Мизи гирд | Натиҷагирӣ аз лоиҳаи “Таҳкими устувории расонаҳо ва намояндагони мақомот ҳангоми пешниҳоди иттилоъ дар мавзӯи ифротгароии хушунатбор ва терроризм”

16 февраля 2021
107
Муаллиф: Rushnoi.org

13 феврали соли 2021 дар Осоишгоҳи “Сатурн”-и шаҳри Ҳисор вобаста ба хатми лоиҳаи “Таҳкими устувории расонаҳо ва намояндагони мақомот ҳангоми пешниҳоди иттилоъ дар мавзӯи ифротгароии хушунатбор ва терроризм” мизи гирд баргузор шуд. Коршиносони расонаӣ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндаҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ, рӯзноманигорон ва намояндаи Вазорати адлияи Тоҷикистон дар ин чорабинӣ ҳузур доштанд.

Лоиҳаи “Таҳкими устувории расонаҳо ва намояндагони мақомот ҳангоми пешниҳоди иттилоъ дар мавзӯи ифротгароии хушунатбор ва терроризм” аз ҷониби Бунёди ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет” (БҶ “ТШСИ”) давоми бештар аз як сол амалӣ карда шуд. Муҳаммадӣ Ибодуллоев, сарвари ин бунёди ҷамъиятӣ гуфт, лоиҳа дар шарикӣ бо созмони Hedayah ва бо дастгирии молии Иттиҳоди Аврупо амалӣ гардид.

“Соли 2020 бо сабаби пандемияи коронавирус иттилоот дар бораи ифротгароии хушунатомез ва терроризм нисбат ба солҳои пештар камтар шуд. Аммо ин маънии онро надоранд, ки ин проблемма вуҷуд надорад ва тамоман аз миён рафтааст, ҳарчанд инъикоси ин мушкил кам шудааст, аммо худи проблемма аз миён нарафтааст. Аз ин хотир бояд тамоми имкониятҳо барои пешгириӣ аз ифротгароии хушунатбор ва терроризм истифода шаванд”,-таъкид намуд Ибодуллоев.

Яке аз ҳадафҳои аслии лоиҳа низ ба рӯзноманигорон, фаъолони ҷамъиятӣ ва блогерҳо омӯзонидани шеваҳои дурусти таҳияи матлаб дар мавзӯи ифротгароии хушунатомез ва терроризм маҳсуб меёфт. Парвина Ибодова, ҳуқуқшиноси БҶ “ТШСИ” зимни муаррифии фаъолиятҳои анҷомшуда дар доираи лоиҳа гуфт, дар маҷмӯъ дар шаш минтақаи Тоҷикистон 10 давраи омӯзишӣ (2-то барои котибони матбуотӣ) ва 18 пресс-клуб гузаронида шуд: “Дар ҳамаи давраҳои омӯзишӣ, бо шумули ду тренинг барои котибони матбуотӣ 160 нафар иштирок намуданд. Дар давраҳои омӯзишӣ (бо истиснои тренинг барои котибони матбуотии вазорату идораҳо) рӯзноманигорон, донишҷӯён, намояндаҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва блогерон фаро гирифта шуданд”.

Ба гуфтаи ӯ, бо сабаби пандемияи КОВИД-19 раванди амалӣ шудани лоиҳа ба таъхир афтид. “Чун масъалаи гӯшанишинӣ ба миён омад, мо ҳам раванди баргузор кардани машғулиятҳои омӯзиширо ба таъхир гузоштем ва бо беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ бо риоя кардани тамоми қоидаҳои беҳдоштӣ чорабиниҳои ба нақшагирифтаро пурра анҷом додем”,-афзуд ӯ.

Хуршед Назаров, коршиноси расонаӣ ва рӯзноманигоре, ки таҷрибаи кор дар нуқтаҳои доғи чанд кишвари шарқиро дорад, дар доираи лоиҳа ба сифати тренер ҷалб гардида буд. Ӯ дар мизи гирд вобаста ба ҷараёни машғулиятҳои омӯзишӣ гуфт, миёни иштирокдорони тренингҳо нафароне буданд ки дар мавриди мавзӯъ иттилои кофӣ доштанд, аммо нафароне ҳам буданд, ки ҳатто маънии мафҳумҳоро намедонистанд: “Худи мавзӯъ хеле актуалӣ ва барои журналистон хеле муфид мебошад. Дар раванди машғулиятҳо маълум гардид, ки бисёри иштирокчиён як фаҳмиши сатҳӣ ё умумӣ доранд. Гуруҳи дигар донишҳои умумиро доранд, аммо тавассути кадом абзорҳо муқовимат карданро намедонистанд. Чунин тренингҳо воқеан муҳим ва зарурӣ ҳастанд”.

Ранжет Ятимов, ҳуқуқшинос ва тренери расонаӣ, ки базаи ҳуқуқии Тоҷикистон дар мавриди пешгирӣ аз ифротгароӣ ва мубориза бо терроризмро ба иштирокдорони тренингҳо меомӯзонд, гуфт, ба иштироки фаъоли шунавандаҳо дар шаҳри Хоруғ ва минтақаи Рашт таъкид намуд: “Онҳо зиёд талош мекарданд, ки ҳарчӣ бештар аз тренерон маълумот гиранд. Бо баъзе аз онҳо ҳанӯз ҳам тамос дорем ва онҳо саволҳо медиҳанду мо тавассути почтаи электронӣ ҷавоб мегардонем, баъзан машварату тавсияҳо медиҳем”.

Саидаҳмад Қаландаров, донишманди масоили динӣ иброз дошт, ки дар доираи лоиҳа воқеан кори зиёде анҷом дода шуд, ба вижа бо назардошти як нуктаи муҳим ки Тоҷикистон аз нигоҳи геополитикӣ дар як минтакаи бисёр ҳасос ҷойгир аст. Ба таъкиди ӯ, мушоҳидаҳо дар ҷараёни пресс-клубҳо дар минтақаҳои кишвар маълум карданд, ки аксари журналистон сатҳӣ аз ин мавзӯъ воқиф ҳастанд:

“Як нуктаи бисёр муҳимро дар назар дошта бошем, ки барои даст задан ба ин мавзӯъ бояд аз маъхазҳои саҳеҳ истифода кунем. Мавзӯи мубориза алайҳи ифротгароӣ, тунбгароӣ ва терроризм мавзӯи хос аст, касоне, ки ба ин мавзӯъ даст мезананд, бояд аввал маъхазҳоро шиносанд ва онро дуруст кор карда тавонанд. Дар минтақаи мо, дар Осиёи Марказӣ, умуман дар кишварҳои исломӣ бе донистани манбаъҳое, ки марбут ба дин аст, ба Ислом аст, чизе навиштан ва чизе гуфтан душвор аст. Бе сарчашмаҳои шариат, монанди Қуръон, суннат, иҷмои уммат, қиёс ба ин мавзӯъ даст задан кори дурусте нест. Рӯзноманигор ҳадди ақал сатҳи ибтидоии дониш дошта бошад”.

Дар доираи лоиҳа ба ҷуз аз гузаронидани машғулиятҳои омӯзишӣ ва пресс-клубҳо инчунин як қатор корҳои дигар анҷом дода шуд, монанди нашри “Шарҳи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон”, “Тафсири одобномаи шаҳрванди электронӣ” ва китоби “Расонаҳо дар муқобили терроризм. Иззатманд Саломов, рӯзноманигор ва коршиноси расонаӣ, ки китоби “Расонаҳо дар муқобили терроризм”-ро тарҷума кардааст, онро барои иштирокдорони мизи гирд муаррифӣ намуд. Ин дастурамал то имрӯз танҳо бо забонҳои фаронсавӣ, англисӣ, арабӣ ва инак тоҷикӣ нашр шудааст.

Иззатманд Саломов гуфт, китоб барои рӯзноманигороне, ки мехоҳанд дар мавзӯи ифротгароии хушунатбор ва терроризм матлаб нависанд, дастурамали хубе метавонад бошад. “Китоб ба ҳар сурат эътироф мекунад, ки ҷомеаи аврупоӣ ҳадафмандона терроризмро дар шакли Осиёи Миёна ва Ислом бузург нишон медиҳад, дар ҳолате ки ин чиз дар худашон камтар нест”,-таъкид намуд ӯ.

Дар китоб феҳристи сарчашма ва китобҳои муҳиме, ки ба мавзӯи мазкур бахшида шудаанд, оварда шудааст. Инчунин як бахши он ба сарватҳову мероси фарҳангӣ бахшида шудааст.

Гулафшон Соқиева, намояндаи Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон гуфт, ҳамкорӣ миёни журналистон ва мақомоти давлатӣ бояд фарохтар аз иттилооти расмӣ бошад: “Ин мавзӯъ воқеан хеле хос аст ва бояд мақомот ҳам бо рӯзноманигорон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳамкории танготанг дошта бошанд”.

Мирзо Тоиров, намояндаи Академияи ВАО, ки дар ин лоиҳа бо БҶ “ТШСИ” ҳамкорӣ дошт ва ду машғулият барои котибони матбуотӣ бо дастгирии ин муассиса гузаронида шуд, мегӯяд, дар давраҳои бозомӯзӣ ҳамеша ба котибони матбуотӣ ба зарурати ҳамкориҳои хубу боманфиат бо журналистон таъкид мекунанд. “Раванди демократӣ тақозо мекунад, ки давлат бо ВАО кор кунад, шаффофияти кори давлат ҳам аз дастрасии рӯзноманигор ба иттилоъ вобаста аст”,-афзуд ӯ.

Аз рост ба чап: Хилватшоҳи Маҳмуд ва Марат Мамадшоев

Хилватшоҳи Маҳмуд, рӯзноманигори шинохта мегӯяд, қонуни матбуот нишон додааст, ки журналист бо ҳар тоифа метавонад суҳбат кунад, чунки рисолати касбиашро анҷом медиҳад, “аммо ҳангоми инъикоси мавзӯъҳои ифротгароӣ ва терроризм, ки мавзӯъҳои ҳасосанд, қонунгузории Тоҷикистон махсус ҳамин чизро нишон надодааст. Намедонӣ ки аз кадом паҳлӯ ва чигуна он муаррифӣ шавад. Қонунгузорӣ бояд мушаххас кунад, ки то куҷо имкони пахши рукнҳои марбут ба ин мавзӯъ вуҷуд дорад ва то куҷо табӯ аст, қадамҳои баъдии журналистон ва ҷомеаи маданиро нишон бидиҳад”.

Дар поёни мизи гирд иштирокдорон як қатор тавсия ва пешниҳодҳои худро барои мақомот, шарикони рушд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО дар самти ҷилавгирӣ аз ифротгароии хушунатбор ва мубориза бо терроризм ироа доштанд.

 

ИНЧУНИН БИХОНЕД