USB-C. «Нерӯёри ягона» барои Аврупо

08 июня 2022
452
Муаллиф: Rushnoi.org
акс аз еuronеws.cоm

Иттиҳодияи Аврупо сешанбеи 7 июн муқаррароти наверо тасвиб кард, ки бар асоси он тавлидкунандаҳои фанновариҳои нав бояд аз тирамоҳи соли 2022 як «нерӯёр (зарядка)-и воҳид»-ро барои телефонҳои ҳушманд, планшетҳо, консолҳои бозӣ ва китобҳои электронӣ, инчунин гӯшандозу дурбинҳои рақамӣ вориди бозор кунанд. Ин «нерӯёри воҳид» USB-C пазируфта шуда, суръати нерудиҳӣ низ мувофиқа карда мешавад. Қарор аст, баъди ду сол ин муқаррарот барои ноутбукҳо низ мавриди амал қарор бигирад.

Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, ин муқаррарот на танҳо барои роҳатии корбарон ва сарфаи хароҷот, балки барои муҳити зист роҳандозӣ шудааст,-хабар медиҳад, «Евронюс». Терри Бретон, комиссари умури бозори дохилӣ гуфтааст, муқаррароти мазкур имкон медиҳад солона то беш аз ҳазор тонна партовҳои электронӣ коҳиш дода шавад.

Ширкати «Apple» бузургтарин мухолифи чунин муқаррарот аст, зеро дар «Айфон»-ҳо нерӯёри махсус – Lightning истифода мешавад ва ин қарори Иттиҳоди Аврупо ширкатро мҷбур мекунад, ки аз бозори Аврупо даст бикашад. Масъулини «Apple» гуфтаанд, тасмими Брюссел монеи рушди бахши ТИК ва татбиқи навовариҳо мешавад.