Муаррифии пойгоҳҳои иттилотие, ки тиҷоратро равнақ медиҳанд

30 мая 2023
195
Муаллиф: Rushnoi.org

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо мехоҳад, ки барои рушди тиҷорати хурд дар панҷ кишвари Осиёи Марказӣ — Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон кӯмак расонад. Ин марказ вобастаи СММ ва Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ буда, ҳадафаш дар Осиёи Марказӣ ба роҳ мондани пайванди тиҷорати хурд ба бозорҳои аврупоӣ, ноил шудан ба дастовардҳои назаррас ва мусоидат ба тиҷорати байналхалқӣ аст.

Муаррифии тарҳи «Ready4Trade Осиёи Марказӣ»

Вобаста ба ин, шарикон аз бахши хусусӣ ва намояндагони тиҷорат аз панҷ кишвари Осиёи Марказӣ барои рушди тиҷорати дохиливу минтақаӣ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон мулоқот карданд.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ натиҷаҳои тарҳи «Ready4Trade Осиёи Марказӣ»-ро муаррифӣ кард. Барои рушди тиҷорати дохилии минтақавӣ ва байналмилалӣ дар панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ба чанд нуктаи муҳим, аз ҷумла талошҳо барои афзоиши шаффофияти тиҷорати фаромарзӣ ва бартарафсозии монеаҳои назоратӣ, таҳияи барномаи минтақавии омӯзишӣ оид ба мудирияти содирот барои тақвияти риояи расмиёти фаромарзӣ, натиҷаҳо ва омилҳои муваффақияти ташаббусҳо оид ба соддагардонии раванди тиҷорат бо назардошти ҷанбаҳои гендерӣ ва талошҳои минбаъда барои таъмини рушди устувор ишора шуд.

Иштирокдорон ва намояндагони тиҷорати Осиёи Марказӣ имкониятҳоеро баррасӣ карданд, ки дар робита ба амалисозии Central Asia Gateway, шабакаи Порталҳои соддагардонии раванди тиҷорат дар Осиёи Марказӣ, фароҳам шудаанд.

Central Asia Gateway маълумоти порталҳои соддагардонии раванди тиҷорат дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистонро муттаҳид мегардонад ва ба операторон дастрасии осонро ба иттилоъ дар бораи расмиёти тиҷорати фаромарзӣ бо назардошти вижагии маҳсулот фароҳам меорад.

Роҳнамои иттилооти тиҷоратӣ дар суроғаи зерин дастрас аст: https://infotradecentralasia.org/?lng=ru.

Платформа имконоти ҳамаи порталҳои Осиёи Марказиро истифода мебарад, то ин ки барои пайваст шудани минтақа ба бозорҳои байналхалқӣ ёрӣ расонад. Порталҳои раванди соддагардонии тиҷорат, ки бо кӯмаки техникии Маркази тиҷорати байналхалқӣ ва Конфронси СММ оид ба тиҷорат ва рушд коркард шудаанд, дар 30 кишвари дунё роҳандозӣ шуда, барои расидан ба ҳадафҳои соддагардонии раванди тиҷорат мусоидат кардаанд.

«Роҳандозии Info Trade Central Asia Gateway барои минтақаи Осиёи Марказӣ, ки ба нақшаҳои Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳимояти сармоягузории оқилона ба зерсохтори босифат мутобиқ аст, марҳилаи муҳиме дониста мешавад. Ташаббуси дувум — барномаи омӯзишӣ оид ба мудирияти содирот — барои бозкушоии зарфияти бахши хусусии Осиёи Марказӣ ва расидан ба танаввуи содирот ҳамчун калид ба ҳисоб меравад»,- мегӯяд Юрий Скаскевич, роҳбари барномаҳо, аз ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар Қазоқистон.

Дар Тоҷикистон Портал аллакай ба сарфаи вақт ва хароҷот дар амалигардонии тиҷорати фаромарзӣ мусоидат кардааст. Портали тиҷоратии Тоҷикистон оид ба расмиёти воридот, содирот ва транзити бештар аз 70 гурӯҳи маҳсулоти калидӣ, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои муҳим, намунаҳои ҳуҷҷатҳо ва тартибу равандҳои мавҷуда, инчунин маълумоти муҳим барои тиҷорати хурд дастурамал дорад. Аз замони ба кор оғоз кардани платформа дар моҳи апрели соли 2019, ки аз сӯи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон сохта шудааст, аз он бештар аз 120 000 нафар истифода кардаанд. Ҳоло бошад, теъдоди истифодабарандагон дар ҳоли афзоиш аст.

Баҳрабардории намояндагони тиҷорати хурду миёна

Чорабинии гузаронидаи минтақаӣ ба шарикони Маркази тиҷорати байналхалқӣ имкони шиносоӣ ва таҳлили барномаи омӯзишии мудирияти содиротро дар минтақа фароҳам овардааст.

Барои пешбурди тиҷорати минтақаӣ ва байналхалқӣ МБТ барои ширкатҳои тиҷории хурду миёна дар ҳар кадом кишвари Осиёи Марказӣ давраҳои омӯзишии ройгонро таҳия ва баргузор кардааст. Бештар аз 4500 намояндаи тиҷорати хурду миёна аз омӯзишҳои онлайниву офлайнӣ баҳра гирифтаанд, ки ин омӯзишҳо талаботи равандҳо ва меъёрҳои фаромарзиро фаро мегирифтанд. Давраҳои омӯзишии мазкур барномаи комили омӯзиши муосирро оид ба мудирияти содирот дар бар мегиранд ва барои содиркунандагони оянда ва роҳбарони ширкатҳо бо ҳадафи боло бурдани тахассуси онҳо пешбинӣ шудаанд. Давраҳои омӯзишӣ масоили васеъро фаро мегиранд: аз қоидаҳои тиҷорати байналхалқӣ то раванди содирот, масирҳои транзит, стандартҳои сифат ва мутобиқат, инчунин талаботи бозори Иттиҳоди Аврупо.

Академияи содироти Тоҷикистон дар суроғаи зерин дастрас аст: https://export-tjk.learning-solutions.cloud/

То имрӯз дар Тоҷикистон дар давраҳои омӯзишии анъанавӣ таҳти роҳбарии тренерҳо бештар аз 380 фоидагирандагони Маркази савдои байналхалқӣ иштирок кардаанд, ки ҳар севумини онҳо зан буданд.

Барои фаҳмидани он ки занон ҳангоми амалисозии тиҷорати фаромарзӣ бо кадом мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд ва пешниҳод кардани роҳҳал, Маркази тиҷорати байналхалқӣ бо фарогирии бештар аз 1500 зан дар панҷ кишвари Осиёи Марказӣ назарсанҷӣ анҷом дод. Бештар аз 600 корманди хадамоти гумрук оид ба методҳои одилонаву ахлоқии мусоидат кардан ба тиҷорат барои таъсиси муҳити ҳассоси гумрукӣ омӯзиш гирифтанд ва бештар аз 350 соҳибкорзан донишҳои худро дар мавриди қонунгузории бахши гумрук ва пойгоҳи ҳуқуқиву меъёрии байналхалқӣ, махсусиятҳои гуфтугӯ бо брокерҳои гумрукӣ, инчунин тартиб, қоида ва уҳдадориҳо ҳангоми убури марз боло бурданд.

Дар ҳамин маврид, Холбибӣ Эшонбобоева, соҳиби стартап аз Тоҷикистон мегӯяд, ки «ман барои ба роҳ мондани савдои байналхалқӣ ба зарфиятҳои худ итминони бештар ҳосил кардам. Ман қоидаҳо ва меъёрҳои марбутаро омӯхтам, қонунҳоро медонам ва медонам, ки дар ҳолатҳои ғайриинтизор дар марз чӣ гуна рафтор кунам. Машваратҳои амалие, ки ман дар ҷараёни омӯзиш аз худ кардам, хеле муфид буданд».

Тиҷорат онлайнӣ мешавад?

Дастандаркорони ҳамоиш изҳор доштаанд, ки акнун бо истифода аз платформаҳои нав соҳибкорони хурд аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон метавонанд ба шабакаҳои нави фурӯши онлайн дастрасӣ пайдо карда, доираи муштариёни худро зиёд гардонанд.

«Мо боварӣ дорем, ки Осиёи Марказӣ низ дар якҷоягӣ қавитар хоҳад шуд. Лоиҳаи Ready4Trade тиҷорати электрониро барои тиҷорати хурд дар Осиёи Марказӣ дастгирӣ мекунад. Корхонаҳои Осиёи Марказӣ қавӣ, устувортар ва дар сатҳи байналмилалӣ шинохта хоҳанд шуд»,- таъкид дошт Сафири Иттиҳоди Аврупо Кестутис Янкаускас.