Террори аср | Аҳмадшоҳи Масуд чӣ тавр кушта шуд?

12 октября 2018
3592
Муаллиф: Фахриддини Холбек

Пушти террори Масъуд на фақат “Ал-қоида” – ву Толибон, балки ҳудуди 20 кишвару созмон ва атрофиёни ӯ низ даст доштанд. Таҳқиқоти байнулмилалӣ ва дохилии қатли ӯ мутаваққиф шуданд. Натоиҷи қаблӣ эълон нагардиданд. Аммо пас аз марги “Шери Панҷшер” мавҷи террор дар саросари ҷаҳон паҳн шуд. Кӣ дар ин кор манфиат дошт? Чаро ин “аждаҳои оташнафас” ба номи терроризмро дар лонааш – Афғонистон нобуд накарданд, баъракс, дастҳо ва роҳашро ба сӯи Амрико, Аврупо, Африқо ва Ховари Миёна боз намуданд?

Акс аз Vladimir Pavlenko/FLY-NIG

 

17 соли ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон собит мекунад, ки беш аз 30 кишвар ва ҳукумати дастнишондаашон дар Кобул кори муассире барои саркӯби даҳшатафканӣ анҷом надоданд. Пас чӣ зарурат дошт ягона фармондеҳе, ки забони даҳшатафканонро мефаҳмид ва медонист бо онҳо чӣ тур мубориза кунад, кӯмак нашавад, балки аз саҳна ҳазф гардад? 17 сол аст, ки дар Афғонистон ва саросари ҷаҳон дар рӯзи маргу рӯзҳои дигар барои Аҳмадшоҳи Масъуд маҳфилҳои бузург мегиранд. Мегӯянд, ба ёд меоранд, гоҳе ҳам пеши камераҳо ашк мерезанд. Матлаби зиёде гуфтаву навишта шудааст. Дар оянда низ чунин хоҳад шуд. Аммо суоли ягона ва муҳим – “пушти террори Масъуд кӣ буд?” то ба ҳол посух надорад. Беҳ медонанд, ки дар ин бора нагӯянд ва шояд ҳам гурда намекунанд ин қазияро ба баррасӣ гиранд. Аммо аз зеҳнҳои мардум дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ ва саросари ҷаҳон ин суол ҳанӯз ҳазф нашудааст…

ФАСЛИ АВВАЛ:
“Меҳмон набояд хонаро вайрон кунад!”

То охири соли 2000 футуҳоти барқосои ҳаракати Толибонро сар омад. Як қатор фишорҳои дохиливу хориҷӣ ба ҷони онҳо афтоданд. Пас аз чор соли забти Кобул, онҳо, шарикон ва пуштибонони минтақаиву байналмилалиашон ҳар чӣ накӯшиданд, натавонистанд, ки охирин пойгоҳи мухолифин – дараи Панҷшер ва вилояти Бадахшонро фатҳ кунанд. Талибон мехостанд Панҷшерро бо гурснагӣ ба зону нишонанд. Се маротиба ба дара ҳамла бурданд, аммо ба шикасти сангин мувоҷеҳ шуданд. Ҳамлаи охирини онҳо дар поёни соли 2000 низ ба нокомӣ анҷом ёфт Баръакс, баъдтар шаҳри Чоряккор, маркази вилояти Парвон ва қисмати бузурги вилояти шимолии Тахорро аз даст доданд. Мошини бузурги низомии онҳо, ки шикастро намедонист, дигар кор надод. Захираҳои моливу фаннӣ ва низомии онҳо дар ҳоли коҳиш буд.

