Дасткорӣ | Чӣ тавр аксҳои ба тоҷикистониҳо рабтнадошта, “қаҳрамон”-и қиссаҳои сомонаи “Оила” мешаванд?

11 марта 2021
1116
Муаллиф: Rushnoi.org
Скрин аз сомонаи «Оила»

Чӣ санҷида шуд?

Дар сомонаи “Оила” матолибе бо сарлавҳаҳои ҳангомабарангез зиёд нашр мешавад, ки аксаран муаллиф надоранд. Дар бештари маврид акси асосии ин матлабҳо шубҳабарангез аст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам борҳо ба ин нукта таъкид шудааст. Аз ин рӯ “Rushnoi.org” тасмим гирифт чанде аз ин аксҳоро бисанҷад.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Бо истифода аз абзорҳои маъмул, ки таърих ва замони гирифтани аксҳоро муайян мекунад, суратҳои асосии матолиби ҳангомабарангезро мавриди санҷиш қарор додем.

1) Дар навбати аввал акси матлабе бо сарлавҳаи “Хушдоманам писарашро ба ман рашк мекунад” (бойгонӣ) санҷида шуд. Дар ин навишта аз номи “Миҷгона” аз шаҳри Конибодом нақл мешавад, ки гӯиё хушдоманаш ӯро бо писараш рашк мекарда бошад. “Нисфи шаб бешармона ба хонаи хобамон даромада, кӯрпаро бо нӯги таёқаш як тараф мекунаду доду фарёд бардошта талхакафамон мекунад. «Писарам, тарсидам, биё бо ман хоб рав» гӯён, шавҳарамро кашолакунон бо худ мебарад”,-нақл мешавад аз номи муаллиф.

Акси асосии яке аз матолиби «Оила»

Дар ин матлаб акси як зан ва пиразане нашр шудааст. Чеҳраи зан ба тоҷикҳо хеле шабоҳат дорад ва хонанда фикр мекунад, ки ӯ ҳамон “Миҷгона” ва пиразан хушдомани рашкинаш бошанд. Аммо ҷӯстори Яндекс нишон медиҳад, ки ин ду акс ба ҳамдигар, алалхусус ба Тоҷикистон ҳеч рабте надоранд ва духтари тасвирёфта аслан зодаи Қафқоз аст. Масъалаи пиразан бошад, тамоман фарқ мекунад. Ному насаби ӯ Агафя Ликова буда, ба танҳоӣ дар саргаҳи рӯдхонаи Абакани Бузург зиндагӣ мекардааст. Ва аксе ки сомонаи “Оила” гирифтааст, ба торнамои mirеа.ru таалуқ дорад. Дар як хабари ин сомона, ки якуми сентябри соли 2016 нашр шудааст, гуфта мешавад, донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Маскав ба ин зани танҳо ёрӣ расонидаанд.

Скрин аз сомонаи mirеа.ru
Скрин аз сомонаи «Оила»

2) Матлаби дигар “Қиссаи пурғӯссаи як зане, ки ташнаи фарзанд буд!” (бойгонӣ) аст, ки 10 марти соли 2021 нашр шудааст. Мағзи қисса ин аст, ки зани бефарзанде аз ятимхона духтареро ба фарзандхонӣ мегирад, аммо бо айби кампири ҳамсояи “бадзабон”-аш онро аз даст медиҳад. Мисли матлаби қаблӣ дар акси асосӣ як зани зебо ва пиразане гузошта шудааст, ки хонанда фикр мекунад қаҳрамонҳои қисса ҳастанд. Барои маълум кардани манбаи аслии суратҳо мебояд тавассути барномаҳои таҳрири сурат нахуст  онҳоро аз ҳам ҷудо кунед, чун маълум аст, ки ин ду акс тавассути барномаҳо як карда шудаанд. Акси аввалро ҷустори Яндекс моли сомонаҳои Русия гуфт. Аммо бино ба нишондоди абзори tineye.com акси пиразан соли 2006 дар шаҳри Кобули Афғонистон гирифта шудааст. Муаллифи акс Аҳмад Масъуд мебошад.

Скрин аз сомонаи rеdаccion.lamula.рe

3)Аз ҷодугарият намондӣ, оча!” (Санаи нашр: 21.02.2021). Дар ин навишта “Оила” гӯиё номаи се бародарро нашр кардааст, ки модарашонро дар ҷодугарӣ муттаҳам карда, ӯро накуҳиш мекунанд.

Скрин аз сомонаи «Оила»

Матлаб бо ин ҷумлаҳо тамом мешавад: “Оча! Магар аз Худованд заррае тарсу ҳарос надорӣ, ки хонаи мардумро бо сеҳру ҷоду месӯзӣ?! Мо ба пули ҳаромат ниёз надорем, илтимос, дигар одамони содадилро фиреб накун! Имонатро насӯзон, оча!!! Комрону Шаҳром ва Усмон”.

Дар акси ин матлаб ҷавон ва пиразане тасвир ёфтаанд. Аз нигоҳи аввал чунин менамояд, ки ҷавон шояд яке аз он се бародар, мантиқан бародари бузургашон “Комрон” ва пиразан модари ҷодугари онҳо бошанд. Аммо вақте дар абзорҳои ҷустуҷӯ ин аксҳоро дар алоҳидагӣ меҷӯед, маълум мегардад, ки на танҳо писару модар нестанд, балки боре ҳам Тоҷикистонро надидаанд.

Ҷавони дар акс тасвирёфта бино ба маълумоти Яндекс Василий Калиниченкои 29-сола аз Виннитса (Украина) мебошад.

Скрин аз ҷӯстори Яндекс

Tineye.com бошад, маълум кард, ки акси пиразан бори аввал 6 январи соли 2011 дар интернет нашр шудааст. Ӯро як сеҳргаре аз Руминия муаррифӣ кардаанд.

Скрин аз сомонаи TinEye

Ин ҷустуҷӯҳоро вобаста ба аксҳои нашршуда дар матолиби сомонаи “Оила” метавон идома дод, аммо фикр мекунем, барои ҳоло кифоя аст.

Хулоса

Тавре мушоҳида кардем, ҳеч яке аз аксҳо ба матолиби нашршуда иртиботе надоранд ва аз интернет гирифта шудаанд, аммо тавре вонамуд мешавад, ки гӯиё дар матлаб сухан перомуни ин аксҳо меравад. Дар ҳоле ки ин аксҳо аз интернет гирифта шудаанд ва муаллифи онҳо сомонаи “Оила” нест, дар ягон ҷо ишора нашудааст, ки масалан “аксҳо моли интернет ҳастанд ва ба асли матолиб ҳеч рабте надоранд”. Ин кор ба хотири манипулятсияи хонанда анҷом мешавад. Аз ин рӯ ба ин матолиб хулосаи дасткориро муносиб донистем.

Дар сурати розӣ нашудан ба ҳукмномаҳо дар бахши “Фактчеки Рӯшноӣ” ва пешниҳоди иттилои расман тасдиқгардида, идораи “Rushnoi.org” метавонад, ҳукмномаҳоро бозбинӣ намояд.