Шохиси дастрасӣ ба интернет: Мақоми Тоҷикистон хушҳолкунанда нест (ТАСВИРБАЁН)

21 июня 2022
613
Муаллиф: Rushnoi.org

Тоҷикистон дар радабандии дастрасӣ ба интернет барои соли 2022 аз миёни 164 кишвар мақоми 134-умро муаррифӣ мекунад. Соли сипаришуда ҷумҳурии мо дар зинаи 131 қарор дошт.  

Ин радабандиро ширкати бритониёии broadbandchoices нашр кардааст. Ба иттилои манбаъ, ҳангоми таҳияи рейтинг сифат, дастрасӣ ва арзиши дастрасӣ ба интернетро ба назар гирифтаанд. Дар радабандӣ суръати боргирӣ (Mbit/s), пардохти моҳона, арзиши 1 GB интернети мобилӣ барои ҳар кишвар нишон дода шудааст. Ба иддаои пажуҳишгарон суръати боргирӣ дар Тоҷикистон 0.5 мегабит /сония буда, арзиши пардохти моҳонаи интернети фарохмаҷро бештар аз 25 доллар ва 1GB интернети мобилӣ 3,5 долларро ташкил медиҳад. Бо ин нишондиҳанда, Тоҷикистон бо касби 67.7 имтиёз дар ҷойи 134 қарор гирифта, «ҳамсоя»-и Ҳаитӣ (мақоми 133) ва Ҷибутӣ (зинаи 135) шудааст. Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон танҳо аз Туркманистон, ки дар мақоми 156-ум аст, «пешсаф» мебошад. Нишондиҳандаи аз ҳама беҳтарро Қазоқистон (мақоми 55) дорад.  Ба иттилои broadbandchoices, суръати боргирӣ дар Қазоқистон ба 2.4 мегабит сония мерасад ва сокинони ин кишвар имкон доранд, 1 GB интернети мобилиро бо арзиши 0,8 доллар бихаранд.