Таҳлили вазъи омодагии низоми маорифи Тоҷикистон ба таҳсилоти фосилавӣ дар шароити КОВИД-19

05 января 2021
880
Муаллиф: Rushnoi.org

Дар пайи пандемияи КОВИД-19 ва эълони карантинҳо масъалаи таҳсилоти фосилавӣ ба миён омад. Дар Тоҷикистон ҳам ин мавзӯъ дар доираҳои мухталиф зиёд баҳс шуд. Аммо бо ин далел, ки кишвари мо дар гузашта чунин таҷрибаро надошт, дар ин самт як қатор мушкилиҳо пеш омаданд.

Ахиран, Бунёди ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет” бо дастгирии молии Институти “Ҷамъияти кушода” – Бунёди мадад дар Тоҷикистон таҳлили вазъи омодагии низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсилоти фосилавӣ дар шароити КОВИД-19-ро анҷом дод.

Дар таҳлил гуфта мешавад, ки гузариш ба таҳсилоти фосилавӣ танҳо бо ҷалби сармоягузории бузурги молиявӣ ва тадриҷан имконпазир аст, яъне агар ин раванд давра ба давра амалӣ шавад.

“Гузариши босуръат ҳатто дар кишварҳои пешрафта ҳам ба осонӣ даст намедиҳад ва як қатор мушкилиҳо пеш меоянд — дар бархе мактабҳо ин раванд осон аст, аммо дар бархеи дигар проблемаҳо пеш меоянд. Аз ҳама муҳимаш ин аст, ки таҳсилоти фосилавӣ дар ҳамаи гуруҳҳои синусолӣ ҷойи омӯзиши анъанавиро гирифта наметавонад”,-гуфта мешавад дар таҳлили мазкур.

Ин таҳлил гуруҳҳои зерро фаро мегирад:

  1. Хонандаҳо.
  2. Муҳтаво ва замимаҳо барои омӯзиҳи фосилавӣ.
  3. Фанҳои дарсӣ ва машғулиятҳо барои омӯзиши фосилавӣ.
  4. Муаллимон ва шеваи дарс.
  5. Волидон ва оила.
  6. Вазорату идораҳои масъул.

Таҳлили вазъи омодагии низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсилоти фосилавӣ дар шароити КОВИД-19 дар шакли PDF пешниҳоди хонандаҳо мешавад. Шарҳу пешниҳодҳои худро вобаста ба ин санад ба почтаҳои электронии ibodulloev@gmail.com ва rkosimi@gmail.com равон кунед.

Таҳлили вазъи омодагии низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсилоти фосилавӣ (бо забони русӣ)