Машғулиятҳои омӯзишӣ дар Хуҷанд

02 ноября 2020
1236
Муаллиф: Rushnoi.org

Бунёди ҷамъиятии Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет аз 29 то 31октябри соли 2020 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд барои рӯзноманигорон машғулияти омӯзишии серӯза баргузор кард.  

Иштирокдорон шеваҳои дурусти таҳияи матлаб дар мавзӯоти марбут ба ифротгароии хушунатбор ва терроризмро омӯхтанд. Ҳуқуқшиноси бахши ВАО, корманди ТҶ “Хома” — Ранжет Ятимов тамоми санаду қонунҳои марбут ба муқовимат бо экстремизм ва мубориза бо терроризмро ба таври мухтасар шарҳ дода, перомуни ҷавобгариҳои пешбинишуда дар қонунгузории миллӣ барои риоя накардани қонунҳои муқовимат бо ифротгароӣ ва мубориза бо терроризм, инчунин аз таҷрибаи додгоҳии баррасии парвандаҳои марбут ба ифротгароӣ ва терроризм суҳбат кард.

 

Рӯзноманигори тоҷик Хуршед Назаров, ки таҷрибаи тӯлонии кор дар нуқтаҳои доғи кишварҳои хориҷро дорад, истилоҳот ва маънии онҳоро шарҳ дод: “ифротгароии хушунатбор чӣ аст?, терроризм чӣ аст?, муқовимат бо ифротгароии хушунатбор чӣ маънӣ дорад?, “неруҳои таҳрикдиҳанда”-и ифротгароии хушунатбор чӣ ҳастанд, омилҳои ҷалбкунанда кадомҳоянд?, “худифротишавӣ” чист?, устуворӣ чист ва роҳҳои ҳимоят аз падидаҳои манфӣ кадоманд?

Дар қисмати саволу ҷавоб иштирокдорон хеле фаъол буданд ва ба пурсишҳои мухталифе посух ҷӯстан мехостанд.

Коршиноси ВАО Иззатманд Саломов дар мавзӯи “Журналистикаи мавзӯъҳои ҳассос” суҳбат намуд. Бо истифода аз усули бозӣ ба иштирокдорон мафҳум ва шеваҳои дурусти инъикоси мавзӯъҳои ҳассосро пешниҳод кард. Қисмати дигари дарси ӯ ба вижагиҳои мусоҳиба дахл дошт. Иззатманд Саломов муҳимтарин қоидаҳои гирифтани мусоҳибаро шарҳ дод. Ӯ махсусиятҳои мусоҳибаи нашрияву газета аз ТВ ва вижагии мусоҳиба дар мавзӯъҳои ҳассосро пешниҳод кард.

 Қироншоҳ Шарифзода, устоди ДМТ ва аъзои раёсати Шӯрои ВАО бошад, аз зарурати риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ гуфт. Нахуст тамоми 17 банди меъёрҳо ва таносуби онҳо ба қонунгузории ЧТ шарҳ дода шуд. Пасон иштирокдорони тренинг ба се гуруҳ ҷудо шуда, ба ҳар гуруҳ ду матнӣ пешниҳод гардид. Вазифаи онҳо мутолиаи матн ва маълум кардан буд, ки оё дар ин матнҳо ягон меъёр нақз шудааст ё не. Ҳар гуруҳ фикри худро дар варақҳо навишта баъдан дар ҳузури иштирокдорони дигар муаррифӣ карданд. Дар қисмати дигари суҳбат Қироншоҳ Шарифзода мониторинги риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистиро, ки соли 2019 аз сӯи Шӯрои ВАО анҷом шудааст, муаррифӣ кард.

Машғулиятҳои омӯзишӣ барои хабарнигорон дар доираи лоиҳаи “Таҳкими устувории расонаҳо дар пешниҳоди иттилоъ дар мавзӯи ифротгароии хушунатбор ва терроризм” баргузор шуданд. Ин шашумин машғулияти омӯзишӣ дар доираи лоиҳаи мазкур аст. Қаблан, чунин тренингҳо дар шаҳрҳои Душанбе (се давраи омӯзишӣ), Бохтар ва Хоруғ гузаронида шуданд.