Ҷабҳаи муттаҳиди Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмадшоҳи Масуд боло мегирифт ва бо кӯмаки Русияву Эрон, Ҳинду кишварҳои Осиёи Марказӣ тақвият меёфт. Ҷабҳаи зиддитолибон на фақат дар миёни ғайрипаштунҳо, балки паштунҳо низ тарафдори зиёде пайдо мекард. Нуфузи Ҷабҳаи муттаҳид аз Шимол ба Ҷануб, ҳатто ҳамон Қандаҳор – гаҳвора ва пойгоҳи аслии Толибон густариш ёфт. Дар вилоятҳои марказӣ, ҷанубу шарқ ва ғарб низ ҷабҳаҳо боз шуданд. Неруҳои Абдурашид Дӯстум, ки аз Туркия баргашт, дар Шимол ва Исмоилхони баргашта аз Эрон дар Ғарб ба ҷанг шурӯъ карданд. Тахриби муҷассамаҳои Буддо дар Бомиён ва сафари раҳбари Ҷабҳа ба Аврупо, чашмони пӯшидаи ҷаҳонро ба Афғонистоне, ки ба саҳнаи барбарият, қатлҳои ом ва нақзи ҳуқуқи башар, қабл аз ҳама занон табдил ёфта буд, боз кард.

Фишорҳои хориҷӣ аз фишорҳои дохилӣ бар меомаданд. Ҷабҳаи муттаҳид намегузошт, ки Толибон короямии худро дар амри таъмини амнияти тарҳи лӯлаи гози ТАПИ (Туркманистон – Афғонистон – Покистон – Ҳинд) ба субут расонад. Ин умедвориро аз онҳо ширкати амрикоии Unocal дошт, ки дар Афғонистон ва Осиёи Марказӣ бо таъйиди Вашингтон кор мекард. Ҳанӯз моҳи феврали соли 1997 ҳайати Толибон ба Амрико рафта, таъйиди онро ба даст оварда буд. Боз як сафари дигари онҳо ба Вашингтон моҳи ноябри соли 1998 иттифоқ афтода буд. Ҳадафи ҳарду сафар ҳам сохтмони лӯлаи гази ТАПИ буд. Аз ин хотир, маъмурияти Билл Клинтон ба ҷиноятҳои зиддибашарӣ дар Афғонистон вокунише намекард. Робин Райфел, намояндаи вижаи вазорати хориҷаи Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ ҳатто аз Кунгураи он кишвар хост, ки ҳукумати Толибонро ба расмият бишносанд. Вай гуфт: “Толибон воқеияти байнулмилалӣ шудаанд”

Дардисари дигари Толибон Усома ибни Лодан, меҳмон ва сармоягузори онҳо ба шумор меомад. Кори ӯ ба бадтарин ва ҳассостарин нуқтаи худ расида буд. Иёлоти Муттаҳида мустақим ва ҳам бо миёнҷигарии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз Толибон тақозо мекард, ки аз «террористи №1», ки соли 1998 ба сафоратҳои Амрико дар Кения ва Танзания ҳамлаҳои терористӣ анҷом дода буд, халос шаванд. Салмон Амрӣ, сафири Арабистони Саудӣ дар Кобул ба Мулло Ҳасан, вазири хориҷаи Толибон чор роҳи ҳал барои ин мушкил пешниҳод кард:

1) Ибни Лоданро ба саудиҳо таслим кунанд;

2) Аз Афғонистон ронанд;

3) Ӯро кушанд;

4) Ё ба додгоҳи Амрико таслим кунанд.

Бо ин пешниҳодот ба Қандаҳор шоҳзода Файсал Туркӣ, раиси истихбороти Арабистони Саудӣ низ омад. Аммо Толибон, ки аз авоқиби таслими раҳбари “Ал-қойида” ба саудиҳо ва амрикоиҳо, ё қатли ӯ сар дар меоварданд, ин пешниҳодотро рад мекарданд. Салмон Амрӣ ҳатто маҷбур ба тарки Кобул шуд.

