СҲШ –эътилофи ҷадиди зиддитерруристӣ

25 сентября 2018
859
Муаллиф: Rushnoi.org

 

Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой мегӯяд, таъсиррасониҳои манфии изофӣ бар чашмандози иқтисоди ҷаҳонӣ хатароти муртабит бо терроризми байнулмилалӣ, ташдиди шароити даргирӣ дар бархе манотиқ ва ҳамчунин бемориҳои ҳамагир, тағйироти обуҳавоӣ ва офатҳои табииро дар пай хоҳад дошт.

Ин нукта дар баёнияи муштараке аз натоиҷи ҷаласаи 17 — умини Шӯрои сарон ҳукумат (нахуствазирон) – и кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (Ҳинд, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон), ки 11 ба 12 октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, баён шудааст. Дар ин ҷаласа ҳамчунин сарони ҳукуматҳои кишварҳои нозир — Афғонистон, Белорус, Муғулистон ва Эрон низ ширкат доштанд.

Дар баёния омадааст, вазъияти иқтисоди ҷаҳонӣ, бо вуҷуди бархе аз беҳбудиҳо, бесубот боқӣ мемонад, раванди ҷаҳоншавии иқтисодӣ бо афзоиши иқдомоти якҷониба ва тадобири ҳомигарӣ, коҳиши мудовими дар ҳоли тавсеа, ноустувории бозорҳои молӣ ва дигар чолишҳои тиҷорати байнуалмилалӣ рӯбарӯ шудааст.

Ин санад равшан намекунад, ки дар бораи кадом «таъсиррасониҳои манфии изофӣ», «иқдомот якҷониба ва ҳомигарӣ» сухан меравад. Нозирони ҳол мегӯянд, таҳримҳо ва маҳдудиятҳои тиҷории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Аврупо бар Русия, Чин, Эрон ва Туркия, кишварҳое, ки дар иқтисоди кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой таъсир доранд, дар назаранд.

Дар баёнияи муштарак гуфта шудааст, ки сарони ҳайатҳо бар аҳамияти тааҳҳуди мудовими кишварҳои узв ба аҳдоф ва вазифаҳои мундариҷ дар Маншури Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, иҷрои бештари Стратегияи рушди созмон то сол 2025 — ро дар ростои тақвияту густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, амният ва тиҷорат, мусоидат ба эҷоди равобити байнуламилли типпи нав, ки бар эҳтироми мутақобил, адолат, баробарӣ ва ҳамкории судманди дуҷониба асос ёфтаанд ва ҳамчунин шакл додани як диди куллӣ аз идеяи эҷоди як ҷомеаи бо сарнавишти воҳиди дар ояндаи башарият таъкид карданд.

Онҳо аз пешниҳоди Котиботи СҲШ барои баргузории нишасти намояндагони ҷавонони кишварҳои узв ба номи «Ҷавонони СҲШ алайҳи терроризм ва ифротгароӣ» (Донгфанг, 8-12 ноябри соли 2018) ва низ натиҷаи нишасти додситонҳои кулли кишварҳои созмон (Душанбе, 19 то 20 сентябри 2018) ба унвони як кӯмаки муҳим дар талош барои итминон аз амният ва субот дар минтақа, мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ истиқбол карданд. Додситонҳо пас аз табодули таҷрибаи миллӣ дар муқобила бо таҳдидҳои амниятии дар ҳоли афзоиш ба манофеъи кишварҳои узви СҲШ, як протоколи ҷаласаро ба имзо расонданд, ки нишондиҳандаи қасди ширкаткунандагон дар тасбити талошҳо дар мубориза бо ифротгарову терроризм ва ҳамчунин манобеъи молии он барои сармоягузории ҷиноёти фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир, тиҷорати инсон аст.

Тавофуқҳое ҳам сари мусодидат ба табодули иттилоот дар мавриди афроди муртакиб бар ҷароими террористӣ ва ифротӣ, таҷрибаи ба расмият шинохтани аҳзоби алоҳида, ҷунбишҳо ва созмонҳо ба унвони террористӣ ва ифротӣ ба даст омад.

Ниёз ба афзоиши ҳамкориҳои доситониҳои кишварҳои узви СҲШ ва ҳамчунин ҳамкории онҳо бо сохторҳои марбути созмонҳои минтақаӣ ва байнуламилалӣ дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷароими созмонёфтаи фаромиллӣ низ таъйид шуд.

Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар баробари Эътилофи байнулмилалии зидитеррористӣ таҳти раҳбарии Амрико ва НАТО, ки дар Афғонистон амал мекунад, дар роҳи табдил шудан ба дуввумин эътилофи зиддитеррористӣ дар минтақаву ҷаҳон аст.

Ин созмон соли 1996 тавассути Чин ва чаҳор кишвари Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ (ИДМ) — Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон — дар шаҳри Шонгҳойи Чин таъсис шуд. Дар ибтидо «Панҷгонаи Шонгҳой» номида шуд ва баъд аз узвияти Ӯзбекистон дар соли 2000 ба “Анҷумани Шонгҳой” ва ё Созмон ҳамкориҳои Шонгҳой табдили ном кард. Соли 2017 Покистон ва Ҳинд низ ба созмон пазируфта шуданд.

Аз ибтидо созмон як самти зиддитеруристӣ дошт. Яке аз се асноди аслии он — «Эъломияи Шонгҳой дар мубориза бо терроризм, ҷудоиталабӣ ва ифротгароӣ» (15 июли соли 2001) буд, ки тибқи гуфтаи коршиносон, Иёлоти Муттаҳида ва НАТО – ро водор ба шуруъи «ҷанг алайҳи терроризм» дар Афғонистон кард.

7 июни соли 2002 Сохтори минтақаи зиддитерроризм (РАТС) – и СҲШ таъсис шуд. 29 майи соли 2003 дар Маскав мақарри ин сохтор шаҳри Тошканди Ӯзбекистон таъйин шуд.