Тухми харгӯш

26 сентября 2018
183
Муаллиф: Rushnoi.org

Ин ҳикоя як арзёбии адабии рӯ овардани мардуми мусалмон ба терроризмро бо тамоми санъат нишон медиҳад

Акс аз forumdaily.com

Ҳасан Бласим, нависандаи ироқӣ

Тарҷумаи Раззоқи Маъмун

 

Пеш аз он ки тухм зоҳир шавад, ман ҳар шаб қабл аз он ки ба хоб биравам, китобе дар бораи қонуну мазҳаб мутолиа мекардам. Монанди харгӯшам, соатҳои мутаволӣ аз сафедадам то ғуруб хеле фаъол мебудам. Аз сӯи дигар, Салсол шабзиндадор буд ва то нимарӯз баъд мехобид.

Ӯ қабл аз берун шудан аз бистари хоб, лабтопашро боз карда, ба Фейсбук ворид мешуд, то охирин назарияҳо дар гуфтугӯи шаби гузаштаро мулоҳиза кунад ва охири кор ҳаммом бигирад. Ӯ сипас ба ошпазхона мерафт. Радиоро равшан карда, дар ҳоле, ки тухми сурхшуда ва қаҳва омода мекард, ба хабарҳо гӯш медод. Ӯ субҳонаашро ба даруни боғ мебурд ва зери соябон, рӯи курсӣ менишаст. Ҳангоме, ки субҳона мехӯрд, менӯшид ва дуд мекард, нигоҳаш ба ман буд.

«Субҳ ба хайр, Ҳаҷҷар. Аз гулҳо чӣ хабар?»

Ман, ки шохаҳои изофии гулобро мебуридам, барояш гуфтам: «Имсол гарм буд ва инҳо ҳам чандон рушд накарданд».

Салсол сигарети дигаре равшан кард ва лабханди розомезе сӯи харгӯши ман таҳвил дод. Ман ҳаргиз пай набурдам, чаро вай аз дидан харгӯши ман азият мешавад. Харгӯшро Умми Доло –пиразан — оварда буд. Мегуфт, онро дар гардишгоҳ ёфтааст. Тасмим гирифтем то замоне, ки Умми Доло соҳибашро пайдо кунад, ӯро бо худ нигаҳ дорем.

Харгӯш як моҳро бо мо сипарӣ карда буд ва аз зиндагии ман бо Салсол дар ин вилои муҷаллал дар шимоли Минтақаи Сабз ду моҳ мегузашт. Сохтмони ҷудоафтодаи вило муҳот (иҳоташуда) бо деворҳои баланд буд ва дарвозае бо системи печидаи амнияти дар он ҷосозӣ шуда буд. Мо намедонистем лаҳазоти ахир чӣ замоне фаро хоҳад расид. Салсол одами ҳирфаӣ буд. Аз ин, ки нахустин бор буд, ки ман вориди ин кор шуда будам, маро мурғобии кӯчак садо мезаданд.

Оқои Салмон ҳафтае як бор ба мо саре мезад, то аз аҳволи мо мутталеъ шавад ва дар бораи масоил ба мо итминони хотир бидиҳад. Оқои Салмон чанд шиша машрӯб ва миқдоре ҳам ҳашиш бо худаш меовард. Ӯ дар бораи сиёсиюн ҳамвора шӯхиҳои музахрафе бар забон меовард ва ба мо ёдовар мешуд, ки амалиёти пеши рӯ то чӣ ҳадде сареъ ва боаҳамият аст. Ин Салмон бо Салсол ҳамгурӯҳ буданд ва аз ифшои масоили сареъ ба ман парҳез мекарданд. Ҳар ду ба нуқоти заъф ва ноозмудагии ман таваҷҷуҳи вофир доштанд. Ман ба онҳо зиёд таваҷҷуҳ надоштам. Ман ғарқа дар талхиҳои зиндагии худам будам ва мехостам олами ҳастӣ якбора фурӯ бирезад.

Умми Доло ҳафтае ду бор меомад. Ӯ ба мо сигарет меовард ва хонаро тамиз мекард. Як бор Салсол ӯро азият кард. Вақте Умми Доло дилма омода мекард, ӯ зери танаашро ламс кард. Умми Доло бо қошуқе, ки дар даст дошт, ба биниаш кӯбид ва хун фаввора зад. Салсол даст аз сараш бардошт ва аз он пас бо ӯ дигар ҳарфе назад. Умми Доло дар синни панҷоҳсолагӣ ва доштани нӯҳ фарзанд як зани пурэнержӣ буд. Ӯ муддаӣ буд, ки аз мардҳо мутанаффир аст ва мегуфт, онҳо фурӯмоя ва махалавқотанд. Шавҳараш дар корхонаи миллии барқ кор мекард, магар ӯ аз фарози як пояи барқ ба замин фурӯ ғалтид ва ҷон супурда буд. Ӯ марде майхора буд ва Умми Доло ӯро ирқи муши саҳроӣ садо мезад.

Ман дар гӯшаи боғ барои харгӯш қафасе дуруст карда ва ба хубӣ аз он мувозибат мекардам. Ман медонистам харгӯшҳо ҷонварони ҳассосеанд, ки ниёз доранд тамиз бошанд ва хуб тағзия шаванд. Замоне, ки дар давраи дабиристон будам, дар ин бора мутолиа карда будам. Вақте дар синни сездаҳ будам, шӯру иштиёқ барои мутолиаро дар худ парвариш додам. Дар оғоз ашъори классикии арабӣ ва бисёре достонҳои тарҷумашуда аз забони русиро ба хониш гирифтам. Аммо ман ба зудӣ хаста шудам.

Ҳамсояи мо коркуни вазорати кишоварзӣ буд ва як рӯзе, ки ҳамроҳ бо писараш – Салом — рӯи боми хонаашон бозӣ мекардем, канори як тана дарахт бо анборае аз чизҳои дарҳаму барҳам қарор гирифтем.

Салом розеро бо ман дар миён гузошт. Сандуқи чӯбии пур аз китобҳои марбут ба равишҳои кишоварзиву обёрӣ ва донишномаҳои бешуморе дар бораи гиёҳон ва ҳашарот буд. Дар зери китобҳо маҷаллоти сексии зиёде ҳамроҳ бо нигораҳои ҳунарпешаҳои туркияӣ ба чашм мехӯрд. Салом бароям як маҷалла таоруф кард, аммо ман як китобе дар бораи анвоъи мухталифи дарахти хурморо, ки дар кишвар мерӯянд, низ бардоштам. Ман аз он пас ба салом эҳтиёҷ надоштам. Барои дидани китобхонаи чӯбӣ, аз хонаи худи мо дуздакӣ рӯйи боми хонаашон мехазидам. Як китоб ва як маҷалла мебардоштам ва он якеро, ки ба амонат бурда будам, дубора дар ҷояш қарор медодам.

Аз он баъд ошиқи китобҳои дар бораи ҳайвоноту гиёҳон шудам ва то замоне, ки ҷабран ба хидмати артиш гирифта шудам, ба шикори ҳар китоби тозае мерафтам, ки дар китобфурӯшиҳо дастёб мешуд.

Бо ин ҳол, аз хониши китоб лаззати гиҷкунандае бар ман даст медод. Аз ҳар бахш иттилооти тоза музтариб мешудам. Ба як нукта мушаххас мечаспидам ва шурӯъ мекардам то манобеъ ва анвоъи дигаре аз навиштаҳоро ба даст биоварам. Ба таври мисол, ба хотир дорам, ки баъзан мавзӯъи бӯсаро мутолиа мекардам, то он ки саргиҷа мешудам, мисли ин ки меваҳои равонгардон масраф карда бошам.

