Далелсанҷ кӣ аст ва чӣ кору ҳадафе дорад?

20 ноября 2018
986
Муаллиф: Rushnoi.org

Дар Тоҷикистон мафҳуми “далелсанҷӣ” ё factchecking дорад ҷойи пой пайдо мекунад. Дар қиёс ба чанд соли пеш ҳоло ин мафҳум ҳарҷи бештар истифода мешавад. Пайваста давраҳои омӯзишӣ оид ба фактчекинг доир шуда, ҳатто сомонаи вижае ҳам бо номи https://factcheck.tj фаъол шудааст. Аммо ҳанӯз дар ин маврид суолҳои беҷавоб зиёданд, ки ҷавоб мехоҳанд. Яке аз ин пурсишҳо ин аст, ки далелсанҷиро кӣ бояд анҷом бидиҳад: журналист, блоггер ё ҳар нафари огоҳ аз фазои рӯзноманигорӣ? Дар мафҳуми илмӣ касеро ки ба фактчекинг ё санҷидани дурустии иттилоъ машғул аст, fact checker, дар тарҷумаи тоҷикӣ далелсанҷ меноманд. Ҳоло бори дигар вазифаи далелсанҷро барои хонандаҳо ёдовар мешавем.  

  • Далелсанҷ шахси аз ҷиҳати сиёсӣ ба ҷонибе ҷалбшуда нест, аз ин рӯ бояд мавҷудияти манипулятсия, популизм ва далеҳои беэътимодро дар изҳороти шахсони маъруф, сарфи назар аз мансубият ба қудратҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияҳо бисанҷад;
  • Ҳадафи асосии кори далелсанҷ ҷустӯҷуи дурӯғ дар изҳороти оммавии шахсони маъруф нест, балки муайян намудани асолат – ҳақиқати далелҳоест, ки эълон шудаанд ва фош намудани техникаи манипулятсия тезисҳои популистӣ аст.
  • Далелсанҷ барои санҷиши дурустии изҳорот танҳо аз маълумоти сарчашмаҳои расмии давлатӣ, ниҳодҳои байналмилалии эътирофшуда, ҷавобҳои расман аз ниҳодҳои давлатӣ гирифташуда ва шарҳи коршиносон (агар ба сарчашма такя мекунанд), истифода мебарад.
  • Далелсанҷ дар ҷамъоварии мадорик барои сохтани пойгоҳи исботкунӣ аз маълумоти беруна, андешаи субъективӣ, пешгуйҳо ва фарзияҳо (агар ба қоидаҳои усули моделсозӣ мувофиқат накунанд) ва иттиҳомҳо истифода намекунад.
  • Қоидаҳои дақиқи кор бояд бо исттидлол, усулҳои ҷамъоварии мадракҳо ва мантиқи худи тадқиқот бояд бо сиёсати редаксионии ҳар як манбаи далелсанҷӣ муайян карда шаванд. Бинобар ҳамин критерияҳои қатъии арзёбии гуфтаҳои сиёсатмадорон қабул шудаанд ва характеристикаи онҳо тавсиф шудаанд. Ин иттилоот бояд дар дастрасии ҳамагон бошад.
  • Далелсанҷ вобаста ба соҳа/мавзӯи изҳорот сарчашмаҳои хабариеро мустақилона муайян мекунад, ки маълумоташон ҳангоми гузаронидани тадқиқот истифода мешавад.
  • Ҳар як манбаи далелсанҷӣ барои тадқиқот ҳуқуқи ҷалб намудани созмонҳои байналхалқӣ ва мутхассисон, ташкил намудани гуруҳҳои корӣ бо ширкати намояндагони дигар сохторҳои иттилотӣ ё таҳлилиро дорад.
  • Манбаҳои далелсанҷӣ ва далесанҷон дар асоси маълумоти андухташуда ва мураттабшуда ҳуқуқи истеҳсоли маводи таҳлилие, чун рейтингҳои дурӯғ-ҳақиқати шахсони алоҳида, ҳизбҳои сиёсӣ ва ғайраро доранд.
  • Ҳар як манбаи далесанҷӣ дар асоси тадқиқоти ошкоро бо истифода аз сарчашмаҳои оммавӣ оид ба изҳороти шахсони маъруф ҳуқуқи баровардани ҳукмнома дорад. Критерияҳои ҳукмномаро сиёсати редаксионии манбаи далелсанҷ муайян менамояд. Агар шахси маъруф (ё хонанда) бо ҳукмнома ризо набошад, баъд аз тақдими маълумоти зарурӣ, ки ҳукмномаро инкор мекунад, он матавонад тағйир дода шуда бо ишораи мувофиқ нашр шавад.
(бо истифода аз китоби «Далелсанҷӣ чун раванди нав дар журналистикаи тадқиқотӣ». Муаллиф: Александр Гороховский)

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД