Таҳлил: Рӯйкардҳо барои ҳифзи ҳарими хусусӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ

30 марта 2023
578
Муаллиф: Rushnoi.org

Кишварҳои Осиёи Марказӣ қонунҳои махсус доранд, ки муносибатҳои марбут ба ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсиро танзим мекунанд. Ин нукта дар матлаби таҳлилии “Рӯйкардҳо барои ҳифзи ҳарими хусусӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ” таъкид шудааст. Дар ин матлаб, ки сомонаи Digital rights and freedoms landscape  бо забони русӣ нашр кардааст, аз ҷумла гуфта мешавад, ки ҳифзи маълумоти шахсӣ яке аз муҳимтарин вазифаҳои имрӯза дар шароити вуруди густурдаи интернет дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ҳар кишвар қонунҳои худро дорад, ки ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи маълумоти шахсии шаҳрвандонро танзим мекунанд. Муаллифон дар матлаби махкур қонунгузории марбут ба ҳифзи маълумоти шахсӣ дар Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Тоҷикистонро таҳлил намудаанд.

 «Дар ин матлаб, муаллифон муқаррароти асосии қонунгузорӣ, афзалиятҳо ва нуқсҳои онро таҳлил ва инчунин сатҳи ҳифзи маълумоти шахсиро дар ҳар яке аз ин кишварҳо муқоиса мекунанд. Илова бар ин, баъзе мушкилоти марбут ба ҳифзи маълумоти шахсӣ дар Осиёи Марказӣ ва роҳҳои имконпазири ҳалли онҳо баррасӣ шудаанд”,-таъкид мешавад дар сарсухани матлаб.

БАРОИ МУТОЛИАИ МАТЛАБ РӮИ ИН ПАЙВАНД НОХУН БИЗАНЕД: “РӮЙКАРДҲО БАРОИ ҲИФЗИ ҲАРИМИ ХУСУСӢ ДАР КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ”