“Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет” соҳиби ҷоиза шуд

10 декабря 2021
659
Муаллиф: Rushnoi.org

Бунёди ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет” ҷоизаи ҳарсолаи “Беҳтарин ҳомии ҳуқуқ”-ро дар бахши “Барои саҳми вижаи ташкилотҳо дар пешбурди ҳуқуқи инсон” ба даст овард.

Ҷоизаи “Беҳтарин ҳомии ҳуқуқ” шурӯъ аз соли 2009 ҳамасола аз ҷониби Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи башар ба онҳое дода мешавад, ки ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқи инсон дар кишвар беҳтарин талошҳоро анҷом додаанд. Таҳмина Ҷӯраева, намояндаи Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният мегӯяд, донишмандон, ходимони сиёсӣ ё ҷамъиятӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ, рӯзноманигорону блогерон ва намояндагони созмонҳои ҳомии ҳуқуқ метавонанд муддаии ҷоизаи мазкур бошанд.

“Инчунин фаъолони ҷамъиятӣ дар ду номинатсияи дигар қадрдонӣ мешаванд: “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар журналистӣка ва “Барои саҳми вижаи ташкилотҳо дар пешбурди ҳуқуқи инсон”. Номзадҳо аз ҷониби комиссияи вижа, ки ба ҳайати он намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва як намояндаи ташкилоти мо шомил аст, бо роҳи овоздиҳӣ муайян мегарданд”,-таъкид намуд хонум Ҷӯраева.

Имсол ҷоизаи мазкурро дар бахши “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар журналистика” Муллораҷаб Юсуфзода, хабарнигори Радиои “Озодӣ” соҳиб гардид. Вакили дифоъ Дилафрӯз Самадова бошад, беҳтарин ҳомии ҳуқуқ дар соли 2021 дониста шуд.

 

 

“Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет” як бунёди ҷамъиятӣ буда, давоми бештар аз 20 сол аст, ки дар самти пешбурди ҳуқуқҳои рақамӣ, амнияти иттилоотӣ ва фанновариҳои рақамӣ дар Тоҷикистон фаъолият мекунад.