Танзими ҳуқуқии истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зарурати беҳдошти рақамӣ

07 июля 2022
484
Муаллиф: Rushnoi.org

Дар заминаи модули омӯзишии “Танзими ҳуқуқии истифодаи технологияҳои рақамӣ”, ки бо ибтикори Бунёди ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет” таҳия шудааст, боз як семинар-машварат баргузор шуд.

Дар ин чорабинӣ, ки 5 ва 6 июн дар осоишгоҳи “Эдем”-и Қаратоғ доир гардид, ба зарурати баланд бардоштани огоҳии шаҳрвандону корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди мафҳуми ҳуқуқӣ рақамӣ ва беҳдошти рақамӣ таъкид шуд.

Мавриди тазаккур аст, ки модули омӯзишии “Танзими ҳуқуқии истифодаи технологияҳои рақамӣ” яке аз қадамҳои нахустин барои омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқӣ доир ба истифодаи технологияҳои рақамӣ буда, масъалаҳои гуногуни ҳуқуқ ба истифодаи технологияҳои рақамӣ, ҳифзи ҳуқуқи шахс дар ин ҷараён, ҳолатҳои ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ кашидан ва дигар масъалаҳои муҳимеро, ки айни замон зери назари ҳуқуқшиносон мебошад, фаро гирифтааст. Он аз 11 боб иборат буда, аз ҷониби устодони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқ Меликов У.А. ва номзади илмҳои ҳуқуқ Қудратов Н.А. таҳия шудааст.

Пештар низ Бунёди ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет” бар асоси ин маводи омӯзишӣ семинар ва машваратҳо баргузор карда буд.