 

Озмоишҳо нишон додаанд, ки шимпанзеҳо барои коҳиши танишу хастагиву ҳарос дар байни гурӯҳашон, ба бӯсидани якдигар рӯй меоваранд. Исбот шудааст, ки шимпанзеҳои мода вақте эҳсос мекунанд ғарибаҳое ба қаламравашон ворид шудаанд, бедиранг ҳамсаронашонро дар оғӯш кашида ва бӯсаборон мекунанд. Ва ман баъд аз як давраи пӯиши тӯлонӣ бӯсаи дигареро шиносоӣ кардам: як бӯсаи гармсери тӯлонӣ. Бӯсае аз навъи як моҳии гармсере, ки ҳар бӯсааш бевақфа ним соат ва бештар замон мегирад.

 

Хотироти ман аз он солиёни тира ва таҳрим дар гарави балъидани китобҳост. Муддати бист соат дар рӯз барқ қатъ мешуд, ба вежа баъд аз силсила бомбаборонҳои ҳавоии Амрико бар кохи раёсатиҷумҳурӣ. Ман то посе аз шаб орамида рӯи бистар миён як навъ бӯсаи дигаре дар навсон будам: ҳашроте ба номи раҷавё (reduvius — аз навъи модари кайкҳо — мутарҷим), ки ҳарчанд аз касе бӯса барнамедоранд ва фақат дилбастаи даҳони одамҳоянд, ки ба хоб рафтаанд. Рӯйи сурат одам мечаранд, то дар як гӯшаи даҳони одам хоб рафта, ҷои пое ёфта ва шурӯъ ба бӯсидан мекунанд. Онҳо вақти бӯсидан зарроти кӯчаки заҳрӣ берун медиҳанд ва як одами бархӯрдор аз саломатӣ ва хоби ором, бо бӯсаҳои заҳрии ба андозаи чаҳор қатраи ба ҳам омехтаи борон дар гӯшаи даҳонаш аз хоб баланд мешавад.

Ман аз хидмати артиш фирор кардам. Наметавонистам равиши ҳақоратомез он ҷоро таҳаммул кунам. Аз тарафи шаб дар як хаббозӣ (нонвойӣ) машғул ба кор шудам. Маҷбур будам ба кӯмак модарам ва панҷ бародарам бирасам. Ангезаи мутолиаро аз даст додам. Дунё дар назарам ба як ҳайвони устураии ғайри қобили дарк монанда буд. Як сол пас аз фирори хидмати низом, режим сарнагун гашт ва тарси ман аз танбеҳ ба хотири тарки пешҳангом аз вазифаи сарбозӣ поён ёфт.

Ҳукумати нав сарбозгирии иҷбориро лағв кард. Вақте давраи хушунат ва сарбуриданҳои фирқаӣ фаро расид, ман тасмим гирифтам аз кишвар фирор карда ва ба Аврупо биравам. Магар онҳо ду бародармро куштанд. Онҳо (бародаронам) баъд аз хатми сооти кор дар корхонаи тавлиди кафшҳои занона ба хона бармегаштанд. Ронандаи токси ононро ба як исти бозрасии ҷаълӣ таҳвил дода буд. Шибҳи низомён “Аллоҳ акбар” — гӯён ононро ба макони номаълуме бо худ бурда буданд. Шибҳи низомиён бо як дастгоҳи барқӣ баданҳояшонро сӯрох — сӯрох карда ва сарашонро ҳам барида буданд. Мо аҷсоди онҳоро аз миёни анбори зубола дар ҳошияи шаҳр пайдо кардем.

Ман бо вазъи комилан ба ҳам рехта аз хона берун задам. Наметавонистам гувоҳи ваҳшат дар симои модар ва бародаронам бошам. Худамро аз даст дода будам ва муддатҳои мадид намедонистам ҳадафи ман аз ин зиндагӣ чӣ аст? Дар як ҳутали касиф утоқе кироя кардам, то он ки амуям ба дидорам омад ва аз ман хост, ки бо вай ҳамгурӯҳ шавам: дақиқан барои интиқомгирӣ.

