Дурӯғ | Жириновский: Ҳар рӯз 2-3 марзбони тоҷик мефавтад

11 ноября 2018
958
Муаллиф: Абдулазиз Восеев
Акс аз sputnik

Чӣ санҷида шуд?

Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократи Русия дар як навори видеоӣ, ки дар Думаи давлатӣ сабт шудааст, изҳор медорад, дар Тоҷикистон ҳар рӯз 2-3 марзбони тоҷик мефавтад.

“Аз ҳама муҳимаш – Тоҷикистон. Шумо медонед, ки ҳар рӯз 2-3 марзбони тоҷик мефавтад? Онҳо бо қиммати ҷонашон монеъи бандаҳое, ки қасди вуруд ба Тоҷикистонро доранд, мешаванд”, -мегӯяд ӯ дар дақиқаи 3:20-и навор, ки дар канали “Жириновский” дар шабакаи YouTube ҷой дода шуда, ба санаи 10 ноябри соли 2018 наздики 4000 маротиба тамошо карда шудааст.

Якчанд вақт пеш аз ин баромади расмиаш дар Дума, Владимир Жириновский ин суханони худро дар ҳузури хабарнигорон низ гуфтааст:

“Дар Тоҷикистон вазъ фарқкунанда аст. Он ҷо ҳар рӯз 2-3 сарҳадбони тоҷик мефавтад. Онҳо ба вуруди бандаҳо аз Афғонистон муқобила мекунанд. Онҳо на танҳо афғонҳо, балки онҳоеанд, ки аз Сурия ё Либия интиқол ёфтаанд”.

Ин суханонро метавонед дар наворҳое, ки дар саҳифаи расмии нашрияи “Akhbor.com” ва истифодабаранда Мувирод Мувиродов дар Фейсбук бубинед. Дар маҷмӯъ ин ду навор наздики 10 ҳазор боздид доштааст.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Бар пояи ин ҳарфҳои раиси ЛДПР Владимир Жириновский ҳисоб кардан мумкин аст, ки агар ҳар рӯз 2-3 сарҳадбони тоҷик ҷон бозад, пас дар 365 рӯзи як сол аз 730 (2 * 365) то 1095 (3 * 365) сарҳадбон мефавтад. Барои чунин кишваре мисли Тоҷикистон, ки бо ягон кишвари дигар, чӣ ҳамсоя бошаду чӣ дур, дар ҳолати ҷанг нест, мантиқан ин суханон хеле шубҳаноканд.

Мутаассифона, омори маргу мири марзбонҳои Тоҷикистон дастраси омма нест, аммо Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи нирӯҳои марзбонии КДАМ дар як суҳбати телефонӣ гуфт, ки ҳарфҳои Жириновский дар бораи ҳар рӯз фавт кардани марзбонон ҳақиқат надорад. Зимнан, аз сабаби дастрас набудани омори расмии солона, мо ба хабарҳои нашршудаи расонаҳо дар бораи маргу мири марзбонҳо дар Тоҷикистон дар соли 2017 ва 9 моҳи соли 2018 муроҷиат кардем.

  • Бар пояи хабарҳо 4 августи соли 2017 як марзбони тоҷик дар отряди сарҳадии Ҳамадонӣ ба ҳалокат расидааст. Ба иттилои “Азия Плюс” (бойгонӣ), аммо ӯ на аз дасти “бандаҳо”, балки ҳангоми талоши кӯдаке, ки дар дарёи Панҷ ғарқ шуд, ҷон дод.
  • 2 декабри соли 2017 дар отряди марзбонии “Шурообод”-и ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бар пайи задухӯрд бо қочоқбарони афғон Хайриддин Аҳтамов, полковники нерӯҳио марзбонии Тоҷикистон кушта шуд. Чор марзбони дигар ҷароҳат бардоштанд. Хабари мазкурро НИАТ “Ховар”, сомонаи “Ахбор”, оҷонсии “Азия Плюс” ва сомонаи газетаи “Фараж” нашр кардаанд.
  • Ба иттилои “Азия Плюс” (бойгонӣ) 3 апрели соли 2018 бар асари муноқиша дар қитъаи баҳсноки марзи Тоҷикистону Қирғизистон, воқеъ дар шаҳри Исфара ва вилояти Ботканд як марзбони тоҷик ҷароҳати сабук бардошт.
  • 13 сентябри соли 2018 Суҳроб Қосимов, капитани Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ, фармондеҳи яке аз дидбонгоҳҳои сарҳадии Ҳамадонӣ ҳангоми талоши наҷоти як сарбоз, ки ба дарёи Панҷ афтида буд, ба ҳалокат расид, хабар медиҳад “Азия Плюс” (бойгонӣ).

Инчунин 24 июли соли 2018 “REGNUM” бо такя ба иттилои Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки давоми шаш моҳи соли равон дар марзҳои кишвар 17 задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифтааст. Дар натиҷа 7 қочоқбар кушта, 21 каси дигар боздошт шудааст. Аммо дар бораи ҳалокати марзбонҳои тоҷик иттилое пешниҳод нашудааст.

Сомонаи рӯзномаи “Ҷумҳурият” 11 ноябри соли 2018 бо такя ба иттилои сухангӯи нирӯҳои марзбонии КДАМ ҳисоботи 9-моҳаи марзбониро нашр кард, ки дар он гуфта мешавад, дар ин муддат 20 даргирии мусаллаҳона ба амал омада, 11 қочоқчӣ безарар ва 32 каси дигар боздошт шудааст. Аммо инҷо ҳам дар бораи маргу мири марзбонҳо ҳарфе нест.

Ҳукмнома

Аз ин хабарҳо бармеояд, ки дар Тоҷикистон ҳамарӯза 2-3 марзбон ба ҳалокат намерасад. Аз ҷониби дигар на ҳамаи ҳолатҳои фавти сарҳадбонҳо ба муқобала бо “бандаҳо” рабт дорад. Аз ин рӯ хулосаи мо дар ин мавзӯъ бо ҳукмномаи “Дурӯғ” анҷом меёбад.

бознашр аз factcheck.tj

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД

Дар сурати розӣ нашудан ба ҳукмномаҳо дар бахши “Фактчеки Рӯшноӣ” ва пешниҳоди иттилои расман тасдиқгардида, идораи “Rushnoi.org” метавонад, ҳукмномаҳоро бозбинӣ намояд.