Семинар: “Танзими ҳуқуқии истифодаи технологияҳои рақамӣ”

01 апреля 2022
536
Муаллиф: Rushnoi.org

Дар Академияи хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Танзими ҳуқуқии истифодаи технологияҳои рақамӣ” семинари омӯзишӣ идома дорад.

Ҳадафи аслии семинари мазкур баланд бардоштани сатҳи огаҳмандии омӯзгорони мактабҳои олии кишвар дар мавзӯи истифода аз технологияҳои рақамӣ ва танзими ҳуқуқии онҳо мебошад.

Ин семинар дар асоси маводи омӯзишӣ, ки аз ҷониби устодони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқ Меликов У.А. ва номзади илмҳои ҳуқуқ Қудратов Н.А. дар ҳамкорӣ бо Фонди ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет” таҳия шудааст, гузаронида мешавад.

Маводи омӯзишии “Танзими ҳуқуқии истифодаи технологияҳои рақамӣ” аз 11 боб иборат буда, масъалаҳои гуногуни ҳуқуқ ба истифодаи технологияҳои рақамӣ, ҳифзи ҳуқуқи шахс дар ин ҷараён, ҳолатҳои ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ кашидан ва дигар масъалаҳои муҳиме, ки айни замон зери назари ҳуқуқшиносон мебошад, фаро гирифтааст. Ҳар як мавзӯи он наворҳои омӯзишӣ, саволҳо ва тестҳои санҷишии худро дорад. Маводи мазкур дар шабакаи интернет бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ бо нишонии зер ҳам дастрас мебошад: https://oer.cict.tj/course/view.php?id=244

Қобили зикр аст, таҳияи маводи омӯзишии мазкур дар кишвари мо қадами нахустин дар самти омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқӣ доир ба истифодаи технологияҳои рақамӣ бо забони тоҷикӣ мебошад. Дар баробари шарҳу тафсири мафҳумҳо, вобаста ба ҳар мавзӯъ наворҳои омӯзишӣ таҳия шудааст ва барои санҷиши донишҳои андӯхташуда дар поёни ҳар бахш саволнома ва масъалаҳо пешниҳод мешавад.

Маводи омӯзишӣ барои донишҷӯён, магистрҳо ва дигар шахсоне, ки ба масъалаҳои мазкур мароқ зоҳир менамоянд, пешбинӣ шудааст. Он метавонад ҳангоми омӯзиши дарсҳои ҳуқуқи иттилоотӣ, ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ ва дигар фанҳои алоқаманд ба мавзӯи мазкур истифода бурда шавад.