап то Кӯлоб ҳам расид. Аз сари дарёи Ому ҳам хез андохтем. Лекин ҷузвдони амонат аз бағали ӯ наафтид, то ин ки омад ҳамин амонатро дар пеши рӯи тамоми дунё ба раисҷумҳури мавҷудаи кишвар таслим кард”. 

Ин эътирофи Абдурраб Расули Сайёф 20 сентябри соли 2013 дар маросими дуввумин солгарди шаҳодати Бурҳонуддин Раббонӣ дар Кобул садо дода буд.

Сайидамир Зуҳуров мегӯяд, Раббонӣ бо аҳли оилааш аз Мазори Шариф ба Тоҷикистон омад. Вай афзуд, бо хоҳиши Раббонӣ ӯ дастур дод, ки Сайёфро аз он сӯи Панҷ ба Кӯлоб биёваранд. Вай афзуд: “Вақте Толибон Қундузу Тахорро ҳам забт карданд, Сайёф низ фирор кард. Ӯ ҳам як ҳафта дар Кӯлоб монд. Пас аз ин ҳама ба Бадахшони Афғонистон рафтанд ва фаъолиятҳояшонро идома доданд”.

Огаҳони ҳол сабаби фирори раҳбарони умдаи танзимҳои ҷиҳодии Афғонистон ба Тоҷикистонро як маҷбурияте арзёбӣ мекунанд, ки вазъ тақозо мекард. Ба қавли онҳо, бо суқути Мазори Шариф, пойтахти ҳукумати Бурҳониддини Раббонӣ ва ба дунболи он вилоятҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон – Қундузу Тахор — барои онҳо тамоми роҳҳоро ба хориҷ баст. Аммо ҳоло ки Гулбиддини Ҳикматёр таърифи дигареро аз он рӯзҳо медиҳад ва ҳам Абураб Расули Сайёф бардошти дигар дорад, он таърихро ба моли таҳқиқи амиқ табдил медиҳад.

Тоҷикистон ягона кишваре буд, ки аз соли 1996 то 2001 аз неруҳои зиддитолиб дар Афғонистон ҳимоят мекард. Аз ҷумла дар шаҳраки Фархори вилояти онвақтаи Кӯлоб як бемористон фаъол буд, ки захмиҳои муҷоҳидини Афғонистонро табобат мекард ва чархболҳои ҷангии Ҷабҳаи Муттаҳид, ё Эътилофи Шимол таҳти раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд ҳам аз майдони ҳавоии Кӯлобу Фархор парвоз мекарданд. Таъмири тонку зиреҳпӯшҳо ва ҳам таъмини маводи сӯхту дигар заруриятҳои Ҷабҳаи Муттаҳид низ аз Тоҷикистон анҷом мешуд.