Тактикаи нави “ДОИШ”: Духтархонумҳои интиҳорӣ

01 октября 2018
1056
Муаллиф: Rushnoi.org

Як вакили парлумони Афғонистон мегӯяд, ДОИШ аз тактикаи нав – эъзоми духтарони ҷавон дар Кобул – пойтахти Афғонистон барои амалиётҳояш машғул аст.

Акс аз Википедиа

Муҳаммад Ориф Раҳмонӣ, як узви Вулуси Ҷирга, палатаи поёнии парлумони Афғонистон мегӯяд, бархе духтарони навҷавон ва ҳатто донишомӯз дар Кобул ба гурӯҳи ДОИШ пайвастаанд. Мавсуф зимни як ёддошт дар сафҳаи Фейсбуки худ, ба нақл аз як манбаъи мувассақ дар Раёсати амнияти миллии Афғонистон навишт: «Пайвастани духтарони навҷавоне, ки дар бархе аз мадорису макотиби динӣ дарс мехонанд, ба гурӯҳӣ террористии ДОИШ, як таҳдиди ҷадиду ҷиддии амнияти миллии кишвар ба шумор меравад».

Вай мегӯяд, як манбаъи мувассақ дар Раёсати амнияти миллии Афғонистон, зимни таъйиди ин мавзӯъ ба оқои Раҳмонӣ гуфтааст, ки ин духтарон барои омӯзиши ҳамалоти интиҳорӣ ба шаҳристони Ачини вилояти Нангарҳор бурда мешаванд! Бар асос ин гузориш, шуморе аз ин духтарон тавассути неруҳои пулис ва амнияти миллӣ боздошт шудаанд. Ба навиштаи ин узви Маҷлиси намояндагони Афғонистон, ин духтарон аз макотибе дар Кобул ҷазби гурӯҳи ДОИШ шудаанд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин масъала Муҳаммад Ориф Раҳмонӣ ба “Рушноӣ” тасреҳ кард, ки «он чӣ дар ин миён ба ҳеҷ ваҷҳ мавриди таваҷҷуҳи масъулони ҳукумат қарор нагирифтааст, назорат ва мудирияти лозим бар барномаҳои омӯзиш дар ин мадорис ва макотиб аст”. Вай мегӯяд, лонаҳои машкук ба номи мадориси динӣ дар Кобул дар ҳоли густариш аст.

Тибқи иттилои Раёсати амнияти миллии Афғонистон, дар чанд рӯзи ахир як духтари 13 – соларо дар яке аз макотиби шаҳри Кобул ва ҳам як занро дар маркази низомии ин шаҳр бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ДОИШ боздошт кардаанд. Дар лаҳзаҳое, ки ин гузориш омода мешуд, ин иттилоъ низ расид, ки 4 донишҷӯи Донишгоҳи низомии Маршал Фаҳим низ ба айни иттиҳомро дастгир карданд.

Муҳаммад Ориф Раҳмонӣ мегӯяд, гурӯҳҳои террористӣ бо истифода аз заъфу бетаваҷҷӯҳии дастгоҳҳои ҳукумат аз солҳо қабл дар мадориси динӣ ва дорулҳифозаҳо ҳастагузорӣ ва бо таъсиргузорӣ бар равандӣ омӯзиши ин мадорис, барои аҳдофу ниёти террористии худ сарбозгирӣ мекунанд.

Ин узви Шӯрои олии мардумии ҷунбиши “Рӯшноӣ” таъкид кард, ки натиҷаи ин бетафовутӣ ва саҳлангорӣ ин шудааст, ки имрӯз ДОИШ, толиб ва гурӯҳҳои такфирӣ ба манзури сарбозгирӣ ва ҷалбу ҷазби донишомӯзон дар ин мадорису макотиб нуфуз кардаанд. Вай гуфт, ин вазъият хатари тозаеро мутаваҷҷеҳи амнияти миллии Афғонистон кардааст.

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД