Брайани амрикоӣ: Зиндагии ҷангиёни “Ал-Қоида” хеле хастакунанда аст

27 сентября 2018
148
Муаллиф: Rushnoi.org

Як шаҳрванди Амрико, ки дар гузашта аъзои гуруҳи «Ал-Қоида» (созмони фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон) буд, аз зиндагии «хеле хастакунанда»-и ҷангҷӯёни ин созмон қисса кардааст.  

Акс аз Foxnews

«Баъзе рӯзҳо умуман ҳеч кору машғулияте нест. Дар пайи беамалӣ аксари ҷавононро дар «Ал-Қоида» ноумедӣ фаро гирифтааст»,-гуфтааст Брайан Нил Винас. Дар матлабе, ки Foxnews ба такя ба Маркази мубориза бо терроризми Академияи ҳарбии ИМА нашр кардааст, аз қавли Винас гуфта мешавад, ягона роҳи алтернативӣ барои ҷангҷӯён гузаштани тамриноти вижа ҷиҳати иштирок дар амалиётҳои хориҷ аз марзҳои  Покистону Афғонистон будааст, аммо Брайан касеро вонахӯрда, ки ба ин кор розӣ шуда бошад.

Ба эътирофи Винас, то замони пайвастан ба «Ал-Қоида» дар куҳҳои Покистон ҳамроҳи як гуруҳи марбут ба «Толибон» (фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон) мезист. Онҷо ҳам ба гуфтаи вай хеле хаставу нороҳат мешуд. Ин шаҳрванди Амрико гуфтааст, дар як амалиёти нобарор ба нерӯҳои амрикоиву афғон иштирок кард: «Баъди нороҳатиҳои шадид рафтан ба амалиёт як қадр сабукӣ ба ҳисоб мерафт, вале аз сабаби он ки амалиёт нобарор буд, ноумед гаштам».

Ба иттилои Fox News, Брайан Нил Винас дар шаҳри Ню-Йорк бузург шудааст. Баъди шаш моҳи ҳамлаи 11 сентябри соли 2001 ба сафи артиши ИМА мепайвандад, вале бо гузашти чанд ҳафта бинобар сабаби «мутобиқ нашудан», ӯро аз суфуфи артиш хориҷ мекунанд. Соли 2007, вақте 24 сол доштааст, дар Покистон ба ҷангҷӯён мепайвандад ва баъди як сол (2008) боздошт мешавад. Ӯ барои ҳамкорӣ бо мақомоти амрикоӣ розӣ мешавад ва ба ихтиёри онҳо маълумотеро мегузорад, ки тибқи он ба макони ҷангиён тавассути тайёраҳои бесарнишин ҳамла сурат мегирад. Винас соли 2017 баъди нуҳ сол аз маҳбас раҳо шуд.