СУҲБАТ | Тақдири расонаҳову рӯзноманигорон дар Афғонистони аҳди “Толибон” чӣ мешавад? (ВИДЕО)

01 сентября 2021
745
Муаллиф: Rushnoi.org

Аз тасарруфи Кобул ба дасти «Толибон» (ҳаракати дар Тоҷикистон мамнӯъ) бештар аз ду ҳафта сипарӣ шуд, аммо ҳанӯз тақдири расонаҳои ин кишвар норушан боқӣ мондааст.

Фазои расонаии Афғонистон то ҳамин 30 рӯзи пеш умедворкунанда ба назар мерасид. Ин кишвар дар шохиси ҷаҳонии озодии матбуот барои соли 2021 аз Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистону Тоҷикистон ва ҳатто Русия пешқадамтар буд. Аммо ҳоло бо ҳукумати «Толибон» аҳволи расонаҳо ва рӯзноманигорон дар ин кишвар чӣ мешавад? Ин мавзӯъ ва чанд масъалаи марбут ба фазои расонаӣ дар Афғонистонро бо журналисти тоҷик Иршод Сулаймонӣ дар миён гузоштем.

Иршод Сулаймонӣ, ки бо фазои хабарии Афғонистон ошноии хубе дорад ва муҳити расонаии ин кишварро пайваста пайгирӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, аксари рӯзноманигорони нухбаи Афғонистон бо омадани “Толибон” аз кишвар берун шуданд:

“Онҳо аз ҳар роҳ, аз ҳар тариқе кишварро тарк карданд. Ин ки рӯзноманигорон ба ҳар қиммате худро аз кишвар берун мекунанд, ба ин маънӣ аст, ки ба замонати “Толибон” касе бовар надорад”.

Ӯ “Толибон”-ро як гуруҳи ғайри қобили пешгуӣ ва ғайри қобили бовар ном бурд, ки ҳар замон метавонад тасмимашро тағйир диҳад. Шакли комили суҳбатро дар ин навор бубинед.