Нашри “Расонаҳо дар муқобили терроризм” дар сомонаи ЮНЕСКО

06 мая 2021
805
Муаллиф: Rushnoi.org

ЮНЕСКО, Ташкилоти СММ оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг шакли электронии китоби “Расонаҳо дар муқобили терроризм”-ро, ки бо ибтикори Бунёди ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет” ба забони тоҷикӣ тарҷумаву нашр гардид, дар сомонаи худ ҷой додааст.

“Расонаҳо дар муқобили терроризм” аз ин қабл ба забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, арабӣ, портуғолӣ, гурҷӣ, испанӣ ва сербӣ  қобили дарёфт буд. Тарҷумаи тоҷикии онро журналист ва коршиноси расонаӣ Иззатманд Саломов анҷом додааст. Муаллифи китоб Жан-Пол Мартоз, рӯзноманигор ва профессори журнализми байналмилалии Донишгоҳи Католикии Лоувейн мебошад.

“Расонаҳо дар муқобили терроризм” як дастурамал барои рӯзноманигор буда, шеваҳои дурусти навиштани матолиб дар мавзӯоти марбут ба ифротгароӣ ва даҳшатафканиро пешниҳод мекунад. “Мушкилиҳои асосӣ дар инъикоси терроризм, “ВАО дар сафҳои аввал”, “Инъикоси расонаии ҳамлаҳо”, “Бархӯрди мутақобил бо терроризм”, “Амнияти журналистон”, “Вақте оромӣ бармегардад” аз фаслҳои аслии ин китоб ҳастанд. Инчунин дар дастурамали мазкур ба ду мавзӯи хеле муҳим, ки ба маҳви мероси фарҳангӣ ва қочоқи моликияти фарҳангӣ марбут аст, дахл шудааст. Китоб иборат аз бахши “Сарчашмаҳои муфид” ҳам ҳаст, ки барои журналистон хеле муфид хоҳад буд.

Моез Чакчук, ёвари директори генералии ЮНЕСКО оид ба робита ва иттилоот дар пешсухани китоб навиштааст:

“Шояд мо на ҳама вақт терроризмро пешгирӣ кардан тавонем, аммо он чизе, ки мо метавонем идора кунем, ин аксуламали мост. Роҳ надиҳем, ки моро барои дар тарсу ҳарос зиндагӣ кардан водор кунад, гумонҳо ва бадбиниро дар худ парвариш диҳем ё садоҳои қонуниро хомуш кунем. Ба ибораи дигар, нагузорем, ки террор ҳамаи дастовардҳое, ки мо дар пешрафти демократия, озодии баён ва ҳуқуқи инсон дар саросари ҷаҳон ба даст овардаем, аз байн барад. Дар акси ҳол, мо бозичаи дасти касоне хоҳем гашт, ки дар террор даст доранд ё онҳое, ки ҳамлаҳоро василаи асоснок кардани шубҳаҳо, қутбгароӣ ва поймолкунии ҳуқуқ мегардонанд. ВАО метавонад беҳтар кор кунад”.

Китоби “Расонаҳо дар муқобили терроризм” дар доираи Лоиҳаи  “Таҳкими устувории расонаҳо ва намояндаҳои мақомот ҳангоми пешниҳоди иттилоъ дар мавзӯи ифротгароии хушунатбор ва терроризм” ба тоҷикӣ тарҷума ва чоп шудааст.

Пайванд барои дастрас кардани китоби “Расонаҳо дар муқобили терроризм”