Рӯзҳои тобистони тӯлонӣ ва касолатовар (хастакунанда) буд. Дуруст аст, ки зиндагӣ дар вило бо ҳавзи шино ва ҳаммому сауно ҷои роҳате буд, магар дар назари ман ба як сароби бошукӯҳ монанда буд. Салсол дар утоқе дар табақаи дувум ҷо хуш кард, дар ҳоле ки ман бо як рӯпӯш ва як болиш рӯи мебели дурушти утоқ бузург нишеман канори қафсаи китоб розӣ будам. Ман хостам нигоҳамро ба сӯи боғу дарвозаи беруни вило бошад, ки мабодо ҳодисае номунтазир пеш ояд.

Ман ба бузургии ҳаҷми чаҳорчӯби қафсаи дилфиреби китоб дар утоқи нишеман хира гаштам. Кутуби зиёде дар заминаи мазҳаб ва қавонини милливу байнуламилалӣ дар он ба чашм мехӯрд. Ҳайвоноти сохташуда аз чӯби соҷ **дар имтидоди қафсаҳо радиф бастаанд ва тарҳу рехти онҳо мушобеҳ ба тутимҳои африқоӣ аст. Ҳамчунон ин ҳайвонот сафи кутуби мазҳабиро аз осори ҳуқуқӣ ҷудо карда буданд.

Ҳамин ки ҳисси тирае маро фаро мегирифт, чашм ба ҳам задан ба чизе газ мезадам ва мехӯрдам ва рӯйи тахт раҳо мешудам. Каме дар хотироти зиндагӣ парса мезадам. Сипас китоберо берун оварда бо ошуфтаҳолӣ ба хониш мегирифтам. Дунё дар назарам анкабути мадҳушеро мемонист, ки вопасин нафасҳои зиндагиашро мекашид. Дилпазир, болу парзаниҳои ҳавлнок барои охирин бор.

Ман тухмро се рӯз қабл аз дидор бо Салмон ёфтам. Як рӯз мисли ҳамеша баъд аз сафедадам аз хоб бархостам. Каме ғизо ва оби нӯшиданӣ овардам. Сипас саре задам ба дӯстам харгӯш. Қафасашро гушудам ва ӯ парид миёни боғ. Дар миёнаи қафас як тухм дида мешуд. Онро бардошта нигоҳ кардам ва саъй кардам аз ин вазъи пуч сар дар биёварам. Кӯчактар аз тухми мурғ буд. Ман ба ҳолати музтариб саррост ба утоқи Салсол рафтам. Бедораш карда ва моҷароро гуфтам. Салсол тухмро гирифт ва даме ба он хира монд. Он гоҳ хандае аҷиб ва ғариб сар дод.

Ӯ ангушташро ба чашмонам наздик кард ва гуфт:

«Ҳаҷҷар, беҳтар аст пои маро ба ин моҷаро накашонӣ!»

Ман одӣ посух додам: «Манзурат чист? Ман, ки ин тухмро нагузоштаам!»

Салсол чашмҳояшро молид ва сипас девонавор сӯи тахти хоб хез бардошт ва маро зери фаҳшу лаънат гирифт. Мо тарафи дарби хурӯҷи вило рафтам ва дастгоҳи амниятиро озмоиш кардем. Деворҳоро назорат карда ва саросари боғу утоқҳоро ворасӣ кардем. Кадом нишонае аз чизҳои ғайриоддӣ ба чашм наомад.

Магар тухм дар қафаси харгӯш!

Танҳо гузина ин буд, ки ҳадс бизанем касе бо мо сари шӯхӣ дошт, бесадо дохили вило шуда ва тухмро канори харгӯш гузоштааст.

Салсол гуфт: «Ин ширинкории аҳмақона кор Умми Долои фоҳиша аст!»

Сипас хомӯш пайи кори худ рафт.

Мо ҳар ду медонистем, ки Умми Доло нохуш буд ва ҳафтаи гузашта ба дидори мо наомада буд. Ҳар ду тарсида будем. Зеро ҳеҷ аслиҳае дар хона надоштем. Мо то фаро расидани замони маъмурият иҷоза надоштем аслиҳа дошта бошем. Онҳо нигарони тафтиши тасодуфии хона аз сӯи бозрасон буданд. Минтақа Сабз як соҳаи давлатӣ буд ва бисёре аз сиёсатгарон дар он ҷо сокин буданд. Мо дар он вило таҳти номи муҳофизони як узви парлумон зиндагӣ мекардем. Салсол маслиҳат донист, ки ман харгӯшро бо дасти худам ба қатл бирасонам. Магар ман ба дархости вай посухи рад додам ва барояш гуфтам, ки харгӯш дар ин моҷаро саҳме надорад.

Ӯ, ки хашмгин аз утоқ берун мерафт, гуфт: «Он тухмро харгӯши хунини ту нагузошта?»

Ман қаҳва дуруст карда ва дар боғ ба тамошои харгӯш нишастам, ки саргарми хӯрдани ғизояш буд. Мегӯянд, ғизои харгӯш ҳовии моеъи витамин “В” аст, ки ба василаи организмҳои кӯчак дар рӯдаҳо тавлид мешавад. Лаҳазоте баъд Салсол ҳамроҳ бо лаптобаш баргашт. Зерзабонӣ бо худаш ҳарф мезад ва Салмонро пайваста лаънат мекард. Ӯ ба баргаи Файсбуки худ назар андохту гуфт, ки мо бояд ҳафтаи пур ба таври 24 соат дар ҳоли эҳзорот бошем. Аз ман хост, ки шабро дар утоқи ӯ дар табақаи дуввум сипарӣ кунам. Ба хотир ин ки барои назорат бар дарвоза ва деворҳои вило муносиб аст.

Мо ҳама чироғҳоро хомӯш карда, дар утоқи Салсол нишастем ва ҳар як ба навбат атрофи вилоро бозрасӣ мекардем. Дишаб бидуни ҳеҷ иттифоқи машкуке гузашт. Вило хомӯш ва дар сукуту  оромиш ғарқа буд.

Рӯзҳои иқомат дар утоқи Салсол пай бурдам, ки ӯ ба номи мустаори «Ҷанг ва сулҳ» дар шабакаи Фейсбук сабти ном карда ва тасвири тарроҳишудаи Толстойро дар намояи худ гузошта буд. Ӯ беш аз ҳазор дӯсти фейсбукӣ дошт, ки аксари онон нависандаагон, рӯзноманигорон ва рӯшанфикрон буданд. Ӯ дар бораи назароти онон баҳс мекард ва дар қиёфаи як равшанфикр корбарони Фейсбукро мавриди ситоиш қарор медод. Ӯ ба ибрози назар пардохта ва хушунатҳои ҷорӣ дар кишварро дар камоли тавозӯъ ва хирадмандӣ таҳлил мекард. Ҳатто ба таври озмоишӣ бо ман дар мавриди шахсияти муовини вазорати фарҳанг пургӯӣ кард. Бароям гуфт, муовини фарҳангӣ чӣ қадар одами бофарҳанг ва инсони ҳушманду мунҳасир ба фард аст. Дар он замон ман алоқаманди сӯҳбат дар бораи муовини вазорат набудам. Барояш гуфтам, афроди шомил дар кору касби мо боистӣ аз баҳсҳои файсбукӣ худро дур нигаҳ доранд.

Ӯ бо пӯзханди як одами ҳирфаӣ ба суям нигарист ва гуфт: «Ҳаҷҷар, дар қиссаи тухми харгӯшат бош».