Ҳамин тавр, Толибон наметавонистанд 1) Ҷабҳаи муттаҳиди таҳти фармони раҳбари хоризматик Аҳмадшоҳ Масъудро шикаст диҳанд, 2) амнияти лӯлаи гози ТОПИ-ро, ки амрикоиҳо ба он чашми умед доштанд, таъмин ва 3) раҳбари “Ал-қоида” – ро таслим кунанд, ки хилофи расми меҳмондории афғонӣ буду хашми маҳофили тундгароёни олами исломро бармеангехт ва ҳам моҳияти Аморати исломӣ ва рисолати “амири мӯъминон” – Мулло Умарро таҳти суол мегузошт.

То соли 2000 аз тамоми гӯшаву канори дунё дар Афғонистон як “интернатсионали терористӣ” – е гирд омада буд. Толибон аз тундгароён ва созмонҳои терористии Русия, Покистон, Малайзия, Индонезия, Ҳинд, Чин, Бирма, Эрон, Осиёи Марказӣ, кишварҳои халиҷи Форс, Африқо, ҷамъ 35 кишвари ҷаҳон, мизбонӣ мекарданд. Афғонистон ба “хонаи сарнавишт” ё “манзили амн” – и онҳо табдил ёфт. Ин ҳол ба ҳадафи аслии Аморати исломӣ – эътирофи байнулмилалӣ халал мерасонд. То он лаҳза онҳоро танҳо се кишвар – Покистон, Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Араб ба расмият шинохта буданд. Аммо ин се кишвар низ, ба истиснои Покистон, вақтҳои охир ба далели фишорҳои Амрико аз Толибон пуштибонии кофӣ намекарданд. Ба назар мерасид, «воқеияти байнулмилалӣ» — и хонум Райфел таҳти шакку тардид афтода буд. Толибон ва “Ал-қойида” Масъуд ва Ҷабҳаи Муттаҳиди ӯро сабаби умдаи гирифторӣ дар ҳамчунин бунбаст арзёбӣ мекарданд.

Соли 1999 вазири хориҷии Толибон Вакил Аҳмад Мутаваккил, “раҳбари аз ҳама воқеъбини онҳо”, таъйин шуд. Ин кас тамоми хатарот ва паёмадҳои вазнини “меҳмонӣ” — и ибни Лодан дар Аморатро дарк мекард. Ӯ боре ба Мулло Умар гуфт: «Меҳмон набояд хонаро вайрон кунад!» Талибонро зарур омад дар фаъолиятҳои раҳбари “Ал-қоида” маҳдудият ҷорӣ намоянд. Мутаваккил аз Мулло Умар хост, ки “Мактаб ул – Алом” – маркази фарҳангӣ – таблиғотии “Ал-қоида” -ро бандад. Усома аз сӯҳбат бо расонаҳо маҳрум карда шуд. Ин вокуниши шадиди ӯро ба вуҷуд овард. Вай гуфт: «Мо ду душман дорем: яке, Амрико ва дигаре, вазорати хориҷаи Толибон!»

Ҳамон сол дар кӯшки Усома ибни Лодан дар ҷануби шаҳри Қандаҳор, ки “Доруссалом” ном дошт, Амирхон Муттақӣ, вазири иттилооту фарҳанги Толибон меҳмон шуд. Усома аз вазъи худ шикоят кард. Вай гуфт:

«Шумо ин ҷо маро бандӣ кардаед ва намегузоред, ки ҳатто ҳарф занам. Чаро шумо монеаи адои фарзи ҷиҳоди ман мешавед? Чаро шумо ба мушкили мусалмонон дар Фаластин, Кашмир ва Чеченистон (он сол ҷанги дуюми русу чечен ҷараён дошт, ки ҷангиёни “Ал-қоида” низ ширкат мекарданд – м.) таваҷҷӯҳ намекунед?»

Муттақӣ дар навбати худ аз Усома хост, ба амру фармонҳои «амиралмӯъминин» (Мулло Умар соли 1996 «амири ҳамаи мӯъминон» эълон шуда буд — м.), ки бо ӯ байъат кардааст, итоат кунад. Вай афзуд: «Мо таҳти фишорҳои ҷангу мушкилоти иқтисодӣ ҳастем. Пеши мардуми худ низ масъулият дорем».

