Форуми Осиёи Марказӣ оид ба мудирияти интернет: Аз шеваҳои мубориза бо фейк то расми ҷоизасупорӣ

28 сентября 2021
1845
Муаллиф: Rushnoi.org

Панҷумин Форуми Осиёи Марказӣ оид ба мудирият дар интернет ба кори худ хотима бахшид. Он 27 ва 28 сентябри соли равон дар шакли онлайн ва ҳузурӣ баргузор шуд.

Имсол мизбонии форумро шаҳри Бишкек бар зимма дошт. Бо истиснои чанд коршинос, ки ба пойтахти Қирғизистон рафта буданд, коршиносон ва намояндаҳои кишварҳои дигар тавассути онлайн ба форум пайвастанд. Мавзӯъҳои баррасишуда дар панҷ бахш пешниҳод гардид. Бахши аввал “Нақши фарогирии рақамӣ ва аз байн бурдани халои рақамӣ” буд. Коршиноси рус Виктор Наумов “Ҳуқуқи асри XXI: танзими рақамӣ”, Аида Қараҷонова, коршиноси масоили иқтисодӣ “Ташаббусҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ дар мисоли Digital CASA”-ро муаррифӣ карданд.

Дар бахши дуввум, ки “Эътимод ва амният дар фазои маҷозӣ дар давраи пандемия” унвон дошт, Валерий Зубанов, директори тиҷоратии дафтари минтақаии “Лаборатория Касперский” аз “”Бехатарии Интернет, ҳифзи кӯдакон дар фазои маҷозӣ” суҳбат кард. Фариштамоҳ Гулова, коршиноси ТИК аз Тоҷикистон дар мавриди “Амнияти интернет барои наврасони Тоҷикистон” гуфт. Коршиносони дигар мавзӯъҳои мухталифи марбут ба эътимоду амният дар фазои маҷозиро баҳсу баррасӣ карданд.

Намогирифт аз муаррифии “Мубориза бо фейкҳо ва иттилооти таҳрифшуда дар кишварҳои ОМ”

«Соҳибихтиёрии рақамӣ ва ё ҳамкории рақамӣ дар мудирияти ояндаи рақамӣ» мавзӯи бахши сеюми Форум буд. “Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо дар ҷаҳони рақамӣ” мавзӯи бахши чоруми Форуми Осиёи марказӣ оид ба мудирияти интернет буд, ки дар рӯзи дуюми кори форум муаррифӣ шуд. Элина Каракулова, раҳбари намояндагии “Интернюс” дар Қирғизистон аз “Мубориза бо фейкҳо ва иттилооти таҳрифшуда дар кишварҳои ОМ”, Одил Ҷалилов, раҳбари маркази байналмилалии рӯзноманигории MediaNet/Factcheck.kz аз “Fake news ва кибергигиена”, Гулнора Бобоҷонова, директори Маркази бозомӯзии рӯзноманигорони Узбекистон аз “Абзорҳои муқобила бо фейкҳо дар ВАО-и Узбекистана, Шаҳло Акобирова, раҳбари созмони “Хома” аз “Худтанзимнамоӣ ҳамчун механизми фаъоли ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон дар ҷаҳони рақамӣ” гуфтанд.

Бахши панҷум “Маълумоти рақамӣ: дар ҷустуҷӯи тавозун байни ҳарими хусусӣ ва рушди рақамӣ» ном дошт ва дар он коршиноси рус Алексей Мунтян, ҳуқуқшиноси қазоқ Роман Реймер, донишманди тоҷик Азизҷон Азимӣ ва коршиносони дигар суханронӣ карданд.

Сарвар Холиқзода аснои суханронӣ

Дар қисмати ниҳойӣ ҷойизаҳои таъсисдодаи масъулини форум бо номи “Privacy Award 2021” ба ғолибон тақдим гардид. Созмондиҳандаҳо мегӯянд, ғолибон дар пайи овоздиҳии ҳайати ҳакамон, ки намояндагони кишварҳои гуногун буданд, интихоб шудаанд. Дар бахши “КОРШИНОСИ СОЛ” ҷоизаҳо ба Сарвар Холиқзода (Тоҷикистон), гуруҳи коршиносӣ оид ба ҳуқуқ ва озодиҳои рақамӣ (Қазоқистон) супурда шуд.

Ҷоизаи “ОМӮЗГОРИ СОЛ”-ро Наргиза Акрамова (Узбекистон) гирифт.

Ҷоизаи “МУШОВИРИ СОЛ”-ро Бюро оид ба ҳуқуқи инсон (Тоҷикистон) ва ҶММ Precedent (Қирғизистон) дарёфт карданд.