Саранҷом вақте Салмон аз мо дидан кард, хашми Салсол дар баробараш таркид ва қиссаи тухми мурғро барояш тавзеҳ дод. Оқои Салмон достони моро ба истеҳзо гирифт ва шакку тардиди мо нисбат ба Умми Долоро бебунёд хонд. Барои мо итминон дод, ки Умми Доло зани мавриди эътимод аст ва чандин сол бо онҳо кор кардааст. Аммо Салсол худи Салмонро ба хиёнат муттаҳам кард ва дар ҳоле ман нишаста тамошо мекардам, мушоҷираи ҳар ду оғоз шуд.

Аз варои мунозираи онҳо дарёфтам, ки мардум дар дунёи сиёсат ва фирқагароӣ ағлаб авқот ба хотири маслиҳатҳои калон даст ба хиёнат мезананд. Қудратҳои қудратманд дар басо маворид ба унвони бахше аз як муомилаи бузург бар сари ҷойгоҳи сиёсӣ ё эҷоди пӯшише барои фасоди фарогир одамкушонро ба гунаи ройгон ба ҳамдигар истихдом мекунанд.

Магар Салмон ҳама иттиҳомоти Салсолро такзиб кард. Ӯ моро даъват ба оромиш кард, зеро қарор буд то ду рӯзи дигар шахси мавриди назар террор шавад. Мо дар ошпазхона гирди ҳам омадем ва Салмон ҷузъиёти нақшаро барои мо тавзеҳ дод. Ӯ сипас ду туфангчаи дастиро ҳамроҳ бо ду дастгоҳи садохафакун аз кӯлапуштиаш берун кашид ва гуфт, ки пули мо баъд аз амалиёт пардохта мешавад ва мо баъд аз он ба маҳалли дигаре дар ҳошияи шаҳр нақли макон хоҳем кард.

Салмон пеш аз рафтан ба ман пич — пич кард: як тухми харгӯш! Ҳо ҳо… Ҷӯҷа мурғобӣ, ту ҳоло воқеан базла мегӯӣ?

Шаби охир то новақт ҳамроҳи Салсол бедор мондам. Барои харгӯш нигарон будам, чун ба назар мерасид, ки Умми Доло дар мураххасии тӯлонӣ хоҳад буд ва харгӯш аз гуруснагӣ ва ташнагӣ ҷони худро аз даст хоҳад дод.

Салсол камокон саргарми Фейсбуки худ буд. Ман аз панҷара тарафи боғ медидам. Ӯ гуфт, ки бо муовини вазири фарҳанг дар робита ба нобудии хушунати фирқаӣ сӯҳбат кардааст. Бардоштам аз гуфтори Салсол ин буд, ки муовини вазорати фарҳанг романнавис буда ва дар замони Саддом Ҳусайн се романи фалсафи навиштааст.

Рӯзе ӯ ва ҳамсараш дар як зиёфате дар манзили як меъмори сарватманд машғули тамошои дарёи Фурот буданд. Бонуяш ҳамонанди худаш, ҷаззоб, фавқулода ва бофарҳанг буд. Ба вежа он бону дилбастаи мутуни куҳани исломӣ буд. Раиси идораи амният, аз бастагони раисҷумҳур дар ҷамъи меҳмонон ҳузур дошт. Баъд аз поёни маҳфил, раиси амният ба шӯъбаи назораташ дастур дод, ки як бор романҳои дӯсти моро аз назар бигузаронанд. Чанд рӯз баъд, онҳо романнависро ба иттиҳоми таҳрикот бар зидди кишвар ва ҳизб* таҳвили зиндон доданд.

Раиси амният бо зани романнависи дар банд, дар бораи раҳоии шавҳараш ба муомила ва чоназанӣ пардохт. Вақте зан ба хостаи ӯ ҷавоби рад дод, раиси амният ба яке аз афродаш дастур дод, ки дами чашмони шавҳараш бар ӯ таҷовуз кунад. Аз он пас, зан роҳи Фаронса дар пеш гирифт ва нопадид шуд.

Онҳо дар авосити солҳои навади мелодӣ романнависро аз зиндон озод карданд. Ӯ барои пайгашти занаш раҳсипори Фаронса шуд, магар радди пое аз ӯ наёфт. Вақте режими диктотурӣ нагунсор шуд, романнавис ба хонааш бозгашт ва дар мақоми муованати вазорати фарҳанг ба кор пардохт.

Достони зиндагии романнавис, ба тарҳу рехти як филми Боливуд мемонист, магар ман аз он ҳама ҷузъиёте, ки Салсол дар бораи зиндагии он мард медонист, дар шигифт будам. Эҳсос мекардам, ки вай қобилияту шахсияти он мардро месутуд. Аз вай пурсидам, ки романнавис узви кадом гурӯҳ буд. Ӯ пурсиши маро нодида гирифт. Баъд саъй кардам дар нақшае, ки пеши рӯ доштем, ҳувияти он мардро пеш худ муҷассам кунам. Магар Салсол посух дод, ки мурғобии тозакоре мисли ман иҷозаи фаҳмидани ин масоилро надорад. Вазифаам ин буд, ки сирфан мутар биронам ва тирандозӣ бо туфангчаи бесадо кори Салсол буд.

Бомдоди рӯзи баъд, мо ҷилави исти ҷойи мутарҳо дар маркази шаҳр интизор мекашидем. Қарор буд фарди мавриди назар, савор бар як мутари сурхфоми навъи “Крун” сар бирасад ва маҳз рафтан ба муҳавватаи поркинг, Салсол мутари моро берун карда ва ӯро дар масири пиёдарав таъқибу омоҷи гулӯла қарор диҳад. Баъд мо ба истиқомати як макони ҷадид дар ҳошияи шаҳр мерондем. Аз ҳамин рӯ, ман харгӯшро дар тайи ин муддат бо худам оварда ва ӯро дар сандуқи ақиби мутар гузошта будам.

 

Салсол дар телефуни худ як паёмак дарёфт кард ва ранг аз рухаш парид. Мо набояд барои фарди мавриди назар беш аз даҳ дақиқа интизор мекашидем. Аз вай дар ин бора пурсидам. Ӯ лаънатгӯён бо кафи даст ба ронаш кӯбид. Ман тарсидам. Ӯ лаҳзае диранг кард ва он гоҳ дар тилфунаш тасвири харгӯшеро нишон дод, ки рӯи тухме нишастааст. Як фотошопи аҳмақона буд. Ӯ пурсид:

«Медонӣ, чӣ касе ин тасвирро ирсол карда?»

Сарро ба нишонаи манфӣ такон додам.

Ӯ гуфт: «Муовини вазорати фарҳанг!»

«Чӣ?»

«Ҳаҷҷар, ҳадафи мо ҳамин муовин аст».

 

Ман аз мутар берун задам. Аз ҳамоқат ва девонагиҳои таассуфбори Салсол дар ин амалиёт хунам ба ҷӯш омада буд. Беш аз понздаҳ дақиқа гузашт, аммо ҳадафи мавриди назар пайдо нашуд. Ба Салсол гуфтам, ки ман аз амалиёт хориҷ мешавам. Ӯ дубора мутарро кашид ва маро ба сабуриву интизори бештар даъват кард. Зеро зиндагии ҳардуи мо дар хатар буд. Ӯ дубора даруни мутар рафт ва саъй кард бо Салмон тамос қоим кунад. Ман тарафи мағозае дар наздикии он ҷо роҳ афтодам, то як баста сигарет бихарам. Қалбм аз шиддати хашм, девонавор метапид. Ҳамин ки ба мағоза расидам, дар ақиби ман мутар инфиҷор кард ва оташ гирифт. Салсол ва харгӯшро ба хокистар мубаддал сохт.

Тавзеҳот:

*ашколи намодин дар миёни тавоифи сурхпӯст

 **дарахти ҳиндии бо чӯби сиёҳ

 ***Ҳизби Баъс