Шикояти муштариҳо аз сатҳу сифати интернет ва иртиботи мобилӣ. Рустами Эмомалӣ “супоришҳои қатъӣ” дод

14 февраля 2022
487
Муаллиф: Rushnoi.org

Сатҳу сифати интернет ва иртиботи мобилӣ дар Тоҷикистон шабакаҳои иҷтимоии Фейсбукро ба “анбори шикоятҳо” табдил кардааст. Домани ин мушкил ба ҳадде васеъ аст, ки ҳатто шаҳрдори Душанбе ҳам ба ин мавзӯъ дахл кард ва масъулини ширкатҳои мобилиро муваззаф намуд, ки камбудиҳоро бартараф намоянд.

Намогирифт аз Фейсбук/23.09.2021

Тақрибан ҳафтае нест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз суръати заиф ё пурра қатъ шудани интернети мобилӣ, паст будани сифати суҳбатҳои мобилӣ шикоят накунанд. Бештарини ин шикоятҳо тавассути “Фейсбук” расонаӣ мешаванд. Дар ин матлаб шикоятҳои корбарони Фейсбуки тоҷикӣ давоми шаш моҳи охирро ба таври хеле мухтасар хулоса мекунем.

Намогирифт аз Фейсбук/9.12.2021

Баррасии мавзӯъ ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки муштариёни тамоми ширкатҳои мобилӣ ҳадди ақал боре ба чунин мушкил мувоҷеҳ шудаанд аммо миёни онҳо номи “Тсел” ва “МегаФон” аз ҳама бештар садо медиҳад.

Корбаре бо номи “Хонум Марворид” 30 ноябри соли 2021 бо шикоят аз хизматрасонии ширкати “МегаФон” навиштааст, “вақти он расидааст, ки ба ширкати “МегаФон” Худоҳофизӣ кунем”.  Зери ин паём даҳҳо корбари дигар шарҳ навишта ва бар иловаи “МегаФон” аз ширкатҳои дигар ҳам барои сифати поини хизматрасонӣ гила кардаанд, мисли Муяссара Усмонова, ки менависад: “Танҳо “МегаФон” суст нест, “Tcell” ҳам суст, хеле паст аст”.

Намогирифт аз Фейсбук/30.11.2021

Рӯзноманигор Ҳуриннисо Ализода ҳам 7 декабри соли сипаришуда аз интернети ширкати “МегаФон” шикоят кард:

 

Намогирифт аз Фейсбук/7.12.2021

Баъди камтар аз як моҳ, ин рӯзноманигор ин бор аз сифати пасти иртибот дар ин ширкат шикоят кард:

Намогирифт аз Фейсбук/17.01.2022
Намогирифт аз Фейсбук/28.10.2021
Намогирифт аз Фейсбук/14.01.2022
Намогирифт аз Фейсбук/9.02.2022

Умедҷон Султонзод шиква кардааст, ки ба хотири хизматрасонии беҳтар ба ширкати дигар гузашт, аммо бефоида:

 

Намогирифт аз Фейсбук/9.12.2021

Корбароне низ шикоят мекунанд, ки бо далели заиф будани интернет имкони омӯзишҳои онлайнро надоранд:

Намогирифт аз Фейсбук/3.02.2022

Баъзан аз сифати пасти алоқаи мобилӣ на танҳо як ё ду нафар, балки як ҷамоат азият мекашад. Дар мавриди чунин ҳолат дар Файзобод, Ашт, Истаравшан ва чанд минтақаи дигар борҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоятҳо навиштаанд. Дар баъзе ҳолатҳо корбароне ки шикоят кардаанд, хабар медиҳанд, баъди расонаӣ шудан, мушкил ҳал шудааст. Мисоли он навиштаи Ҷаҳонгир Мирсалимов аз 14 сентябри соли 2021 мебошад. Ӯ навишта буд, ки “давоми 3-4 моҳи охир сокинони ҷамоати Пунуки ноҳияи Ашт аз сифати пасти мавҷи ширкати мобилии Тсел азият мекашанд”. 7 октябр Мирсалимов дар як паёми дигар хабар дод, ки баъди матлаби ӯ масъулини ширкат мушкилро бартараф кардаанд.

Намогирифт аз Фейсбук/7.10.2021

Шикояти корбаре бо номи Муҳаммад Алӣ аз суръати интернет:

Намогирифт аз Фейсбук/21.09.2021

Аммо чанд моҳи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз қатъ шудани интернет дар Бадахшон зиёд шикоятҳо менависанд. Пас аз як амалиёти мақомоти Тоҷикистон дар ВМКБ интернет дар шаҳри Хоруғ ва чанд ноҳияи он комилан қатъ гардид. Рӯзҳои аввал аз фаъол набудани алоқаи мобилӣ ҳам зиёд шикоятҳо мерасид.

МАБЛАҒ АЗ ТАВОЗУН “ГУМ” МЕШАВАД…

Дар баробари паст будани сифати алоқа ё заиф будани суръати интернет баъзеҳо аз он шикоят кардаанд, ки маблағи дар тавозунашон буда, бидуни анҷоми кадом амале масраф мешавад. Сафаралӣ Аминов дар як шарҳ навиштааст, ки аз охирҳои июл (2021) интернеташ фаъол нест, аммо 50 сомонӣ маблағи гузарондаи ӯро харҷ мекунад.

Намогирифт аз Фейсбук/20.09.2021

Корбари дигар бо номи Искандари Раҳмон ҳам дар мавриди “гум” шудани 77 сомонӣ аз тавозун шикоят кардааст. Ясмина менависад, ки баъди пардохти маблағ барои бастаи интернет танҳо як рӯз имкони истифодаи онро доранд.

Намогирифт аз Фейсбук/20.09.2021

Нафароне ҳам аз он шикоят кардаанд, ки ширкатҳо бидуни хоҳишу иҷозаи онҳо хизматрасониҳои гуногунро пайваст мекунанд, ки дар натиҷа аз тавозуни онҳо маблағ ситонида мешавад.

ҶУБРОН НАМЕКУНАНД…  

Корбарон аз як мушкили дигар ҳам зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят мекунанд. Онҳо мегӯянд, барои бастаи интернети белимит маблағ месупоранд, аммо баъзан то 5 шабонарӯз он кор намекунад, вақте ба маркази тамос занг мезананд, масъулин дар ҷавоб мегӯянд ки “корҳои техникӣ” идома дорад. Аммо корбарон мегӯянд, ширкат барои ин ҳеч ҷуброне намепардозад.

Намогирифт аз Фейсбук/20.09.2021

 

ПОСУХҲОИ ОНЛАЙН…

Дар огоҳӣ ва таблиғоти ширкатҳои мобилӣ аз “оператори пешқадам” ва “истифодаи технология ва таҷҳизоти муоссир” будан хабар медиҳанд, аммо хеле кам иттифоқ меафтад, ки намояндаҳои ширкатҳо дарҳол ба шикоятҳо вокуниш нишон бидиҳанд. Танҳо дар ҳолатҳои алоҳидае “мушовирони онлайн”-и “МегаФон Тоҷикистон”, “Тсел” зери шикоятҳо ҷавоб нависанд. Бештари вақт ин мушовирон аз муштарӣ дархост мекунанд, барои кумак дар рафъ шудани мушкил шумораи телефонашонро дар паёмаки шахсӣ ирсол намоянд.  Аммо баъди ин вокуниш ҳам корбарон менавиштанд, ки мушкилашон ҳалношуда боқӣ мондааст.

Намогирифт аз Фейсбук/20.09.2021
Намогирифт аз Фейсбук/5.01.2022
Намогирифт аз Фейсбук/29.12.2021

ИНТИЗОРИҲОИ ЗИЁД…

Як мушкили дигар, ки корбарон зиёд дар мавридаш гуфтаанд, интизориҳои зиёд барои тамос бо марказҳои хизматрасонии ширкатҳои мобилӣ мебошад. Корбаре бо номи Абдулҳанон Абдураҳмон навиштааст, баъзан барои ба ягон саволи худ ҷавоб гирифтан аз 50 дақиқа то як соат мунтазири пайваст шудан бо операторҳо мемонад.

Намогирифт аз Фейсбук/20.09.2021

 

Бархе корбарон аз он нигаронӣ кардаанд, ки ширкатҳои мобилӣ бидуни огоҳ кардани муштариён тарофаҳои онҳоро тағйир медиҳанд.

Намогирифт аз Фейсбук/21.10.2021

Баъзе корбарон аз фаъол шудани ҳаргуна хизматрасонии паёмак шикоят мекунанд.

Намогирифт аз Фейсбук/21.12.2021
Намогирифт аз Фейсбук/30.11.2021

ДОДГОҲ…

Дар ҳамин ҳол, бо вуҷуди ин қадар шикоятҳо ҳеч муштарие барои дар додгоҳ баррасӣ кардани ин мавзӯъ талош накардааст, ҳадди ақал ин мавзӯъ расонаӣ нашудааст. Аммо сентябри соли 2021 рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар як муроҷиат аз ҳуқуқшиносҳо пурсид, ки оё тибқи қонунгузории Тоҷикистон мешавад ки “ширкати мобилиро барои суръати пасттар аз ваъдашудаи интернет ба додгоҳ кашид?”

Намогирифт аз Фейсбук/18.09.2021

Бештари онҳое ки зери ин паём шарҳ навиштаанд, чунин як иқдомро зарурӣ хондаанд, амм нафароне ҳам гуфтаанд, ки бовар надоранд ки дар сурати ба додгоҳ муроҷиат кардан, натиҷаи он бар нафъи муштарӣ шавад, мисли Масрур Манофзода, ки таъкид намуда: “Бешубҳа метавон ба додгоҳ кашид. Аммо баъид аст, ки додгоҳ чизеро ба нафъи муштарӣ ҳал кунад. Токунун дар Тоҷикистон чунин бархӯрде сурат нагирифтааст». Корбари дигар бо номи Абдуғаффор Абдуқодиров навиштааст, ки “ариза кардан бефоида аст. Ман ба “Тсел” ариза навиштам, қариб як моҳ мешавад, ки ҷавоб нест”.

Намогирифт аз Фейсбук/20.09.2021

Дар ҳамин ҳол, 13 январи соли 2022 Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи ҷамъбастии шаҳрдорӣ ба сатҳи хизматрасонии алоқаи мобилӣ ҳам дахл кард. Ба таъкиди ӯ, дар бисёри ҳолатҳо имконоте, ки ширкатҳо дар рӯнамоиҳои хизматрасониҳояшон инъикос менамоянд, ба воқеият ҷавобгӯ нест:

“Инчунин аз пешравиҳои соҳаи алоқа дида, сифати алоқа ва суръати интернет бениҳоят суст буда, таҷҳизот ва дастгоҳҳои соҳа зарурият ба таҷдиду навсозӣ доранд”, -хабар додааст сомонаи шаҳрдори Душанбе. Ба гуфтаи манбаъ, бинобар ин, Рустами Эмомалӣ ба роҳбарони ширкатҳои мобилӣ дастуру супоришҳои қатъӣ додааст, ки “дар кӯтоҳтарин муддат ҷиҳати воридоти таҷҳизоти замонавӣ, баланд бардоштани сифатнокии хизматрасонии алоқа ва интернет ва бартараф намудани дигар камбудиҳои ҷойдошта чораҳои таъхирнопазир андешанд”.         

 

*Имлои бархе корбарон иваз шудааст