Мавқеи Тоҷикистон дар рейтинги рушди ҳукумати электронӣ

15 июля 2021
255
Муаллиф: Rushnoi.org
Созмони миллали муттаҳид сар аз соли 2001 ҳамасола раддабандии мизони рушди ҳукумати электронӣ миёни кишварҳои ҷаҳонро таҳия мекунад.
Ин рейтинг беш аз 190 кишварро фаро гирифтааст. Раддабандӣ дар заминаи пажуҳише тартиб дода мешавад, ки коршиносон аснои мураттаб сохтани он омодагӣ ва имкониятҳои ниҳодҳои давлатиро дар истифодаи ТИК (технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ) барои ба шаҳрвандон пешниҳод кардани хадамоти давлатӣ арзёбӣ мекунанд. Пажуҳишгарон зимни таҳияи раддабандӣ асосан ба се нукта — дараҷаи фарогирӣ ва сифати хадамоти интернетӣ, мизони рушди инфрасохтори ТИК ва сармояи инсонӣ таваҷҷуҳ мекунанд. Мавқеи Тоҷикистон дар ин раддабандӣ хуб нест. Кишвари мо аз миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ танҳо аз Туркманистон пештар меистад…