Бо Одобномаи шаҳрванди электронӣ дар Тоҷикистон шинос шавед!

17 мая 2021
348
Муаллиф: Rushnoi.org
Китоб ва варақаи мусаввири Одобнома/Rushnoi.org

Ҳадафи асосии Одобномаи шаҳрванди электронӣ (эТИКет) – густариши пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек дар фазои электронӣ новобаста аз макону замон мебошад.

Одобномаи шаҳрванди электронӣ дар Тоҷикистон дар конфронси ҷумҳуриявии рӯзи 11 октябри соли 2013 аз ҷониби 31 фаъоли ҷомеаи иттилоотии рақамӣ қабул гардидааст. Он аз 21 банд ё меъёр иборат аст. Дар тафсири Одобнома таъкид мешавад, ки “Ин ҳуҷҷат қонун нест. Бо он касе ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ (аз ҷумла ҷавобгариҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ) кашида намешавад. Ин ҳуҷҷате аст, ки ҳар кас метавонад онро бо зеҳн ва виҷдони худ эътироф намояд (аз ҷумла шумо низ хонандаи гиромӣ)”.

Ҷавҳари Одобномаи мазкур ҳамин аст, ки меъёрҳои одоби ҳаёти воқеӣ дар фазои виртуалӣ (маҷозӣ) бояд  пурра риоя гарданд.

 Дар шарҳи ин нукта аъзои фаъоли ҷомеаи иттилоотии рақамӣ ишора мекунанд, ки “фазои маҷозӣ ҷузъи ҳаёти воқеии инсон аст. Салом додан дар хона, ҷойи кор ва ҷомеаро, ки мо одоб меҳисобем, пас салом додан дар почтаи электронӣ, чат, суҳбати телефонӣ ва ғ. низ айнан ҳамон одоб аст. Яъне тамоми меъёрҳои одоб дар фазои виртуалӣ низ пойдор бояд бошад. Имкони “ношинос” мондан дар фазои виртуалӣ боиси риоя накардани одоб шуда наметавонад”.

Дар тафсири Одобнома таъкид мешавад, “Меъёрҳои Одобномаи мазкур тавре ифода шудаанд, ки натанҳо интернет ва телефони мобилӣ, инчунин ТИК–еро, ки дар оянда пайдо мешавад, низ фаро мегирад. Ба хотири осонфаҳм шудани Одобномаи мазкур, шакли кӯтоҳшудаи онро эТИКет гуфтаанд. Он аз калимаҳои “мобикэт” ва “нетикэт” таркиб ёфтааст. Мобикет одоб ҳангоми истифодаи телефонҳо, аз ҷумла телефонҳои мобилиро дар назар дорад. Нетикет одоб ҳангоми истифодаи шабакаро дар назар дорад. Дар маҷмуъ эТИКет ҳардуи ин мафҳумро ба инобат гирифта, этикаи дастрасӣ, истифода, татбиқ ва дигар амалҳои вобаста ба ТИК-ро ифода менамояд».

Соли сипаришуда Бунёди ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет” дар доираи лоиҳаи “Таҳкими устувории расонаҳо ва намояндагони мақомот дар пешниҳоди иттилоъ дар мавзӯи ифротгароии хушунатбор ва терроризм” Одобнома ва тафсири онро бознашр кард. Инчунин Одобнома дар ҳаҷми 50 ҳазор нусха дар шакли варақаи мусаввир мунташир гардид. Бар асоси тавофуқи ҳосилшуда бо се ширкати бузурги мухобиротии кишвар — “Вавилон-М”, Мегафон Тоҷикистон ва Tcell ин ширкатҳо дар нуқтаҳои хизматрасонии худ одобномаро ба муштариёни худ ройгон тақсим мекунанд. Бар илова, варақаҳои мусаввир ба Шӯрои ВАО, Академияи ВАО, радиои «Ватан» тақдим шуданд.

Сомонаи “Rushnoi.org” давоми чанд моҳи ахир дар саҳфаи фейсбукии худ  ҳар банди Одобномаро бо тафсираш дар алоҳидагӣ нашр кард ва имрӯз тамоми ин меъёрҳо дар якҷоягӣ пешниҳоди хонандаҳои гиромӣ мешаванд.