Дасткорӣ | Чин кӯли Сарези Тоҷикистонро мехарад

28 сентября 2018
797
Муаллиф: Rushnoi.org
Скрин аз “Независимая газета”

Чӣ санҷида шуд?

16 июли соли 2018 сомонаи “Независимая газета”-и Русия матлабе нашр кард, ки “Китай покупает таджикское озеро Сарез” (Чин кӯли Сарези Тоҷикистонро мехарад), унвон дошт. Ҳамчунин дар зерсарлавҳаи матлаби “Независимая газета” таъкид мешавад, “Узбекистан может остаться без питьевой воды” (Узбекистон метавонад бидуни оби нушокӣ бимонад).  Бо таваҷҷуҳ ба ин ки “Независимая газета” яке аз расонаҳои матраҳи Русия аст ва сомонаи он ҳазорҳо хонанда дорад, тасмим гирифтем ин матлабро  мавриди санҷиш қарор бидиҳем.

Чӣ гуна санҷида шуд:

Мутолиаи комили ин матлаб рӯшан мекунад, ҳарчанд дар сарлавҳа таъкид мешавад, ки кӯли Сарез фурӯхта мешавад, аммо дар матлаб сухан дар бораи коркарди оби нушокӣ аз ҷониби ширкати Heaven Springs Dynasty Harvest Group меравад. Ин ширкати чинӣ, ки дар Ҳонконг ҷойгир аст, ваъда додааст, дар наздикии кӯли Сарез як корхонаи бастабандии обро бунёд ва обро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷанубу шарқӣ содирот мекунад. Гузашта аз ин 17 август дар изҳороти муштараки раҳбарони Тоҷикистону Узбекистон—Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев, ки дар Тошканд садо дод, гуфта шуд, роҳбарони ду давлат ба Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ супориш доданд, ки масъалаи истифодаи оби ошомидании кӯли Сарез ба манзури таъмини ниёзҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мавриди омӯзиш қарор дода шавад.

Ҳукмнома

Бо таваҷҷуҳ ба ин нуктаҳо хулосаи мо аз ин далелсанҷӣ номи дасткорӣ (манипулятсия)-ро мегирад.

Дар сурати розӣ нашудан ба ҳукмномаҳо дар бахши “Фактчеки Рӯшноӣ” ва пешниҳоди иттилои расман тасдиқгардида, идораи “Rushnoi.org” метавонад, ҳукмномаҳоро бозбинӣ намояд.