ТЕСТ №8 | Рост ё дурӯғ?

08 сентября 2021
1100
Муаллиф: Rushnoi.org

“Толибон” (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) пас аз хуруҷи неруҳои амрикоӣ вилоятҳои  Афғонистонро яке пайи дигар тасарруф карда ва ҳамин тавр ба осонӣ ва бидуни ҳеч муқовимат Кобулро таҳти назорат гирифтанд. Дар ин миён танҳо вилояти Панҷшер ба “Толибон” таслим нашуд. Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо раҳбарии Аҳмади Масъуд дар муқобили “Толибон” қарор гирифт.   Дар рӯзҳои аввал хабарҳои аз Афғонистон расида муътамадтар буданд, аммо ахиран сели хабару гузоришҳои зиёде дар фазои иттилоотии Тоҷикистон мерезад, ки мутаассифона як қисме аз онҳо дуруғ ва бофта ҳастанд. Корбарони бахши тоҷикии интернет ин хабарҳоро ҳақиқат пиндошта, зуд ба иштирок мегузоранд. Ин тестро бубинед ва худро бисанҷед, ки то куҷо дар ташхис додани хабарҳои асл аз хабарҳои ҷаълӣ маҳорат доред. Муваффақ бошед!