“Падари маънавии Толибон” кушта шуд

03 ноября 2018
693
Муаллиф: Rushnoi.org

Мавлоно Самиъ ул-Ҳақ, як раҳбари руҳонии маъруфи Покистон, дар хонааш дар Баҳрия Таун, минтақаи ашрофнишини шаҳри Равалпинди кушта шуд.

Акс аз Reuters

Бино ба иттилои пулиси Покистон, 2 октябр ӯ дар хонаи хобаш аз сӯи як ё чанд нафари номаълум, ки пас аз ҳодиса фирор кардаанд, ба қатл расидааст. Ҳамид ул-Ҳақ, писари ӯ ба ТВ Geo News гуфтааст, падараш ҳангоми ҳамла дар хонаи хобаш танҳо буд.

 

«Чандин зарбаи корд дар ноҳияҳои рӯй, шикам ва дили падарам дида мешуд. Дар утоқаш танҳо буд. Муҳофизаш чанд дақиқа пеш аз ҳамла ӯро тарк мекунад ва ҳангоми бозгашт мебинад, ки падарам дар ҳолати вазнин аст», — гуфт ӯ ба рӯзноманигорон.

«Ҳамлагарон ба хона ворид шуда, дар оғоз мулло Самиъулҳақро бо корд задаанд ва сипас, тир шиллик кардаанд», — гуфтааст бародарзодааш Муҳаммад Билол.

Ҳақи 81 — сола ба «Safari Hospital», шифохонаи наздиктарин интиқол ёфт ва он ҷо фавтид.

Пас аз марги Ҳақ даҳҳо ҷонибдори ӯ ба кӯчаҳо рехтанд ва даст ба тахриби мағозаву нақлиёти мардум дар Исламабоду Ровалпинди заданд. Хонаводаи Ҳақ пайравони ӯро ба оромиш даъват кард.

Ахбори зиддунақизе дар бораи ин, ки Ҳақ чӣ тавр кушта шуд ва чаро муҳофизу ронандаи ӯ ҳангоми ҳамла бо ӯ набуданд, то ӯро ҳимоят кунанд, низ пахш шуд.

Ба қавли бародарзодааш, Ҳақ мехост ба тазоҳуроти эътирозӣ алайҳи тасмими Суди Олӣ, ки хонуми масеҳии покистонӣ Осия Бибиро табраа кард, пайвандад. Осиёи Бибӣ соли 2010 барои куфргӯӣ ба эъдом маҳкум шуда буд. Аммо Ҳақ ба ин далел, ки роҳҳо баста буданд, ба хона баргашт ва ба хонаи хобаш рафт, он ҷо ки баъдтар ҷасадашро ёфтанд.

Ҳақ кӣ буд?

Ҳусайн Самиъ ул-Ҳақ 18 декабри соли 1937 дар шаҳри Акура Хатаки вилояти марзии Шимолу Ғарби Ҳинди Бритониё (ҳоло Хайбар Пахтунхвоҳи Покистон) дар оилаи Мавлоно Абд ул-Ҳақ, фориғуттаҳсили Дор ул-улуми Девбанди Ҳинд таваллуд шудааст. Омӯзишҳои диниро дар мадрасаи Дор ул-улуми Ҳаққония, ки соли 1946 аз сӯи падараш таъсис ёфта буд, фаро гирифт.

Мавлоно Самиъ ул-Ҳақ раиси Шӯрои дифоъи Покистон (2011 – 2018), ҳамрайиси Дор ул- улуми Ҳаққония (1988 – 2018), сенатори вилояти марзии Шимолу Ғарби Покистон (2003 – 2009, 1985 – 1997), узви Маҷлиси Шӯрои Покистон (1983-1985) ва узви Маҷлиси улёи Покистон (1985 — 1991, 1991 – 1997) буд.

Ӯ яке аз чеҳраҳои маъруфи сиёсӣ ба шумор мерафт. Раҳбари ҷиноҳи худ дар ҳизби Ҷамъияти уламои ислом, аз асосгузорони эътилофҳои сиёсии аҳзоби чап, назири Исломи Ҷумҳури Иттиҳод ва Муттаҳида Маҷлиси Амал буд.

Самиъ ул-Ҳақ пас аз марги падар ректори Дор ул-улуми Ҳаққония, мадрасаи исломии девбандӣ таъин шуд, ки ба номи «донишгоҳи ҷиҳод» шуҳрат дорад. Раҳбарони Толибон — Мулла Умар, Мулло Ахтар Мансур, раҳбари «Шабакаи Ҳаққонӣ» — Ҷалолуддин Ҳаққонӣ ва раҳбари «Ал-Қойида» дар шибҳи қораи Ҳинд – Осим Умар фориғуттаҳсилони ин мадраса буданд. Садҳои донишҷӯи мадрасаи ӯ алайҳи ҳукуматҳои Афғонистон, Ҳинд ва Покистон меҷангиданду ҳоло ҳам меҷанганд.

Ҳақро «падари маънавии Толибон» мехонанд, зеро равобити шахсӣ бо раҳбарони он дошт ва ин гуруҳро пуштибонӣ мекард. Вай мегуфт: «Фақат як сол ба онҳо фурсат диҳед ва онҳо Афғонистонро хушбахт хоҳанд кард… Тамоми Афғонистон бо онҳо хоҳад буд… Ҳамин ки амрикоиҳо рафтанд, ин ҳама тайи як сол анҷом хоҳад гирифт… То он замон, ки ҳузур доранд, афғонҳо маҷбуранд барои озодии худ биҷанганд… — мегуфт Ҳақ. – Ин ҷанг барои озодӣ аст. Он то замоне, ки хориҷиҳо нараванд, идома хоҳад кард».

Солҳои тӯлонӣ Самиъ ул-Ҳақ Афғонистонро «як кишвари ишғолшуда» меномид ва аз мубориза алайҳи ҳукумати Афғонистон ва нерӯҳои хориҷӣ дар он кишвар пуштибонӣ мекард.

Моҳи ноябри соли 1991 ӯ ба гири як ҳангомаи расвойии шаҳвонӣ афтод. Дар рӯзномаи зани боздоштшудае, ки соҳибмулки як фоҳишахона дар Исломобод буд, мақомот бо феҳристи мизоҷони баландпояи ӯ ошно шуданд ва Мавлоно Самиъ ул-Ҳақ яке аз онҳо буд. Ӯ пас аз нашри аксе (эҳтимолан аз сӯи хадамоти ҷосусии Покистон) дар ҳолати хориқулодда лақаби «Сэндвич Сэмми» — ро гирифт. Соҳиби фоҳишахона ба тафтишот гуфт, ки Ҳақ миёни ду зан “фишурда шудан” — ро хуш дорад.

Вокуниш ба қатл

Президенти Покистон Ориф Алавӣ ва сарвазир Имрон Хон куштори Ҳақро маҳкум карданд.

«Имрӯз мо як олими бузург ва пешвои динро аз даст додем», — гуфт Хон, ки он лаҳза ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ дар Чин қарор дошт.

Ҳақ дар интихоботи ахири сарвазири Покистон аз Хон, ки пирӯз омад, ҷонибдорӣ кард.

Дар Афғонистон ағлаб бар ин фикранд, ки куштори Ҳақ қадами дигаре ба сӯи сулҳ аст, аммо аксари покистониҳо марги ӯро талафоти бузурге барои кишварашон хонданд.

Дар ҳамин ҳол, 2 октябр – пас аз як соати ҳамла ба Самиъ – ул – Ҳақ, ҳамлаи дигаре бар Абдулло Гул, писари райиси собиқи истихбороти Покистон (ISI) Ҳамид Гул (1987 –1989) анҷом шуд. Сабукрави Абдулло Гул дар роҳ ба Исломобод мавриди тирборон қарор гирифт. «Ду мошин аз пешу пас мошини маро ҳадафи тир қарор доданд, аммо ман сиҳату саломат ба манзил расидам», — гуфт Абдулло Гул ба хабарнигорон.

 

Ҳамид Гулро низ «падархонди Толибон» меноманд.