Дидгоҳ |Чаро интернет дар Тоҷикистон гарон аст?

26 января 2021
1181
Муаллиф: Rushnoi.org
Асомиддин Атоев, коршиноси аршади соҳаи ТИК

Яке аз омилҳои гарон будани нархи Интернет, аз нигоҳи танзимгари соҳаи алоқа, ки муовини раиси он — Илҳомҷон Атоев (бародари банда) — баён кардааст, ин мавқеи ҷӯғрофии Тоҷикистон аст. Хоҳиш мекунам таваҷҷӯҳ диҳед ба ибораи «яке аз омилҳо».

Ба андешаи ман, омилҳои гарон будани нархи дастрасӣ ба Интернет:
1. Мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон;
2. Дар ҳошия ё соҳили Интернет қарор доштани кишвар ва ҷолиб набудани бозори ватании ТИК ба сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ;
3. Заиф будани рақобатпазирии бозори ватанӣ ҳам дар дохил ва ҳам берун аз кишвар;
4. Набудани шабакаи ягонаи мубодилаи додаҳо байни операторони алоқаи мобилӣ;
5. Гарон будан ва афзоиши ҳамасолаи андозҳои мустақим ва ғайримустақими соҳаи телекоммуникатсия;
6. Нигоҳ доштани мавқеи дастнигарӣ ё истифодабарандаи ашаддӣ, ки аз асри аналогӣ мерос гирифтаем;
7. Заиф будани таҷрибаи истифодаи чандкаратаи як инфрасохтор барои ҳалли масъалаҳои якчанд соҳа;
8.
Агар ин омилҳоро мушкилӣ пиндорем, пас онҳоро ба ду формат метавон ҷудо кард:
1. ҳаст кардаи Худованд
2. маҳсули даст ва ё тафаккури инсон

Хато намекунем, агар хулоса барорем, ки ин омилҳо танҳо аз танзимгари соҳаи алоқа вобаста нест. Масалан, гарон будани андозҳои мустақиму ғайримустақим аз андозситон вобаста аст. Ё ин ки заиф будани зарфияти инсон барои эҷоди муҳтавои ватанӣ аз чорасозӣ ва ё чоранасозии Вазорати маориф ва илм вобаста аст. Ё пеш набурдани истифодаи чандкаратаи як инфрасохтор нишондиҳандаи сарфи назар кардани нақши инфрасохтори телекоммуникатсия аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати нақлиёт ва Вазорати энергетика мебошад.

Ба осонӣ дида мешавад, ки мушкилиҳои формати дуюм, оқибати мушкилианду на худи он. Решаи он мушкилӣ дар танзими нодурусти муносибатҳост. Ҳам дар бозори телекоммуникатсия ҳам дар дигар бозорҳои ватанӣ. Решадавонии ҳамин мушкилӣ бошад аз он об мегирад, ки хало ва ё тафовути вусъатёбандае мавҷуд аст. Ин хало миёни (1) сиёсату қонунгузории миллӣ барои рушди устувор ва (2) чораҳои дар амал татбиқшаванда мебошад.
Барои ҳалли ин мушкилӣ, роҳи ҳал вуҷуд дораду дар санадҳои муҳими давлатӣ дарҷ гардидааст, яъне иродаи сиёсӣ побарҷост. Он ҳам бошад танзими холисонаи бозор аст. Якчанд мисол барои тасдиқи вуҷуд доштани чунин иродаи сиёсӣ:
1. Таҷрибаи бозори ватании ТИК. То соли 2014
2. Ба узвияти СҶС ноил гаштани Тоҷикистон, 2юми марти 2013
3. Қарори №691 аз 31 октярби соли 2014
Иродаи сиёсӣ дар ҳалли мушкилии аввал, яъне мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон, низ кайҳост ташаккул ёфтаасту ба камол расидааст. Роҳи ҳалли ин мушкилӣ дар худи он, яъне ҷӯғрофия нуҳуфтааст. Он ҳам бошад табдил додани мушкилӣ ба бартариҳо тавассути имкониятҳои технологияҳои иттилоотӣ коммуникатсионии рақамӣ. Ва ҳамин чораи стратегӣ расман аз соли 2011 андешида ва қабул карда шудааст. Бо қарори ҷаласаи аввали Шуро оид ба ТИКи назди Президент ҶТ аз 4 феврали соли 2011, ва сипас дар такмили Ҳадафи 2юми стратегии Тоҷикистон, яъне “Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани он ба кишвари транзити коммуникатсионии минтақаи ОМ” ҷо гирифту бо қабули Стратегияи рушди миллӣ то соли 2030 ҳамчун яке аз ду қисми таркибии ҳамин ҳадаф мустаҳкам гардонида шуд.
Лекин, амалҳое, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ пиёда мегарданд, аз як ҷониб ба он мушкиллиҳои дар боло номбар шуда ва ё омилҳои гаронкунандаи нархи интернет оварда расондаанд ва аз ҷониби дигар, гӯё қасдан барои нарасидан ба ҳамин ҳадаф бошанд:
Масалан мустаҳкам кардани монополияи як ширкати давлатӣ
Баланд бардоштани андозҳо дар ҳамин соҳа ва таҳия андозҳои нав ба нав
• Бунёди маркази ягонаи коммутатсионӣ
• Маҳдуд кардани мавқеи операторони бозори ватанӣ дар бозори ОМ, аз ҷумла Афғонистони ҳамсоя
Хуб аст, ки расонаҳои мустақил чунин саволгузорӣ мекунанд. То андозае дарк мекунам чӣ қадр мушкил аст ин иқдом. Хоҳише дорам, ки ҳамин саволҳоро болотар аз сатҳи иҷрокунандаҳо, яъне танзимгарон низ бигузоред. Масалан ҳар як иҷрокунандае, ки дар ҳамин мушкилиҳои бозори ТИК даст доранд (ба ном Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ) зерсохторҳои Ҳукумати ҶТ ҳастанд. Чаро аз масъулони Ҳукумат ин саволро напурсид? Ё чаро аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ чунин саволгузорӣ накард? Маҳз бо қабули носанҷидаи меъёрҳои пешниҳод мекардаи масъулон, мо гирифтори ин мушкилиҳо шудаем. Ё чаро саноати иттилоот ва нақши он дар расидан ба ҳадафи 4-уми стратегӣ сарфи назар карда мешавад? Ҳол он ки ин соҳаи саноати рақамӣ (1) ҳануз аз соли 2000 ташаккул ёфтаву рушд дорад; (2) қонунгузории миллӣ аз соли 2003 онро ба расмият мешиносад (масалан Консепсия амнияти иттилоотии ҶТ); Тоҷикистон ҳамчун содиркунандаи таҷрибаи ватанӣ (маводи донишбунёд) барои бунёди дастраскунандаи Интернет дар хориҷ ва хизматрасониҳои иттилоотӣ ба хориҷи кишвар шинохта шудааст.
Асомиддин Атоев, коршиноси аршади соҳаи ТИК