Баъди 20 сол. Фазои Афғонистон дигарбора “толибонӣ” шуд

16 августа 2021
938
Муаллиф: Rushnoi.org

Ҳаракати “Толибон”(ташкилоти дар Тоҷикистон ва даҳҳо кишвар мамнӯъ) шоми дирӯз вориди шаҳри Кобул шуд. Бо гузашти 20 сол онҳо дубора байрақи худро дар пойтахти Афғонистон баланд карданд. Чунин менамояд, ки касе ба чунин пешрафтҳои онҳо бовар надошт ва “Толибон” ҳамаро ғофилгир кард…   

“Толибон” дар як фурсати андак тақрибан тамоми қаламрави Афғонистонро зери назорат гирифт. Шаҳрҳои бузург хеле ба осонӣ дар баробари “Толибон” суқут карданд. Баъзе минтақаҳо ҳеч муқобилае накарда, ҳатто бархе низомиён бо тарафдорони худ ба ҷониби онҳо гузаштанд. Пешрафтҳои “Толибон” пас аз он шурӯъ шуд, ки Амрико низомиёнашро аз хоки ин кишвар берун кард. Гӯиё ҳамааш аз рӯи сенария пеш меравад. Бештари коршинсони тоҷик ҳам бар инанд, ки ба дасти “Толибон” гузаштани қудрат нақшаи абарқудратҳо мебошад. Ҳарчанд вақте рӯзҳои аввал аз пешрафтҳои онҳо дар минтақаҳои наздимарзии Афғонистон хабар мерасид, мақомоти қудратии ин кишвар бо пахши таблиғот дар телевизионҳо иддао мекард, ки нерӯи кофӣ барои муқобила бо душманро доранд.

Аммо ахиран раисҷумҳури Афғонистон ҳам Кобулро тарк кард. Ӯ ин рафторашро ба хотири пешгирӣ аз хунрезӣ унвон кард, вале Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллӣки зоҳиран дар Афғонистон аст, дар як навори кутоҳи видеоӣ Ашраф Ғаниро “раисиҷумҳури пешини Афғонистон” номида, изҳор дошт,

“инки раисиҷумҳури пешини Афғонистон кишварро тарк кард ва миллатро дар чунин як ҳолат қарор дод, Худованд барояш муҳосиба хоҳад кард ва мардум ҳам қазовати худро хоҳад кард”.

Тибқи харитае, ки пешрафтҳои “Толибон” дар Афғонистонро нишон медиҳад, ҳоло танҳо Панҷшер ба итоати ин гуруҳ надаромадааст. Вилояти Панҷшер, ки зодгоҳи Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистон аст, солҳои 1996-2001 ҳам дар баробари “Толибон” муқовимат карда ва берун аз тасарруфи онҳо монда буд. Бино ба хабарҳои расида, Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд ахиран дар ҳузури фармондеҳон савганд ёд карда, ки то охирин нафас алайҳи “Толибон” меҷангад.

Замони зинда будани Аҳмадшоҳ “Толибон” дар 5 соли қудратнамоӣ натавонистанд, ки Панҷшерро ба зону дароваранд оё писари ӯ ҳам муваффақ мешавад, ки дар муқобили онҳо истодагарӣ кунад, саволест, ки ба вақт ниёз дорад. Ва саволи дигари беҷавоб ин аст, ки дар гузашта агар “Толибон” ҳамагӣ барои 5 сол ҷилави қудрати сиёсӣ дар Афғонистонро дар даст доштанд, ин навбат умри ҳукумати онҳо чӣ қадар давом мекунад?

Абдулазизи ВОСЕЪ