Тарҷумони афғонии онҳо тафсилоти ин мулоқотро ба ҳамсуҳбатони ман Ваҳиди Мужда, сардори собиқи шуъбаи Осиёи Миёна ва Русияи вазорати хориҷаи Толибон ва рӯзноманигори шинохта Раззоқи Момун ҳикоят кардааст. Усома бодиққат ҳарфҳои Муттақиро гӯш мекунад ва дар охири сӯҳбат кӯтоҳ ва бидуни тафсилот мегӯяд: «Ман мушкили дохилии шуморо ҳал мекунам!»
Вазир ва тарҷумонаш фикр карданд, ки миллиарддори араб кӯмаки молиро дар назар дошт. То ин дам ӯ миллионҳо долларро барои амалиётҳои Толибон, аз ҷумла фатҳи Ҷалолободу Кобул дар соли 1996, ба харҷ дода буд.

Дар ҳамин ҳол, мавзуъи таслими бин Лодан пас аз таҳримҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар январи соли 2001 барои ҳамеша баста шуд. Толибон эълон карданд, ки ҳеҷ гоҳ ӯро таслим нахоҳанд кард. Соли 2001 онҳо тамоми пойгоҳҳои худро дар ихтиёри «Ал-қойида» доданд ва фармондеҳии кулли неруҳои худро низ дар ихтиёри Усома бин Лодан гузоштанд…

Ҷаласа дар Қандаҳор
Чанде пас аз он мулоқот бо Амирхон Муттақӣ Усома ҳамаи раҳбарони “Ал-қоида” дар саросари ҷаҳонро барои ҷаласаи муҳим ба Қандаҳор даъват кард. Ҳудуди 200 қумондон, олим ва корманди оператифии созмон ба ҷаласа нишастанд. Масъалаи муҳимтарин дар рӯзномаи ҷаласа терор ё боздошти раҳбари Ҷабҳаи Муттаҳид – Аҳмадшоҳи Масъуд буд.  Ба қавли Ваҳиди Мужда, атрофи масъала баҳси доғе ба миён омад. Иддае аз раҳбарони “Ал-қоида” инро қобили қабул намедонистанд, зеро қатли муҷоҳид, бахусус, фотеҳи ҷанг алайҳи Шӯравӣ, хилофи қавонини ислому ҷиҳод аст. Бархе ҳам ба ин нукта ишора карданд, ки худ ҷанг алайҳи Давлати исломии Афғонистон суолбарангез аст, зеро онҳо ба ин тааҳҳуд кардаанд, ки на бо мусалмонон, балки “куффор” биҷанганд, тавре ки дар гузашта бо Иттиҳоди Шӯравӣ ҷангида буданд ва ҳоло бо Амрико.

Як далели дигар низ дар дасти онҳо буд. Асосгузори дафтари аввалини хайрияи арабӣ дар Пешовар – «Мактаби хадамот», ҳамзамон «Ҳамос» — и Фаластин — Абдулло Азом пас аз мулоқот бо Масъуд дар моҳи июли соли 1988 дар вилояти Тахор ба “араб-афғон” — ҳо дастур дода буд, ки ҳеҷ гоҳ бо ин раҳбари афғон мухолифат накунанд, зеро ӯ муҷоҳиди асил ва муборизи барҳақи роҳи ислом аст. Аммо Азом соли 2001 зинда набуд. Соли 1989 ӯ ва ду писарашро зимни инфиҷоре дар даромадгоҳи яке аз масҷидҳои Пешовар кушта буданд. Гуфта буданд, ки кори дасти Исроил, Ҳикматёр ё муовинаш Усома аст. Ҳамагӣ фарзияе беш нестанд. Аммо таърихи аз он замон то ҳоли ҳозири минтақа то ҷое афрод ва дастҳои хориҷии дахил дар марги ӯро низ собит мекунад, ки дар асл кадом кишварҳо Азоми бонуфуз, аммо миёнаравро ба чӣ далел аз миён бурдаанд. Хуб, ин қиссаи дигар аст.

Усома далоили худро барои терори Масъуд дошт. Яке аз онҳо гӯё ҳамкории Масъуд бо Исроил буд. Далел аз матолиби нашароти арабии наздик ба тундгароён оварда мешуд, ки гӯё соли 1998 пас аз зилзилаи шадид дар вулусволии Рустоқи вилояти Тахор, ҳукумати Бурҳонуддини Раббонӣ, ки Аҳмадшоҳи Масъуд вазири дифоъаш буд, аз Исроил кӯмаки башарӣ гирифтааст ва ин кӯмакро гӯё сафири он кишвар тариқи қаламрави Тоҷикистон ироа кардааст. Ҳукумати Раббонӣ ин иттиҳомотро рад карда буд. Аз 5 то 9 феврали соли 1998 дар вулусволии Рустоқи Тахор заминларзаи беш аз 6 — нуқтаӣ рух дод, ки дар натиҷа ҳудуди 5 ҳазор нафар кушта ва беш аз 15 ҳазор нафар замӣ шуданд. Ин зилзила 27 маҳалли зистро тахриб кард.

Далели умдаи раҳбари “Ал-қойида” дигар буд: Масъуд дербоз ба густариши ақида ва амалӣ шудани нақшаҳои созмонаш, маҳз ҳаракатҳояш ба самти Осиёи Марказӣ ва манотиқи мусулмоннишини Чину Русия халал мерасонд. Ӯ як девори оҳанин дар ин масири орзуҳои Усома буд. Ҳамин тавр, Усома муваффақ шуд, ки тобеонашро дар барканории Масъуд мутақоид кунад. Ин ба маънои расман душман эълон шудани Масъуд буд. Ҳарчанд «Ал-қойида» хеле бармаҳал аз пайи шикори Масъуд афтода, аммо амалиётҳояш ҳамеша ба нокомӣ анҷом меёфтанд.

Ба қавле, то охири ҳамон рӯз қарор ин шуд, ки аввал нақшаи боздошти Масъудро ба иҷро гиранд, зеро бархе раҳбарони “Ал-қоида” ҳанӯз умед доштанд, ки ӯро ба сафи худ ҷалб ва аз нерӯву истеъдоди хориқулоддаи ӯ дар барномаҳои бузурги худ истифода кунанд. Бино ба бархе ривоёт, барои ӯ ҳатто як вазифаи баланди низомиро низ пешбинӣ карда буданд. Аммо дар ҳоли шикасту бебарорӣ барномаи куштори ӯ бояд роҳандозӣ мешуд.

Амалиёти куштори Масъудро ба Абу Ҳонии Мисрӣ, ки мегуфтанд, аз Босниё омадааст, супурданд. Чаро маҳз ӯ?
Ба иттилои ҳамсӯҳбатони ман, ҳамчунин манобеъи вазорати дифоъи Амрико, Абу Ҳонӣ, зодаи Миср, аз кормандони оператифии муҷарраби «Ал–қойида» буд. Ӯ аз созмондиҳандагони Иттиҳоди ҷиҳоди исломии Миср дар солҳои 70 – и асри гузашта аст, ки аъзояш соли 1981 Анвар Содот, раисиҷумҳури Мисрро терор карда буданд. Маҳз ин созмон бори аввал дар таърихи навтарин аз терористони худкуш, ё “камикадзе” – ҳо кор гирифт. Солҳои 80 Абу Ҳонӣ ба ҷиҳод алайҳи Шӯравӣ дар Афғонистон ҳамроҳ шуд ва шуғлаш сохтану таҷҳизонидани пойгоҳҳои “Ал-қоида”, ҳамзамон сарбозгириву тамрини терористон буд. То замони терори Масъуд ӯ дар чанд ҷанги дигар низ ширкат дошт. Соли 1993 ӯ ба ҷанги Бусниё (1992 – 1995) рафт ва он ҷо ба як хонуми бусниёӣ хонадор шуд. Дар ҷангҳои Чеченистон (1994 – 1996), Сумоли (1988 то ба имрӯз), ҳатто, бино ба бархе иттилоот, Тоҷикистон (1992 – 1997) низ ширкат кардааст.

Аммо далели умдаи ҷалби ӯ ба пружаи терори Масъуд робитаи дерина ва дӯстонааш бо Абдураб Расули Сайёф, яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи Муттаҳид буд. Ба қавли Раззоқи Момун, Абу Ҳонӣ як нависанда буд ва дар замони ҷиҳод сардабирии маҷаллаи Иттиҳоди Исламии Афғонистон, ҳизби Сайёф — «Ал – бунён ал – русус» — ро, ки ба забони арабӣ дар Пешовари Покистон нашр мешуд, ба дӯш дошт. Сайёф, ки он замон аз ҷараёни салафия пайравӣ мекард, дар миёни доираҳои сиёсиву мазҳабии кишварҳои Халиҷи Форс, бахусус Арабистони Саудӣ, обрӯву эътибори баланде дошт.

Нокомии аввал
Барномаи боздошти Масъуд бояд бо мушорикату ҳамдастии неруҳои Толибон таҳия ва амалӣ мешуд. Масъулияти иҷроиши онро Усома бин Лодан ба яке аз кадрҳои муҷарраби худ, фарде ба номи Абуалӣ, супурд. Аз ҷониби Толибон ин масъулиятро сарвазир Муло Муҳаммад Раббонӣ ба зимма дошт. Ӯ ҳамкорӣ бо Абӯалиро ба Анвари Дангар, фармондеҳи собиқи Ҷамъияти исломӣ, ҳизби Бурҳонудини Раббонӣ ва Масъуд, ки соли 1996 ба Толибон пайваста буд, вогузор кард. Абӯалӣ ва Дангар дар замони ҷиҳод алайҳи Шӯравӣ дар шимоли Кобул меҷангиданд ва якдигарро хуб мешинохтанд.

Тибқи нақша, неруҳои Дангар бояд ба неруҳои Масъуд таслим мешуданд. Интизор мерафт, ки ин вазъ рӯҳияи размандагони Ҷабҳаи Муттаҳидро боло барад ва онҳоро барои ҳамла ба Кобул илҳом бахшад. Ҳангоми ин ҳамла нерӯҳои Толибон ва “Ал-қойида” бояд ба сӯи пойтахт ақибнишинӣ мекарданд ва дар лаҳзаи зарурӣ аз пешу неруҳои Дангар аз дохил ба неруҳои Масъуд зарба ворид менамуданд. Пешбинӣ мешуд, ки Масъуд ҳатман барои руҳия додан ба сарбозонаш ба хати аввал меояд ва нерӯҳои Дангар ӯро дастгир мекунанд.

Ба ин хотир, Толибон ва “Ал-қоида” аъзои хонаводаи ҷангиёни Дангарро ба гарав гирифта, онҳоро дар Кобул ва Қандаҳор таҳти назорати шадид гирифтанд. Ин ҳама махфиёна анҷом шуд. Аммо ин нақша ба ҷое нарасид, зеро ҳанӯз дар оғоз аз сӯи афроди Масъуд дар ҳукумати Толибон фош гардид. Анвари Дангар аз паштунҳои носирии вулусволии Шакардараи Кобул буд, ки соли 2004 бар асари ҳамлаи интиҳорӣ дар Покистон кушта шуд.

(Идома дорад)

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД